logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.455; с.2008, №12, қ.2, мод.1013) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2 пеш аз калимаи «эътироф» калимаи  «онҳоро» илова карда шавад.
2. Дар  моддаи 4:
- дар номи модда калимаи «Шаклҳои» ба калимаи «Намудҳои» иваз карда шавад;
- қисми дуюм  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:
1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти  давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:
- Китобхонаи миллӣ;
- китобхонаи ҷумҳуриявӣ;
- китобхонаҳои вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ;
2) китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;
3) китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;
4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;
5) китобхонаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар               ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият;
6) китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
7) китобхонаҳои хусусӣ;
8) китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.».
3. Сархати дуюми қисми дуюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
« - бо истифода аз намудҳои гуногуни китобхонаҳо;».
4. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаҳои «ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми якуми моддаи 11 сархати сенздаҳум  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла  умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-ҳои  электронии худро кушоянд;».
6. Номи боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«БОБИ 4.
СИЁСАТИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ КИТОБДОРӣ»
7. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ
 Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи китобдорӣ принсипи фароҳам  овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие ташкил медиҳад, ки дар китобхонаҳо ҷамъ оварда, барои истифодаи умум пешниҳод карда мешаванд.
Давлат рушди хизматрасонии китобдории гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар ҳифзшаванда (кӯдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахӯрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони минтақаҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.
Мақомоти  давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд китобхонаҳоро ба биноҳои ба талаботи ҳифзи меҳнат, нигаҳдории фонд ва хизматрасониашон номувофиқ кӯчонанд, қароре қабул кунанд ё амалеро иҷро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонаҳои  аз буҷет маблағгузоришаванда гардад. Аз рӯи чунин қарорҳои мақомоти мазкур ва амалҳои шахсони мансабдори онҳо, ки манфиатҳои қонунии истифодабарандагони китобхонаҳоро маҳдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои  мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ тибқи Қонуни мазкур ба танзим  дароварда мешаванд.».
8. Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 15.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи китобдорӣ муайян  менамояд;
- барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдориро тасдиқ мекунад;
- тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони  соҳаи  китобдориро амалӣ  месозад;
- мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи  китобдорӣ муайян менамояд;
- маблағгузории давлатии соҳаи китобдориро таъмин мекунад; 
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи китобдорӣ тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.».                                                             
9. Ба Қонун моддаҳои 151  ва 152  бо мазмуни  зайл илова карда шаванд:
«Моддаи 151. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  китобдорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ:
- барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдориро таҳия  ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- нигаҳдории фонди мавҷудаи китобхонаҳоро назорат ва ба ғанитар шудани он мусоидат мекунад;
- ба таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти китобдорӣ мусоидат менамояд;
- баҳисобгирии давлатии омории китобхонаҳоро амалӣ мегардонад;
-  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва  моликияташон, ба роҳ мемонад;
-  бақайдгирӣ ва назорати риояи низоми нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳоеро, ки  ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ эътироф шудаанд, анҷом медиҳад;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи китобдорӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 152. Ваколатҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ:
- фаъолияти китобдориро дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот ба роҳ мемонанд;
- ҳамоҳангсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилооотию китобдорӣ, аз ҷумла, иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд;
- ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии китобхонаҳо ва хизматрасонии китобдорӣ таъмин менамоянд;
- маблағгузории саривақтии китобхонаҳоро барои таҳкими базаи моддию техникии онҳо, харидории адабиёти нав ва дигар маводҳои иттилоотӣ анҷом медиҳанд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ амалӣ мегардонанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои ғайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд   намоянд.».
10. Дар моддаи 16: - қисми дуюм дар таҳрири  зайл  ифода карда шавад:
«Фонди китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад, таҳти низоми махсуси ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор дошта, ба хориҷи кишвар баровардан, нусхабардорӣ, чопи электронӣ ва интиқоли матни онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодабарии мероси миллии китобдорӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи            китобдорӣ» иваз карда шаванд.
   11. Моддаи  17 дар таҳрири зайл  ифода карда  шавад:
«Моддаи 17. Китобхона ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангӣ
Фонди китобхонаҳое, ки  бо тартиби муқарраршуда объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дониста шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоя карда мешаванд.
Китобхонаҳое, ки мақоми онҳо тибқи қисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, ҳуқуқ доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи ҳатмии маводҳои чопии дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд.».
12. Дар қисми сеюми моддаи 18: -  калимаҳои «Вазифа ва функсияҳои» ба калимаи   «Вазифаҳои» иваз карда шаванд;
-  сархати сенздаҳум дар таҳрири зайл  ифода карда шавад:
«- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.».
13. Дар  моддаи 19: - қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд. Вазифаи китобхонаи марказиро инҳо амалӣ менамоянд:
- дар вилоят – китобхонаи марказии вилоятӣ;
- дар шаҳр – китобхонаи марказии шаҳрӣ;
- дар ноҳия – китобхонаи марказии ноҳиявӣ.»;
- дар қисми сеюм  калимаи «функсияҳои» ба калимаи «вазифаҳои» иваз карда шавад.
14. Дар ном ва қисми якуми  моддаи 22 калимаҳои «Амволи»   ва «амволи» мутаносибан ба калимаҳои  «Молу мулки» ва «молу мулки» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ   РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 679

 

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи         фаъолияти китобдорӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 221


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 114


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 902

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед