logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад, муқаррар менамояд.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии  зерин истифода мешаванд:
- иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ (минбаъд –иммунопрофилактика) - маҷмӯи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ кардан, паҳн нашудан, маҳдуд намудани хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва аз байн бурдани бемориҳои сироятӣ бо роҳи эм кардан  андешида мешаванд;
- эмкунии профилактикӣ - ба организми одам ворид кардани доруҳои иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ;
- эмкунӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ – эмкунии профилактикӣ, ки ҳангоми таҳдиди пайдошавӣ ва ё паҳншавии оммавии бемориҳои сироятӣ дар манбаъҳои сироятӣ ва ҳудудҳои мушаххас гузаронида мешавад;
- доруҳои иммунобиологӣ - эмдору (ваксина), анатоксин, иммуноглобулин ва доруҳои дигаре, ки организмро ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тобовар мегардонанд;
- Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ - санадест, ки  мӯҳлату тартиби эмкунии профилактикии шаҳрвандонро аз бемориҳои сироятӣ муқаррар менамояд;
- оризаҳои баъд аз эмкунии профилактикӣ ва эмкунӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ (минбаъд – оризаҳои баъд аз эмкунӣ) – вазнин гаштан ва ё бардавом бад шудани аҳволи саломатии шахс дар асари эмкунӣ;
- сертификати эмкунии профилактикӣ - ҳуҷҷате, ки дар он эмкунии профилактикии шаҳрванд қайд карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур  нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ ё муваққатан зиндагонӣ мекунанд, татбиқ мегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии иммунопрофилактика
Принсипҳои асосии иммунопрофилактика инҳоянд:
- оммавӣ, дастрасӣ, саривақтӣ ва самаранокии иммунопрофилактика;
- ҳатмӣ будани эмкунии иммунопрофилактикӣ тибқи Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ ва номгӯи корҳое, ки иҷрои онҳо ба хатари баланди гирифторшавии бемориҳои сироятӣ алоқаманд буда, эмкунии ҳатмии профилактикиро талаб менамоянд;
- бехатарӣ ҳангоми эмкунии профилактикӣ;
- дастгирии иҷтимоӣ дар сурати оризаҳои баъд аз эмкунӣ;
- ҷавобгарӣ барои эмкунии бадсифати профилактикӣ;
- ройгон гузаронидани эмкунии профилактикӣ, ки ба Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ дохил шудааст ва эмкунии профилактикӣ бо нишондодҳои эпидемиявӣ.

БОБИ 2.
СИЁСАТИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ
ИММУНОПРОФИЛАКТИКА, ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАВРИДИ АМАЛӣ ГАРДОНИДАНИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иммунопрофилактика
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иммунопрофилактика аз пешгирӣ, маҳдудкунии густариш ва барҳам додани бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ иборат аст.
2. Давлат дар соҳаи иммунопрофилактика кафолат медиҳад:
- барои шаҳрвандон дастрас будани эмкунии профилактикӣ;
- ройгон гузаронидани эмкунии профилактикӣ, ки дар Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ сабт шудааст ва эмкунии профилактикӣ аз рӯи нишондоди эпидемиявӣ дар ташкилотҳои давлатии соҳаи тандурустӣ;
- дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар сурати оризаи баъд аз эм кардан;
- истифодаи доруҳои таъсирбахши иммунобиологӣ барои иммунопрофилактика;
- назорати давлатии сифат, таъсирбахшӣ ва бехатарии доруҳои иммунобиологӣ;
- дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи коркарди доруҳои нави иммунобиологӣ;
- таъмини сатҳи замонавии истеҳсоли доруҳои иммунобиологии тиббӣ;
- дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватании доруҳои иммунобиологӣ;
- мутобиқати доруҳои иммунобиологӣ ба стандартҳои давлатии сифат, таъсирбахшӣ ва бехатарӣ;
- ба стандартҳои давлатии таҳсилот оид ба тайёр кардани кормандони тиб дохил  кардани масъалаҳои иммунопрофилактика;
- такмили соҳаи мушоҳидаи оморӣ;
- таъмини сиёсати ягонаи иттилооти давлатӣ;
- рушди ҳамкории байналмилалӣ.
Моддаи 6. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва оқибатҳои эм накардан дар амалӣ гардонидани иммунопрофилактика
1. Шаҳрвандон ҳангоми амалӣ гардонидани иммунопрофилактика ҳуқуқ доранд:
- аз кормандони тиб дар бораи зарурати эмкунӣ, оқибати даст кашидан аз эмкунӣ, оризаи эҳтимолии баъд аз эмкунӣ иттилооти пурра ва холисона гиранд;
- барои эмкунӣ ташкилотҳои давлатӣ ё хусусии тиббӣ ва ё шаҳрвандони ба амалияи хусусии тиббӣ машғулро интихоб намоянд;
-  бо мақсади пешгирии беморӣ аз рӯи Тақвими миллии эмкунӣ ва аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ дар ташкилотҳои давлатии  тандурустӣ худро ройгон эм кунанд;
- қабл аз эмкунии профилактикӣ аз муоина ва агар зарур бошад, аз ташхиси тиббӣ гузаранд, дар ташкилотҳои давлатии  тандурустӣ дар мавриди оризаи баъд аз эмкунӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатии ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии тиббии ройгон аз ёрии босалоҳияти тиббӣ баҳравар шаванд;
- дар мавриди оризаи баъд аз эмкунӣ аз кӯмаки иҷтимоӣ бархурдор бошанд;
- аз эмкунии профилактикӣ даст кашанд.
2. Дар рафти эмкунии профилактикӣ шаҳрвандон ӯҳдадоранд:
- дастури кормандони тибро ба ҷо оваранд;
- аз эмкунии профилактикӣ даст кашиданашонро ба таври хаттӣ тасдиқ намоянд.
3. Эм накардан боиси оқибатҳои зерин мешавад:
- сафари шаҳрвандон ба мамлакатҳое,  ки бинобар будубошашон дар он ҷо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ  ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эмкунии мушаххаси профилактикӣ шарт аст, манъ карда мешавад;
- ҳангоми хуруҷи оммавии бемориҳои сироятӣ ё пешомади хатари эпидемия шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ муваққатан қабул карда намешаванд;
- шаҳрвандон ба корҳое, ки иҷрояшон бо хавфу хатари зиёди сироят кардани бемориҳои сироятӣ алоқаманд аст,  қабул намегарданд ё аз чунин корҳо дур карда мешаванд.
4. Номгӯи корҳоеро, ки иҷрояшон бо хавфу хатари мубталои бемориҳои сироятӣ шудан алоқаманд буда, эмкунии ҳатмии профилактикиро металабад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 7. Таъминоти молиявии иммунопрофилактика
1. Чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ бо мақсади пешгирӣ,  маҳдудкунии густариш ва барҳам додани бемориҳои сироятӣ ва  ҳамчунин барои эмкунии профилактикӣ, ки дар Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ сабт шудаанд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва минбаъд маблағгузории чорабиниҳои зиддиэпидемиявиро аз ҳисоби маблағҳои Фонди зиддиэпидемиявӣ иҷро менамояд.
3. Маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба иммунопрофилактикаи аҳолӣ инчунин метавонад аз ҳисоби фондҳои ғайрибуҷетӣ, корфармоён, ҳаққи суғуртавӣ, маблағи шахсони воқеӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ гардонида шавад.

БОБИ 3.
АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТ
ДАР ИРТИБОТ БА ИММУНОПРОФИЛАКТИКА
Моддаи 8. Асосҳои ташкилии фаъолият дар иртибот ба  иммунопрофилактика
1. Ташкил ва гузаронидани эмкунии профилактикӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ роҳбарии ташкилию методии фаъолияти ташкилотҳои тандурустиро барои пешгирии бемориҳои сироятии аҳолӣ, ташкили иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати вазъи санитарию эпидемиологӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ, дар бораи пайдоиш ва ё таҳдиди пайдошавии бемориҳои сироятӣ ва ё гирифторшавии оммавӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад.
Моддаи 9. Тақвими миллии эмкунии  профилактикӣ
1. Тақвими миллии эмкунии  профилактикӣ аз эмкунӣ ба хотири пешгирии бемориҳои гепатити  «В», гулӯзиндонак, сулфакабутак, сурхакон, фалаҷи кӯдакон (полиомиелит), кузоз (столбняк), сил, домана ва дигар бемориҳои сироятӣ иборат аст. Дар Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ мӯҳлати эмкунӣ ва категорияи шаҳрвандоне,  ки бояд ҳатман эм  карда шаванд,  муқаррар карда мешавад.
2. Мӯҳлати эмкунӣ аз бемории зуком (грипп), домана ва дигар бемориҳои  сироятӣ, инчунин  категорияи шаҳрвандоне,  ки  ҳатман мавриди эмкунӣ қарор мегиранд, ҳар сол бо назардошти бемории пешгӯишаванда муқаррар карда мешавад.
3. Тақвими миллии эмкунии профилактикиро мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад.
Моддаи 10. Эмкунии профилактикӣ, ки ба Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ дохил нашудаанд ва нишондодҳои эпидемиявӣ надоранд
1. Эмкунии профилактикӣ, ки ба Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ дохил нашудаанд ва нишондодҳои эпидемиявӣ надоранд, ба шаҳрвандон, бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки ба Тақвими миллӣ дохил нашудаанд ва дар ҳолати набудани қарор оид ба гузаронидани эмкунии профилактикии дорои нишондодҳои эпидемиявӣ аз ҳисоби маблағи онҳо гузаронида мешавад.
2. Эмкунии профилактикӣ, ки ба Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ дохил нашудааст ва нишондоди эпидемиявӣ надорад, бо риояи талаботи эмкунии профилактикӣ ва истифодаи доруҳои иммунобиологии тиббӣ, ки ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯянд, гузаронида мешавад.
Моддаи 11. Эмкунӣ аз рӯи  нишондодҳои эпидемиявӣ
1. Шаҳрвандон дар мавриди таҳдиди сар задани бемориҳои сироятие, ки номгӯи онҳоро мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд, аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ эм карда мешаванд.
2. Қарори аз рӯи нишондоди эпидемиявӣ эм карданро Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
3. Мӯҳлат ва тартиби аз рӯи нишондоди эпидемиявӣ эм карданро мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
4. Эмкунии профилактикӣ мувофиқи талаботи қоидаҳои санитарӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи  12. Талабот нисбат  ба эмкунии  профилактикӣ
1. Шаҳрвандон дар ташкилотҳои давлатӣ ё хусусии тандурустӣ  ё аз ҷониби шаҳрвандони бо фаъолияти хусусии тиббӣ машғул, ки  иҷозатномаи фаъолияти тиббӣ доранд, эм карда мешаванд.
2. Эмкунии профилактикӣ бо розигии шаҳрвандон, падару модар ё намояндагони дигари қонунии ноболиғон ва шахсоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқобилиамал эътироф шудаанд, гузаронида  мешавад.
3. Шаҳрвандоне,  ки нишондодҳои хилофи тиббӣ надоранд,  эм карда мешаванд.
4. Номгӯи нишондодҳои хилофи тиббии эмкуниро мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад.
5. Эмкунии профилактикӣ аз рӯи қоидаҳои санитарӣ ва зиддиэпидемиявӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 13. ӯҳдадориҳои кормандони тиб, ки иммунопрофилактикаро амалӣ менамоянд
Кормандони тиб ҳангоми амалӣ гардонидани иммунопрофилактика ӯҳдадоранд:
- шаҳрвандонро бо Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ шинос намоянд;
- ба шаҳрвандон оид ба зарурати эмкунии профилактикӣ, таъсири ногувори гузаронидани он, инчунин дар бораи оқибати эҳтимолии даст кашидан аз он маълумот диҳанд;
- то давраи эмкунии профилактикӣ тибқи талаботи эмкунӣ ташхиси зарурии шаҳрвандонро анҷом диҳанд;
- оид ба оризаи баъд аз эмкунӣ фавран мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологиро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ огоҳ намоянд.
Моддаи 14. Талабот нисбат ба доруҳои иммунобиологӣ
1. Барои эм кардан доруҳои иммунобиологӣ,  ки  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, истифода бурда мешаванд.
2. Доруҳои иммунобиологӣ, ки барои иммунопрофилактика истифода бурда мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.
3. Доруҳои иммунобиологие, ки барои иммунопрофилактика истифода бурда мешаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ба дорухонаҳо ва ташкилотҳои тандурустӣ дода мешаванд.
Моддаи 15. Нигоҳ доштан ва интиқол додани доруҳои  иммунобиологӣ
1. Доруҳои иммунобиологӣ мутобиқи талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ нигоҳ дошта ва интиқол дода мешаванд.
2. Назорати нигоҳ доштан ва интиқол додани доруҳои иммунобиологиро мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ таъмин менамояд.
Моддаи 16. Назорати давлатии доруҳои иммунобиологӣ
Назорати давлатиро дар бораи сифат, судмандӣ ва бехатарии доруҳои иммунобиологӣ,  ки барои иммунопрофилактика истифода мешаванд, мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ амалӣ мегардонад.
Моддаи 17. Баҳисобгирӣ ва таҳқиқи оризаи баъд аз эмкунӣ
Ҳар як ҳодисаи оризаи баъд аз эмкунӣ бояд бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ мавриди бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва таҳқиқ қарор гирад.
Моддаи 18. Таъминот бо доруҳои иммунобиологӣ
Ташкилотҳои давлатии тандурустӣ барои эмкунии профилактикие, ки  ба Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ дохил карда шудаанд ва барои эмкунии профилактикӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ  бо доруҳои иммунобиологӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 19. Мушоҳидаҳои давлатии оморӣ дар иртибот ба иммунопрофилактика
1. Маълумот дар бораи эмкунии профилактикӣ, оризаи баъд аз  эмкунӣ, даст кашидан аз эмкунии профилактикӣ бояд ба қайди омори давлатӣ гирифта шавад.
2. Маълумот оид ба эмкунии профилактикӣ, оризаи баъд аз  эмкунӣ, даст кашидан аз эмкунии профилактикӣ бояд дар  ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва сертификатҳои эмкунии профилактикӣ қайд карда шавад.
3. Тартиби ба қайд гирифтани эмкунии профилактикӣ, оризаи баъд аз эмкунӣ, ба расмият даровардани даст кашидан аз эмкунии профилактикӣ ва ҳамчунин намунаи ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва сертификати эмкунии профилактикиро мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
4. Ҳодисаҳои даст кашидан аз эмкунӣ бо қайди он, ки корманди тиб оқибати ногувори даст кашиданро маънидод намудааст, дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба расмият дароварда, аз тарафи шаҳрванд ва корманди тиб тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 20. Экспертизаи тиббӣ ва тиббию иҷтимоӣ
1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани оризаи баъд аз эмкунӣ экспертизаи корношоямии шаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Алоқамандии беморӣ, маъюбӣ ва фавт бо эмкунӣ бо дарназардошти хулосаи шӯрои экспертӣ оид ба эмкунии назди мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.

БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 680

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2010, № 243


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи иммунопрофилактикаи
бемориҳои сироятӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 115


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 901

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед