logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Моддаи 1. Моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи  сарватҳои зеризаминӣ» (Ахбори  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 15-16, мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22, мод.259; с. 2008, № 1, қ. 2, мод.16; № 12, қ. 2, мод.1005) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ
Бо мақсади таъмини бехатарии гузаронидани корҳо вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданок, инчунин ҳангоми корҳо дар иншооти зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавии ҳарбикунонидашуда ё идоравӣ ё дигар қисмҳо ва сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, таъсис дода мешаванд.
Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти идоравии наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд, метавонанд дар асоси шартнома аз хизматрасонии қисмҳо ва сохторҳои  ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ ё ин ки дигар сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ истифода баранд.
Дар назди Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо ва сохторҳои  ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ таъсис дода мешаванд,  ки Низомномаи  онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ карда мешавад.
Ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд ё оид ба хизматрасонӣ бо ин гуна хадамот шартнома надоранд, амалигардонии корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 663

 

 Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              А. МИРАЛИЕВ

ш. Душанбе, 13 октябри соли 2010, № 196


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 97


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2052
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед