logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи амнияти озуқаворӣ

Қонуни мазкур  самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи  принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда  муайян менамояд.

                 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- амнияти озуқаворӣ  – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад;   
- таъмини амнияти озуқаворӣ – таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан  аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи асосӣ  дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бӯҳронҳои озуқаворӣ  равона шудаанд;
- озуқаи асосӣ - озуқае, ки асоси вояи ғизоро ташкил дода, барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ заруранд;
-меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа - меъёрҳои илман асосноки истеъмоли моддаҳои ғизоӣ ва нерӯ, ки талаботи ҳамаи шахсони солимро бо ғизо ва нерӯи зарурӣ қонеъ менамоянд;
-бӯҳрони озуқаворӣ - вазъияте, ки таъмини аҳолӣ бо озуқаи асосӣ тибқи меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа дар қаламрав ё қисми зиёди қаламрави давлат таҳти хатар қарор дошта, хатари мазкур танҳо бо истифодаи чораҳои танзими давлатӣ, дар мавриди зарурат бошад, бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ бартараф карда мешавад;
-истиқлолияти озуқаворӣ - шароити таъмини амнияти озуқавории давлат, ки дар сурати қатъ гардидани интиқоли озуқа аз беруни давлат бӯҳрони озуқаворӣ ба амал намеояд;
- сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа - сатҳи истеҳсоли озуқа ва ашёи хоми асосии хӯрокворӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки дар асоси талаботи миёнаи сарикасии аҳолӣ ба озуқаи асосӣ, бо назардошти тақсимоти аҳолӣ аз рӯи синну сол, ҷинс, шароити меҳнат, иқлим, инчунин дигар хусусиятҳои вояи ғизо ва ҳаҷми ҳисобкардашудаи содироти амнияти озуқавории давлатро кафолат медиҳад;
- дастёбии воқеии озуқа- интиқоли мунтазами озуқа ба ҷойҳои истеъмоли он дар ҳаҷме, ки барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ кифоя мебошад;
- дастёбии иқтисодии озуқа- имконияти аз ҷониби аҳолӣ тибқи меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа харидорӣ намудани озуқа дар шароити мавҷудаи тариқи истеъмол, системаи нарх, сатҳи даромад, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта;
-захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар гардиш қарордошта- ҳаҷми махсуси маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин ташкилотҳои савдои яклухт, ки аз ҳисоби маблағи дохилӣ ё қарзӣ дастрас шуда, дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ бо мақсади мӯътадилгардонии бозори озуқа истифода мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъмини амният ва истиқлолияти озуқаворӣ
1. Амният ва истиқлолияти озуқаворӣ тавассути маҷмӯи чорабиниҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои асосан аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ муҳайё намудани кафолати дастёбии аҳолӣ ба озуқа бо андозаи меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа равона шудаанд, таъмин мегарданд.
2. Самтҳои асосии таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар инҳоянд:
- муқаррар намудани номгӯи озуқаи асосӣ;
- таъмини дастёбии воқеӣ ва иқтисодии озуқаи асосӣ;
- таъмини истеҳсоли ашёи хоми кишоварзӣ ва озуқаи тайёре,  ки ба талаботи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад;
- таъмини бехатарии воридот тибқи талаботи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва меъёрҳо;
- ҷоннок намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷумла мувофиқ намудани содирот ва воридот;
- татбиқи сиёсати самарабахши аграрӣ;
- ташкили хариди фаврӣ, интиқол ва тақсими озуқаи асосӣ барои аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани бӯҳрони озуқаворӣ ё хатари ба вуҷуд омадани он;
- мониторинги вазъи бозори озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ;
- рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионии савдои озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ.
3. Ҳангоми ба вуҷуд омадани бӯҳрони озуқаворӣ ё хатари он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба мӯҳлати муайян аз рӯи меъёр тақсим кардани озуқаро муқаррар намоянд.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ
Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ инҳоанд:
- таъмини дастёбии баробари бозори озуқаворӣ ба ташкилоту корхонаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- роҳ надодан ба пастравии сатҳи кунунии таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи давлатӣ;
- истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаро дар асоси рақобат дастгирӣ кардани давлат;
- ташаккули захираҳои озуқа аз рӯи барномаҳои мақсаднок;
- бо мақсади ташаккул ва дастгирии мувозанати бозори дохилии озуқа дар асоси мониторинг қабул намудани қарорҳои идоракунӣ;
- баланд бардоштани аҳамияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, соҳавӣ ва ғайра дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
- шаффофияти иттилоот оид ба вазъи бозори озуқа;
- созгории пурраи талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ;
- ба қонунгузорӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ будани сифати озуқавории истеҳсолшаванда, воридшаванда ва фурӯхташаванда;
- ташаккул, азнавкунӣ ва пуррагардонии захираҳои давлатии озуқа новобаста ба таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ;
- ташкили истеҳсолоти самарабахши аграрӣ дар асоси истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат.
Моддаи 5. Тадбирҳои дастгирии давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
1. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ  таъмини талаботи аҳолии давлат ба озуқаи асосӣ аз ҳисоби истеҳсоли он аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад.
2. Тадбирҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳоанд:
- рушди заминаи моддию техникии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти фаъолияти самараноки иншоотҳои мелиоративӣ ва обёрикунанда дар асоси лизинги техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;
- маблағгузории барномаҳои таъмини илмии пешбурди соҳа, мукаммалгардонии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои кишоварзӣ ва коркард оид ба рушди тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, селексияи растанӣ ва зотпарварӣ;
- мусоидат ҷиҳати истифодаи технологияҳои пешқадами истеҳсолот, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи озуқа;
-мусоидат барои таъсиси иншоотҳои замонавии савдои яклухт (марказҳои тақсимкунӣ, бозорҳо ва маҷмааҳои яклухти озуқа);
- ташаккули системаи самараноки аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидани маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва озуқа;
- рушди инфрасохтори нақлиёти анборҳои савдои яклухти озуқа;
- дастгирии илмии мониторинги амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои дигаре, ки тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТӣ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ салоҳияти зеринро дорост:
- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки амнияти озуқаворӣ;
- таъмин намудани мувофиқати озуқаи дар қаламрави давлат истеҳсол ва фурӯхташаванда ба талаботи ҳатмии стандартҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;  
-идора кардани захираи давлатии озуқа ва масъул будан оид ба нигаҳдорӣ, истифода ва барқароршавии он;
-ташкил намудани ташхис ва таҳлили илмии маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо озуқа, омода кардани дурнамои вазъияти амнияти озуқаворӣ;
-муайян намудани тартиби гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бӯҳронҳои озуқаворӣ;
-таъмин ва гузаронидани мониторинги вазъияти амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани боҷҳои содиротию воридотии мавсимӣ барои озуқаи асосӣ;
-иҷрои салоҳиятҳои дигар, ки тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
Амалҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти озуқавориро мақоми ваколатдори давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҳамоҳанг месозад.
Моддаи 8. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
-татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар ҳудуди худ бо назардошти шароити маҳал;
-таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки амнияти озуқавориро дар вилоят, шаҳр ва ноҳия таъмин менамоянд.
Моддаи 9. Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бӯҳрони озуқаворӣ
Дар шароити бӯҳрони озуқаворӣ ва ё таҳдиди он мақомоти давлатии ваколатдор:
-аз рӯи меъёр тақсим кардани маҳсулоти асосии озуқаро барои мӯҳлати муайян муқаррар менамояд;
-нархи кафолатноки ашёи хомро муқаррар намуда, онро барои захираи давлатӣ бевосита аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фавран мехарад;
-чорабиниҳои дигареро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
1. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва бо тартиби дар қонунгузорӣ пешбинигардида тасдиқ  карда мешаванд.
2. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ чорабиниҳоро доир ба татбиқи маҷмӯи чораҳои дастгирии давлатӣ, ки дар қисми 2 моддаи 5 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, пешбинӣ менамоянд.
Моддаи 11. Захираи давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
1. Захираи давлатӣ барои пешгирии таъмини номӯътадили аҳолӣ бо озуқа, инчунин барои расонидани кӯмаки башардӯстона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
2. Ба захираи давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тааллуқ доранд:
-фонди озуқаи захиравии давлатӣ;
-захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа, ки дар доираи ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ харидорӣ шудаанд;
-захираи маҳсулоти кишоварзӣ,  ашёи хом ва озуқаи дар гардиш қарордошта.

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӣ
ОИД БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ
Моддаи 12. Иттилоот ва мониторинг оид ба амнияти озуқаворӣ
1. Иттилоот оид ба амнияти озуқаворӣ аз маълумоти зерин иборат мебошад:
-вазъияти истеҳсоли озуқа, таъминот ва истеъмоли он, ҷараёни тағйирёбии нишондиҳандаҳо;
-тавозуни ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа;
-вазъияти рушди маҷмааи агросаноатӣ, саноати хӯрокворӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал ва шикор;
-маълумот оид ба озуқаи истеҳсол ва воридгардида, ҳаракат, нарх ва сифати он, инчунин ҷараёни тағйирёбии истеъмоли он дар давоми соли тақвимӣ;
- маълумот оид ба ҳолати захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ;
- вазъият ва равандҳои рушди бозорҳои дохилӣ ва хориҷии маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ;
- маълумот оид ба иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ;
-маълумот дар бораи муқаррар намудани регламентҳои техникӣ, стандарт ва меъёрҳои давлатӣ оид ба таъмини сифат ва бехатарии озуқа;
- даромади гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ;
-хароҷоти воқеии истеъмоли озуқа;
-сатҳи бекорӣ.
2. Тартиби пешниҳоди маълумотро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 13. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа
1. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа асоси системаи ҳисоби арзёбии сатҳи амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти озуқаворӣ, инчунин заминаи банақшагирии истеҳсол ва таҳвили озуқаи асосӣ мебошад.
2. Тавозуни солонаи сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода мешавад.
3. Дар асоси таҳлили вазъият ва дурнамои сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа ва истеъмоли он мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ:
- ҳаҷми зарурии таҳвили озуқаи асосӣ;
-сатҳи пасттарини ҷоизи захираи маҳсулоти озуқаи асосӣ дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
- сатҳи баландтарини ҷоизи хароҷоти хариди озуқаро тасдиқ менамояд.
Моддаи 14. Сифат ва бехатарии озуқа
1. Сифат ва бехатарии озуқа, ки дар қаламрави давлат аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол, ворид ва фурӯхта мешаванд, бояд ба талаботи регламентҳои дахлдори техникӣ, меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ бошанд.
2. Назорати давлатии бехатарӣ ва сифати хӯрокворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияташон амалӣ карда мешавад.
3. Маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқавории ба ҳудуди давлат ворид кардашуда бояд дар бораи дар таркиби онҳо мавҷуд будан ё набудани манбаи ирсии тағйирёфта маълумот дошта бошанд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 15. Шӯрои амнияти озуқаворӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии идоракунӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ вобаста ба таъмини мӯътадил ва мунтазами давлат бо озуқаворӣ Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.
2. Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои амнияти озуқавории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи худро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, ба роҳбарӣ мегирад.
Моддаи 16. Таъмини амнияти озуқаворӣ
Амнияти озуқавории давлат дар ин ҳолатҳо таъмингардида ҳисобида мешавад, агар:
- истеҳсоли солонаи озуқаи асосии давлат на камтар аз 80 фоизи талаботи солонаи аҳолиро ба намудҳои озуқа ташкил диҳад;
- сифат, ғизонокӣ ва бехатарии озуқаи ба бозори давлат баровардашуда тибқи қонунгузорӣ ба регламентҳои техникӣ ва талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ бошанд;
- дар бозори истеъмолии давлат барои таъмини кафолатноки аҳолии давлат бо озуқаворӣ дар ҳаҷми на камтар аз миқдори тавсияшавандаи истеъмол мавҷуд бошад.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 671


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи амнияти озуқаворӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти  озуқаворӣ»  қабул карда шавад.

Муовини якуми
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. МИРАЛИЕВ

ш. Душанбе, 13 октябри соли 2010, № 192

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи амнияти  озуқаворӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи амнияти  озуқаворӣ»  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти  озуқаворӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 105


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1455

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед