logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми чоруми моддаи 34 калимаи «июн» ба калимаҳои «июни соли минбаъда» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 36:
- банди 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«10.Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;»;
- бандҳои 14 ва 15 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«14. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- банди 14 мутобиқан банди 16 ҳисобида шавад.
3. Ба моддаи 37 қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Маҷлиси намояндагон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад.».
4. Моддаи 42 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:
1) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ мекунад;
2) ба иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он раисӣ мекунад;
3) ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар навбати худ даъват намуда, ба он раисӣ мекунад;
4) номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
6) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад;
7) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
8) номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
9) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
10) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
11) ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад;
12) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалӣ мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рӯи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.».
5. Моддаи 46 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;
2) баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;
3) таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
5) муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мӯҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо;
6) фиристодани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намудаанд, дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;
8) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;
10) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд;
11) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
12) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;
13) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;
14) таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;
15) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;
16) татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад ва ба он Раиси Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристода мешавад.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ё қарори Маҷлиси намояндагон бекор карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

    Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ   РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 654

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 202

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 88


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1124

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед