logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316)  тағйиру иловаҳои зерин  ворид карда шаванд:
1.  Дар моддаи 2:
- ба сархати сеюм дар қавсайн баъд аз калимаҳои «шахси ҳуқуқии хориҷӣ» калимаҳои «, ва (ё) иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ» илова карда шуда, калимаҳои «таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси  ҳуқуқии  хориҷӣ» ба калимаҳои «таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, оғозёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, таъсисёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ» иваз карда шаванд;   
- дар сархати чорум калимаҳои «рақами ягонаи андозсупоранда» ба калимаҳои «рақами мушаххаси андозсупоранда» иваз карда шаванд.
2.  Дар моддаи 4:
- дар ҷумлаи якуми банди 2) қисми 2 калимаҳои «ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  бақайдгирии давлатиро медиҳад» ба калимаҳои «дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди баҳисобгирии андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми банди 3) қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:
1) пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рӯзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рӯзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;
2) пас аз иҷрои амалҳои дар банди 1) қисми мазкур пешбинишуда, ин маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мефиристанд ва ба  мақомоти номбаршуда дастрасии онро таъмин менамоянд.»;
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4. Мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз рӯи маълумоти гирифташуда дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода, маълумотро доир ба шахси мазкур (бо тасдиқи ба қайди дохилӣ гирифтан) дар шакли электронӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бозпас мефиристанд.».
3.  Дар қисми 2 моддаи 8:
- дар банди 1)  калимаҳои «ва номи падари» ба калимаҳои «, номи падар ва ҷинсияти»  иваз карда шаванд;
- банди 3)  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ;»;
- дар банди 5) баъд аз калимаҳои «(маҳалли зист)»  калимаҳои «ва мӯҳлати эътибори он» илова  карда шаванд;
- ба қисм банди 9) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«9) асосҳои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ (тибқи ариза ё дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд);»;
- банди 9)  банди 10) ҳисобида шавад.
4.  Дар қисми 1 моддаи 11:
- дар банди 4) баъд аз калимаи «таъсисёбанда» калимаҳои                       «ва маълумотномаи мақомоти андоз нисбат ба муассис - шахси ҳуқуқӣ доир ба надоштани қарзи андоз» илова карда шаванд;
          - банди 5) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
            «5) дар ҳолати таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ;»;
- бандҳои 5), 6) ва 7) мутаносибан бандҳои 6), 7) ва 8) ҳисобида шаванд.
5.  Қисми якуми моддаи 13 рақамгузорӣ карда шуда, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «2. Азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ пас аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунад.».
6.  Дар қисми 1 моддаи 20:
- банди 3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «3) санад оид ба санҷиши маҷмӯии  андоз, ки надоштани қарзи андозро тасдиқ менамояд;»;
- бандҳои 3), 4), 5) ва 6) мутаносибан бандҳои 4), 5), 6) ва 7) ҳисобида шаванд.
7.  Моддаи 201 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 201. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ
 Дар ҳолати дар мӯҳлати зиёда аз шаш моҳи пай дар пай бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисоботи андоз (омор ё суғуртаи  иҷтимоии давлатӣ), ё пардохт накардани андозҳои муқарраршуда, ё сари вақт тағйир надодани маълумот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба маҳалли ҷойгиршавӣ (суроға) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ метавонанд барои барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо ариза муроҷиат намоянд.».
8.  Қисми 2 моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «2. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳангоми гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё ҳангоми гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории чунин шахс амалӣ мешавад.».
9.  Дар моддаи 22:
- зербанди б) банди 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«б) суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроғае, ки дар он ҷой шахси воқеӣ ба қайд гирифта шудааст), суроғаи ҷойи истиқомати муваққатӣ ва маҳалли анҷомдиҳии  фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, маълумот барои тамос бо шахси воқеӣ»;
- банди 3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3) нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳолати бақайдгирии хоҷагии деҳқонии (фермерии) фардӣ ё оилавӣ, рӯйхати аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки  онҳо;»;
- дар банди 4) калимаҳои «ё пардохтномаи» ба калимаҳои «ва (ё) пардохтномаи» иваз карда шаванд;
- бандҳои 3) ва 4) мутаносибан бандҳои 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
10.  Дар моддаи 27:
- дар қисми 1 калимаи «нусхаро» ба калимаи «иқтибосро» иваз карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Ворид  намудани  тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар хусуси ба расмият даровардани таъсисёбӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти филиал  ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи  қисми 4 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.»;
-қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «4. Ҳангоми ворид  намудани  тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба таъсис додан ё қать намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) ариза аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки дорои маълумоти зерин мебошад:
а) шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;
б) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии таъсисдодашаванда ё қатъшавандаи шахси ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос бо роҳбари он;
в) санаи додани ариза ва имзои аризадиҳанда;
2) қарор дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳангоми таъсис додани филиал ё намояндагӣ - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ваколатномаи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ дода шудааст;
4) ҳангоми қатъ намудани фаъолияти филиал ва (ё) намояндагӣ - ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) ва маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ.».
11. Дар қисми 3 моддаи 33 баъд аз калимаҳои «мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии  давлатиро» калимаҳои «ба таври хаттӣ» илова  карда шаванд.
12. Ба қисми 1 моддаи 34 бандҳои 4), 5) ва 6) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
 «4) агар муассиси шахси ҳуқуқии таъсисёбанда аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз буҷет қарздор бошад;
5) агар шахси ҳуқуқӣ - муассиси шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта бошад;
 6) ҳангоми ҷой доштани баҳси судӣ байни муассисони шахси ҳуқуқӣ  - тибқи муроҷиати хаттии онҳо.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур  пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Муқаррароти сархатҳои якум ва чоруми қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шаванд.

         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 669

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 8 декабри соли 2010, № 254


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
  
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 103


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1097

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед