logo

маориф

Барои оянда заминаи мусоид фароҳам омад

Вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони илму маориф, ки 23 декабри соли 2009 баргузор гардида буд, метавон як ҷаҳиши сифатӣ дар рушди соҳа маънидод намуд.
Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат аз нерӯи бузурги ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеа ва дар ин замина аз моҳияти эълон доштани соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр карданд:
"Тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.
Бо мақсади такони тоза бахшидан ба иҷрои вазифаҳои дар пешистода мо соли 2010-умро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем  ва  дар  ин хусус фармони махсуси Президенти Тоҷикистон низ қабул гардид.                          
Маълум аст, ки дар давоми як сол мо наметавонем ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои муайяншударо ҳал намоем. Вале мо имкон дорем, ки дар ин муддат заминаи мусоидро барои оянда фароҳам оварда, ба ташаккули фарҳанги илмию техникии ҷомеа, ҷалби технологияҳои нав, инноватсия ва дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтисоди миллии мамлакат такони ҷиддӣ бахшем ва дар ин замина суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро тезонем".
Вазорати маориф Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникиро дар 50 банд таҳия намуд. Моҳияти ин Нақшаи чорабиниҳоро асосан таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, ташкил ва гузаронидани озмуни омӯзгорони эҷодкор, таъсиси марказҳои инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, таҳия ва таҷдиди  санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, такмил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар бар мегирад.
Ҳамчунин, Вазорати маориф "Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020"-ро таҳия карда истодааст. Мақсад аз он амалӣ гардонидани ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат бо роҳи таъсиси механизмҳои нави институтсионалии танзим дар соҳаи маориф мебошад. Дар ин стратегия ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ афзалият дода мешавад ва он барои рушди тафаккури техникӣ имкони бештаре фароҳам меорад.
Таҳияи "Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ" аз муваффақияти дигари соҳа дар ин самт маҳсуб меёбад. Барнома бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии муосир ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти касбӣ ва илмию педагогӣ таҳия гардидааст. Амалишавии Барнома, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагону донишҷӯён ташкил менамояд, ба тараққиёти илму техника дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
Дар асоси Барномаи мазкур Вазорати маориф тавассути муассисаи "Ирфон" фурӯши таҷҳизоти кабинети фанниро ташкил намуд.
Омода кардани кӯдакон ба мактаб яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ имсол ба мо муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи марказҳои инкишофи кӯдакон мусоидат намоем. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низомномаи намунавиии Маркази инкишофи кӯдакон" тасдиқ гардида, оид ба амалигардонии он корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондем.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ин зинаи таҳсилот вуҷуд дорад, баланд бардоштани тафаккури техникии кӯдакону наврасон мебошад.  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо, хусусан муассисаҳои томактабии хусусӣ, кӯдакону наврасон барои истифода аз шабакаи интернет ҷалб шудаанд. Инчунин, бо истифода аз компютер кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ ба ҳар гуна бозиҳо машғул мегарданд, ки ин, албатта, ба тафаккури онҳо бетаъсир нахоҳад монд.
         Муваффақияти дигари соҳа иштироки хуби хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ мебошад. Аз ҷумла, даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки таваҷҷӯҳи хонандагон барои иштирок дар олимпиада ва қувваозмоӣ намудан бо ҳамсолонашон  зиёд гардида, диққаташон ба фанҳои дақиқ, махсусан фанҳои физикаву математика афзудааст.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ доир гардид, ки дар он 943 нафар хонанда иштирок намуд. Аз ин теъдод дар фанҳои табиӣ-риёзӣ 409 нафар ва аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ 534 нафар ширкат дошт.
Беш аз 120 нафар хонандаи тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷоизаҳову ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Бори аввал ташкил ва гузаронидани олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ тавассути интернет ба хотири амалӣ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010" мебошад. Дар он 5790 нафар хонанда аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуд.
Аз дигар муваффақиятҳо ин баргузории Сессияи ХХХVIII Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ва иштироки намояндагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Дар кори Сессия хонандагон аз рӯи 14 бахш ширкат варзиданд, ки дар ҷамъбаст 34 нафар бо дипломи дараҷаи 1, 24 нафар бо дипломи дараҷаи 2, 42 нафар бо дипломи дараҷаи 3, 61 нафар бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, 24 нафар ба ҳайси аъзои мухбир ва 2 нафар ба ҳайси аъзои ҳақиқии Академияи хурди илмҳо қабул шуд.
Соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ мусоидат намуд. Дар шакли маҷмӯа қисми 1-и китоби "Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ"  ба нашр расид. Инчунин, дар ин давра  "Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ", Стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Стандарти давлатии  таҳсилоти миёнаи касбӣ ва номгӯи касб ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардиданд, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Дар ин ҳуҷҷатҳо беш аз ҳама ба масъалаи касбҳои техникӣ, коргарӣ ва ба дуруст аз худ намудани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.
Гузашта аз ин, Вазорати маориф "Консепсияи раҳнамои  касбии  хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия намуд.
Новобаста аз ин ҳоло ҳам дар ин самт камбудиҳо зиёд буда, паст будани сатҳи дониш, суст будани пояи моддию техникӣ, нарасидани омӯзгорони тахассусӣ ва унвони илмидошта, нарасидани китобҳои дарсӣ, китобхонаҳои электронӣ, лабораторияҳо ва таҷҳизот, бо хобгоҳ пурра таъмин набудани донишҷӯён, таъмирталаб будани хобгоҳҳо аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ" дар зинаи таҳсилоти мазкур аз муваффақияти муҳим маҳсуб ёфта, дар ин самт аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.  Паркҳои технологӣ бо мақсади рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионӣ татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгиро намудани илм ва истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ,  ҳамкории муассисаҳои илмӣ таъсис дода мешавад.
Ҳамин тавр, Вазорати маориф низ барои таъмини дурнамои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги Тоҷикистон ҷиддан кӯшиш намуда, ҷиҳати тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир тадбирҳои амалӣ меандешад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои иҷрои тадбирҳои мазкур мусоидат намуд ва ҳамзамон барои дар оянда рушд кардани маориф, хоса илмҳои дақиқ, заминаи мусоид фароҳам овард.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ,
вазири маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 943

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед