logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, инчунин баланд бардоштани нақши он дар ҷомеа   ф а р м о н    м е д и ҳ а м :
1. Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2013  тасдиқ карда шавад.
2. Иҷрои талаботи Барномаи мазкур ба зиммаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузории дахлдор гузошта шавад.
3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 3 январи соли 2011, № 976


Шарҳи фармон
3 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи  ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур идомаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст.
Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо  иборат мебошад.
Тибқи ин Барнома такмилу тавсеаи сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти он, шаффофу мушаххас намудани вазифаҳо ва беҳдошти фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар Барнома пешбинӣ гардидааст, ки дараҷаи баланди маҳорату малакаи касбӣ ва маърифати ахлоқӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсия ва қонунҳо, адолатнокию          поквиҷдонӣ меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад ва хоста гирифтан, таъину интихоби судяҳо бояд аз рӯи ин талабот амалӣ карда шавад. Бо ин мақсад таҳия ва қабул намудани Кодекси одоби судяҳо низ  дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Барнома ба такмили қонунҳои  марбута ва татбиқи якхелаи онҳо, бартараф намудани монеаҳои зиёдатӣ, сари вақт ва дар мӯҳлати кӯтоҳ баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, осону камҳаҷм намудани кори судяҳо, танзими дақиқи масъалаи тобеияти идоравии парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ, рушди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба иштирокчиёни мурофиа, такмили  низоми иҷрои санадҳои судӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва тавсеаи бештари ин раванд тавассути дар ин мақомот таъсис додани сомонаҳои интернетӣ ва дигар масоили марбути фаъолияти ҳокимияти судӣ аҳамияти махсус дода шудааст.
Таъмини иҷрои Барномаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо дар солҳои 2011 - 2013 пешбинӣ гардидааст.
Барномаи мазкур дар таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, мустаҳкам гардидани мустақилияти судяҳо, зиёд шудани масъулияту ҷавобгарии онҳо ва таъмини минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд такони ҷиддие мебахшад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 902

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед