logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   17 майи соли 2004 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 339;      с. 2006, №11, мод. 472; с. 2009, №12, мод. 814) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати чоруми моддаи 1 ва тамоми матни Қонуни конститутсионӣ калимаи «Конститутсия» ба калимаҳои «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз  карда шавад.
2. Дар қисми  якуми моддаи 8:
- аз сархати дуюм калимаҳои «нақша ва» хориҷ ва пас аз калимаи «барномаҳои» калимаҳои «рушди иқтисодӣ – иҷтимоии минтақаи» илова карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «дар мавридҳои муқаррарнамудаи» ба калимаи «мутобиқи» иваз карда шуда, калимаи «дахлдори» хориҷ карда шавад;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «таъмини» ба калимаҳои «таъмин ва ҳифзи» иваз  карда шавад;
- дар сархати бистум калимаи «қонунгузории» ба калимаҳои  «меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 9:
- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколаташон қабул шудаанд, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.»;
- дар қисми шашум калимаи «қонун» ба калимаҳои «қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз  карда шавад.
4. Дар моддаи 12:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру  ноҳияҳо дар як сол  на камтар аз чор маротиба даъват карда мешаванд ва ҳангоми набудани онҳо иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз тарафи яке аз муовинони онҳо, ки вакили ин Маҷлиси вакилони халқ мебошад, даъват карда мешаванд.»;
- дар қисми сеюм баъд аз калимаи «халқ» калимаи  «метавонад» илова ва калимаҳои «шуда метавонад» ба калимаҳои «карда шавад» иваз  карда шаванд.
5. Дар қисми шашуми моддаи 13 пас аз калимаи «халқ» калимаҳои «мумкин аст» илова ва  калимаи «мешавад» ба калимаи «шавад»  иваз  карда шавад.
6. Дар қисми  шонздаҳуми моддаи 14 пас аз калимаи «масъалаҳои» калимаҳои «вобаста ба» илова  карда шаванд.
7. Дар сархати  панҷуми қисми чоруми моддаи 15 калимаҳои «истиқомат ва кори» ба калимаи «истиқомати» иваз  карда шаванд.
8. Дар  сархати якуми  қисми дуюми  моддаи 16 калимаҳои «ду маротиба ё зиёда аз он» ба калимаҳои «зиёда аз як маротиба» иваз  карда шаванд.
9. Дар  қисмҳои шашум ва ҳаштуми  моддаи 19 калимаи «санади» ба калимаи «санадҳои»  иваз  карда шавад.
10. Дар қисми якуми  моддаи 20:
- дар сархати ҳафтум  калимаҳои «иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоии маҳалро» ба калимаҳои  «иқтисодии минтақа ва барномаҳои мақсадноки минтақавиро» иваз карда шаванд;
- дар сархати бисту дуюм калимаҳои «нақшаҳо ва»  хориҷ карда шуда, пас аз калимаи «дахлдор» калимаҳои «барномаҳои мақсадноки минтақавӣ» илова карда шаванд;
 - дар сархати бисту ҳаштум калимаҳои «санадҳои қонунгузории» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
11. Дар  сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 21 калимаҳои «ноҳияро», «ноҳияҳо» мутаносибан ба калимаҳои «ноҳияи дахлдорро» ва   «ноҳияи дахлдор» иваз карда шаванд.
12.  Қисми сеюми  моддаи 26 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидани молу мулкро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  менамояд.».
13. Сархати даҳуми қисми якуми  моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-амалигардонии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа;».
14. Дар қисми дуюми  моддаи 34 пеш аз  калимаҳои «аз тарафи» калимаи «мутаносибан» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ   РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 653

 

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш.  ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 150

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 87


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 808

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед