logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688,  мод. 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341, №12, мод. 543;  с. 2007, №3, мод. 172, №7, мод.  668; с. 2008, №3, мод. 195, №6, мод. 455;   с. 2009, №3, мод. 86, №5, мод. 332, №12, мод. 823; с. 2010, №7, мод. 559)  иловаҳои  зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3  моддаи 240 банди 4) бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«4) онҳое, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро амалӣ менамоянд.».
2. Ба моддаи 241  қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ объекти андозбандӣ  хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба ҳисоб меравад.».
3. Ба моддаи 242 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ манбаи андоз  маблағи подоше ба ҳисоб меравад, ки андозсупоранда - оператори (ширкати) алоқаи мобилӣ  аз муштарӣ ё ҳар шахси дигар барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои  маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи  хизматрасонӣ ҳисоб карда шавад. Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз ба бузургии умумии манбаи андоз сурат мегирад.».
4. Ба моддаи 243 қисми 7 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.».
5. Ба моддаи 247 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Меъёри аксиз  барои операторони  (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ  дар ҳаҷми 3 фоизи манбаи андоз  муқаррар  карда мешавад.».
6. Ба моддаи 248 қисми 7 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«7. Аксиз аз ҷониби операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ  бояд ба буҷет на дертар аз санаи 5 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад. Давраи ҳисоботи андоз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад.».
7. Ба моддаи 254  қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Эъломия  дар бораи пардохти аксиз аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ на дертар аз санаи 15 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз ба мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирии он қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
         
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ  РАҲМОН 

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 667


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»   қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2010, № 239

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани
иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 101


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2049
19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАШНИ АСАЛУ АНГУР

02.10.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 8 ҲАЗОРУ 617 КАС РАСИД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ

ПАХТАЧИНӢ СУРЪАТ МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПАНҶАКЕНТ. РАЪЙ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед