logo

маориф

Суғд: соҳаи маориф таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чанд мактаби нав ва огаҳӣ ёфтан аз шароити кору таҳсили омӯзгорону хонандагон ба навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ғончии  вилоят сафари корӣ анҷом дод. Нахуст сарвари вилоят ба деҳаи Зумрадшоҳи ноҳияи Исфара омад.
Солиёни дароз хонандагони мактаби рақами 17-и ин деҳа ба бинои иловагӣ ниёз доштанд ва танҳо баъди муроҷиат ба Президенти мамлакат, ки ба ноҳия ташриф оварда буд,  масъала ҳалли худро ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои таълимӣ барои  240 хонанда зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Дар давоми 4 моҳ сохтмони бинои мактаб пурра ба охир расид. Раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи таълимгоҳ сухан карда, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод. Аз номи роҳбарияти вилоят ба мактаб компютер ва таҷҳизоти барқӣ ҳадя гашт.
Дар ноҳияи Ғончӣ анъанаи мардумии ҳашар солҳои охир боз эҳё гашта, ба ин васила чанд иншооти тандурустию фарҳангӣ, мактабу майдончаҳои варзишӣ бунёд ёфтанд.
-Эҳёи ин анъана дар шароити феълии иқтисодӣ айни муддаост, - иброз медорад Миршароф Комилов, мудири маорифи ноҳия. -Зеро  усули кори якҷоя ҷиҳатҳои хуби тарбиявӣ дошта, мардумро ба ҳам меоварад, хислатҳои бетараф набудан ба тақдири диёру аҳли ҷомеаро ташаккул мебахшад. Хушбахтона, чунин муносибати инсондӯстонаю дар мавриди зарурат ба ёрии ҳамдигар шитобиданро ҳамин сол, вақте ки бар асари сӯхтор мактаби рақами 1 бо тамоми ашёю таҷҳизот комилан аз байн рафт, ба хубӣ мушоҳида кардем.
Миршароф Комилов афзуд, ки ҳоло дар деҳаҳои Овчӣ, Мурак, Муҷун, Метк сохтмони чандин  синфхона дар арафаи анҷомёбист. Умуман соли равон дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия барои қариб 2 ҳазор хонанда мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд, ки ин нишондод баландтарин дар қаламрави вилоят мебошад.
Дар баробари ҷудо кардани 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия худи омӯзгорон, сокинони деҳот, ҳатто мӯйсафедон, собиқадорони ҷангу меҳнат низ аз ҳисоби нафақаашон 6 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд. Дар натиҷа ду бинои нави таълимӣ иборат аз 20 синфхона барои 600 хонанда дар маркази ноҳия дар сад рӯзи корӣ бунёд ёфт, ки дар маросими ба истифода додани онҳо раиси вилоят   Қоҳир Расулзода, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, аҳли ҷамоати ноҳия ширкат доштанд.
- Агар дар давоми 10 моҳи сипаришуда дар шаҳру навоҳии вилоят 7 мактаби нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад, боз то охири сол, ҳам бо усули ҳашар ва ҳам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, 5 мактаб сохта мешавад, - гуфт Қоҳир Расулзода.
 -Дар соли 2009 ҷудо шудани беш аз 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф, ки 17 дарсади буҷети мамлакатро ташкил медиҳад, баёнгари ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, - таъкид кард Абдуҷаббор Раҳмонов.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин ба мактаб-парваришгоҳи махсуси деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омад. Муассиса ҳанӯз соли 1973-и қарни гузашта бунёд ёфта, айни замон дар ин ҷо 320 нафар бачаи қобилияти шунавоиаш сусти аз 6 сола то 18 сола ба таълим фаро гирифта шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмиру тармими муассисаи мазкур боз 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ҳамон рӯз ба тарбиятгирандагон ба миқдори зиёд маводи ғизоӣ ва болопӯшҳои гарм тӯҳфа гардид.
Фурудгоҳи Хуҷанд, ки чанд сол боз сарпарастии мактаб-парваришгоҳро бар дӯш дорад, тасмим гирифтааст, ки барои ин муассиса ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ дастрас намояд.
Қоҳир Расулзода ба маъмурияти мактаб-парваришгоҳ гуфт, ки фаъолияти ин муассисаи таълимӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад ва шахсан худи ӯ барои соҳибтахассус гаштани хатмкунандагони мактаб мусоидат хоҳад кард.
Гуфтанист, соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд наздики 11 ҳазор хонанда бо ҷойҳои нави нишаст таъмин шуд, ки нисбат ба соли 2007 се маротиба зиёд аст. Вале ҳамоно ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе навоҳӣ таълими мактабиён дар хонаҳои шахсӣ ё вагонҳо ба роҳ монда шудааст. Ба хотири пурра фаро гирифтани бачаҳо ба таълим дар мактабҳои замонавӣ дар вилоят Барномаи сохтмон ва таъмири мактабу дигар муассисаҳои соҳаи маориф барои солҳои 2008-2010 қабул шудаву бомуваффақият амалӣ мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи саривақтии барномаи мазкур чораҳои муассир меандешад. Аз ҷумла худи ҳамин сол аз буҷети вилоят ба ин мақсад 4,6 миллион сомонӣ сарф шуда, бунёди босифат ва саривақтии иншоотҳои соҳаи маориф дар мадди назари доимии роҳбарият қарор дорад.

Ҷовиди Аштӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 792

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед