logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави 2011 - и милодӣ, ш. Душанбе, 31 декабри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд лаҳза даҳсолаи аввали ҳазораи дуюм бо ҳамаи бурду бохтҳояш ба анҷом расида, соли нахустини даҳаи дуюми аср, яъне соли 2011 - уми милодӣ, оғоз мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанонамонро, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахти сафеду иқболи нек ва рӯзгори хушу бобаракат орзу менамоям.
Агар дар остонаи соли нав ба ҳукми анъанаи нек ба роҳи сипарикардаи мардуми кишвари соҳибистиқлоламон дар соли рафтаистода назар андозем, равшану возеҳ мебинем, ки соли 2010 - ум бо вуҷуди як қатор камбудиву мушкилоташ, дар маҷмӯъ соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо буд.
Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти  озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ва чунон ки ҳамватанони азизи мо медонанд, то имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон хеле корҳои мушаххас ва муҳим анҷом дода шуданд. 
Дар зарфи соле, ки сипарӣ шуда истодааст, бо кӯмаку дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон дар иншооти азими энергетикии мамлакат, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, корҳои зиёди барқарорсозӣ сурат гирифта, сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» суръати тоза пайдо кард ва мо ният дорем, ки онро дар соли 2011 ба истифода супорем. Илова бар ин, дар чандин ноҳияҳои кишварамон даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, корхонаҳои калони истеҳсолӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки онҳо дар таъминоти ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ, таҳкими иқтидори саноатии мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ саҳми арзанда доранд.
 Ҳоло сохтмони чандин нақб ва шоҳроҳҳои замонавии мошингард босуръат идома дорад, ки ҳамаи онҳо дар солҳои наздиктарин ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлати мо  ва тавсеаи имкониятҳои транзитии он такони ҷиддӣ мебахшанд.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлатамон дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ сохта, ба истифода додани садҳо иншооти нави иҷтимоӣ - муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ шаҳодати возеҳи вусъати корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари маҳбубамон мебошад.
Ҳадафи аслии мо аз тадбиру чорабиниҳои иҷтимоӣ, дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо,  таҳкими худогоҳиву худшиносии мардум, тарбияи наслҳои солиму огоҳ, тақвияти минбаъдаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Соли 2010 - ум барои мо боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки кишоварзони мамлакат бо вуҷуди шароити начандон мусоиди боду ҳаво ва баъзе мушкилоти дигар истифодаи оқилонаву самараноки заминро таъмин карда, ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо ва пахта, ба даст оварданд. 
Мехоҳам хотирнишон созам, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2010 дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас буданд.  Таҳкими равобити босамару гуногунҷанба ва ҳамкориҳои судманди сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гувоҳи равшани татбиқи сиёсати санҷидаи хориҷӣ ва баланд гардидани эътибору манзалати кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.
Чанде пештар Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба Соли ҳамкорӣ оид ба масоили об эълон шудани соли 2013 қабул гардид, ки лоиҳаи онро Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз ҷониби даҳҳо кишварҳои дунё дастгирӣ ёфт. Ин иқдом боз як далели таҳкими нақши давлати соҳибистиқлоли мо дар ҳалли мушкилоту масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, аз фардои ободу осудаи давлати озоду соҳибихтиёрамон ва мардуми фарҳангиву ободгарамон шаҳодат медиҳанд.
Ҳамватанони азиз!
Чун анъана дар остонаи соли нави милодӣ  мо бо ниятҳои нек дар назди худ барои соли оянда тарҳу нақшаҳо ва вазифаҳои нав мегузорем ва барои иҷрои онҳо саъю талош мекунем. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки соли нави омадаистода барои кишварамон соли махсус аст.
Нӯҳуми сентябри соли 2011 мо бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри худро таҷлил мекунем. Ҳарчанд ки бист сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки мо дар ин  марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймудем ва корҳое, ки ба шарофати истиқлолият ва аз баракати заҳмату фидокории мардуми сарбаландамон ба анҷом расонидем, бемуболиға, бо даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҷашни истиқлолият барои мо бисёр муқаддас ва азиз аст. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ин санаи бузурги миллиамон  мо нақшаи чорабиниҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро тасдиқ намудаем ва ният дорем, ки бо анҷом додани онҳо ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамонро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намоем. 
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки ба шукронаи ин неъмати бебаҳо аз оғози соли 2011-ум бояд кору фаъолияти ҳаррӯза ва саъю талоши ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар ба номи бистумин солгарди истиқлолияти давлатамон, ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон ва бунёдкориву созандагии Ватани азизамон анҷом пазирад.
Вусъат додани раванди созандагиву ободкорӣ, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон ҳар яки моро ӯҳдадор месозад, ки вазифаи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро  дар назди Ватан-Модар бо дасту дили пок, заҳмати содиқонаву софдилона адо намоем ва барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон пайгирона саъю талош варзем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2011 - ум самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонаводаи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, зиндагии хушу осуда, ғайрату ҳиммати ободгарӣ ва нангу номуси ватандорӣ орзумандам.
Бигзор Соли нави милодӣ барои мардуми Тоҷикистон соли сулҳу амонӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои тоза гардад.
Соли нави милодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1004

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед