logo

маориф

Ректор. Дастовардҳои донишгоҳ ба ӯ вобаста аст

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даво-ми беш аз шаст соли мавҷудияти худ мутахассисони зиёдеро ба камол расонида, барои  фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангу иҷтимоии ҷомеа ҳидоят намуд.
Дар пешрафту комёбиҳои ин мактаби миллии кишвар иддае аз роҳбарони он  нақши назаррасе доранд. Бахусус  саҳми  академик Зариф Раҷабов, нахустсарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар таъсису инкишофи он шоистаи омӯзиш мебошад. Ташкилу роҳандозии фаъолияти нахустин донишгоҳи бузург дар кишвар бо сабку талаботи нав  кори мушкиле буд. Аммо ин марди донишманду хирадпеша ва ҷасуру заҳматнописанд дар кишвари ҳазорон ҷавонмардону аҳли саводашро дар ҷанги дувуми ҷаҳон аздастдода, ки аз норасоии мутахассисон дар ҳамаи  соҳаҳо ранҷ мекашид, тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ донишгоҳро бо омӯзгорон таъмин намояд. 
Дар ин солҳои барои мардуми мо бисёр душвор омодасозии заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ ҳам кори осон набуд, вале ректори нахустин тамоми имконотро истифода кард, то биноҳои таълимӣ қомат афрохтанду лабораторияҳо бо дастгоҳҳо таҷҳизонида шуданд.  Дар давоми шаш соли фаъолият ба ӯ муяссар гашт, ки Донишгоҳи миллиро ба сатҳи донишгоҳҳои дигари собиқ шӯравӣ, ки таҷрибаи зиёди кор доштанд, баробар сохта, заминаи устувору  боэътимодро барои солҳои минбаъда гузорад... 
Ректори сеюм Солеҳ Раҷабов донишгоҳро шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Солҳои ректории ӯ теъдоди донишҷӯён аз 1124 ба 12467 нафар ва хатмкунандагон  аз 286 ба 1800 нафар расид. Ба донишҷӯён имкон фароҳам оварда шуд, ки таҷрибаи истеҳсолиро дар корхонаҳои саноативу муассисаҳои тадқиқотиву илмии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаранд...
Ректори ёздаҳум доктори илми фалсафа, профессор Нуриддин Саидов анъанаи сарварони куҳанро дар шароити нави таърихӣ равнақ бахшид.
Ҳоло дар донишгоҳ беш аз понздаҳ факулта, наваду ҳафт озмоишгоҳ, пажӯҳишгоҳи илмӣ ва ғайра амал мекунанд, ки онҳо фарзандони миллатро дар рӯҳи ваҳдату ватандӯстӣ ва маърифату донишандӯзӣ тарбият менамоянд. Соли гузашта дар донишгоҳ  38 нафар рисолаи номзадӣ ва 13 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд. Теъдоди умумии донишҷӯён дар донишгоҳи мазкур феълан беш аз шонздаҳ ҳазор мебошад.
Дар давоми ду соли охир тамоми факултаҳои донишгоҳ  ба шабакаи интернет васл гардид.
Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва илмии донишҷӯён маҳфилҳои илмии «Хирадманд», «Зеҳн» ва «Адабӣ»-ву «Омӯзгор» амал мекунанд. Донишҷӯён аз маҳфилҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ моҳирона истифода намуда, маҳорати эҷодиашонро дар саҳифаҳои рӯзномаҳои донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш», «Ҳуқуқшинос» ва маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳ» дарҷ мекунанд. Донишгоҳ соҳиби нашриёту матбааи замонавӣ мебошад, ки беҳтарин китобҳои устодонро манзури хонандагон мегардонад.
Имрӯз дар донишгоҳ ҳафт шӯрои илмии дифои номзадӣ ва докторӣ амал мекунад. Ин боргоҳи маърифат дорои дастаи ҳунарии «Наврӯз», гурӯҳҳои варзишӣ, созмонҳои занону духтарон, маҳфилҳои зиёди илмӣ ва эҷодӣ мебошад.
Хуб аст, ки зимни роҳбарии Нуриддин Саидов сохтмони чандин бинои нави донишгоҳ дар шаҳраки донишҷӯён ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Биноҳои дигар низ таъмиру  муҷаҳҳазонида шуданд. Донишҷӯён дар синфхонаҳои барҳаво сабақ меомӯзанд, имкони васеи истифода аз компютеру интернет ва китобхонаҳои электрониро доранд. Омӯзгорони асил  қадрдонӣ ва мутахассисони ҳирфаӣ  омода мешаванд.  Аммо, ба андешаи ман,  ҷомеаи кунунии моро дар остонаи вуруд ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мушкили зиёде пеш омада, ки ҳалли онҳо аз низоми маорифи кишвар, масъулони муассисаҳои таълимӣ, бавижа ректорони мактабҳои олӣ вобаста аст. Чунончи, теъдоди омӯзгорон зиёд бошад ҳам,  маҳорату истеъдоди ҳамаи онҳо як хел нест ва аз ин хотир ниёз ба такмили ихтисос ва ё санҷиши аттестатсионӣ доранд, то дар донишгоҳ танҳо омӯзгорони ба корашон содиқ бимонанд. Донишу маҳорати ҳамаи донишҷӯён ва махсусан рӯзноманигорони оянда низ бояд дар сатҳи баланд қарор гирад. Яъне, ба андешаи ман, ректор метавонад барои боз ҳам беҳтар шудани сифати таълим ва баланд бардоштани тахассуси ҳирфаии шогирдон тадбирҳои заруру мушаххасро пайдо кунад. Сарвари хирадманд, ки дар ғами ташаккули миллат  ва шукуфоии ӯст, дар  рафъи ҳама гуна падидаҳои зараровар муносибати дурандешона намуда, роҳҳои дурусти ҳалли онҳоро меёбад.

С. ДОНИШВАР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 657

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед