logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №24, мод.368; с.1998, № 10, мод. 79;       с. 2006, №11, мод. 469; с. 2007, №7, мод. 666) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Ин Қонун» ва «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 1 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 11 калимаҳои «Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ» ва калимаҳои «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ба калимаҳои «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми панҷуми моддаи 2 калимаи «коллективӣ» ба калимаи «дастаҷамъона» иваз карда шавад.
5. Дар қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои «шуда, таҳти назорат гирифта» хориҷ карда шаванд.
6. Дар қисми сеюми моддаи 3 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «тафтиш» ва «тафтиши» ба калимаҳои «санҷиш» ва «санҷиши» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми сеюми моддаи 5 калимаҳои «мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва калимаҳои «на камтар» ба калимаҳои «на зиёда» иваз карда шаванд.
8. Дар номи моддаи 9 калимаи «Вазифаҳои» ба калимаи «ӯҳдадориҳои» ва дар қисми якуми моддаи 9 калимаи «вазифадоранд» ба калимаи «ӯҳдадоранд» иваз карда шаванд. 
9. Дар қисми сеюми моддаи 10 калимаҳои «ҷавобгарии ҷиноӣ» ба калимаи «ҷавобгарӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 11 калимаҳои «Бо хоҳиши шаҳрванд» ба калимаҳои «Бе розигии шаҳрванд» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми якуми моддаи 12 калимаи «наметалабанд» ба калимаҳои «талаб намекунанд» иваз карда шавад.
12. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаи «вазифадоранд» ба калимаи «ӯҳдадоранд» ва калимаи «кунанд» ба калимаи «намоянд» иваз карда шаванд.
13. Дар қисми дуюми моддаи 15 баъд аз калимаи «амал» калимаи «(беамалӣ)» илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 643


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 182


Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 76


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1682
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед