logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 687) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми чоруми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Кооператив бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.».
2. Қисми сеюми  моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
  «Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад.».
3. Дар қисми дуюми моддаи 28:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои «акти супоридан ва ё тавозуни ҷудокунӣ» ба калимаҳои «санади  супурдан ё баланси тақсимот» иваз карда шаванд;
 - ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад: «Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии кооператив қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ  барои бақайдгирии давлатии кооперативи навтаъсис ва ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 660


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 172

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ»  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 94


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 782

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед