logo

номаҳо

Сарватҳои таърихии деҳаи Ғелот ниёз ба таҳқиқ ва ҳифз доранд

Дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ 2 қабри ба замони неолит тааллуқдошта бо садҳо олоти сангии ин давра аз тарафи номзади илми таърих Т. Филимонова бозёфт карда шуда, тадқиқ гардидааст.
Бозёфтҳои ба асри биринҷӣ тааллуқдоштаи ин деҳа, ки аз тарафи олимони Русия таҳти роҳбарии доктори илми таърих Н. Виноградова пайдо карда шудаанд, аз ҳар ҷиҳат бозёфтҳои нодиранд. Онҳо таваҷҷӯҳи  бостоншиносони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудаанд.
Бори дувум аз теппаи Зулмободи деҳаи Ғелот дар натиҷаи боридани борони сели баҳори соли 2010 аз оббурда ёдгориҳои таърихӣ пайдо гардиданд. Дар ин оббурда то омадани сел қабре вуҷуд дошт. Аз қабр қисмати хурде боқӣ монда буд, ки аз он як табақи сафолӣ ва ҳафт адад пайконтири гуногунҳаҷми аз сангҳои чақмоқ сохташуда пайдо гаштанд.
Инчунин дар ҳамин сол аз оббурдаи дигари теппаи Зулмобод 64 адад мӯҳраи конусшакли калони зумуррадӣ, 1300 мӯҳраи хурди садафӣ ва 140 адад мӯҳраи хурдтарини аз ширеши дарахтон сохта пайдо гардиданд. Ин мӯҳраҳо ба асри биринҷӣ, асрҳои XVII-XV пеш аз милод тааллуқ  доранд.
Дар қисмати шимолӣ, минтақае, ки Ғелот бо деҳаи Дарнайчӣ мепайвандад, дар натиҷаи омадани сел қитъае ба масофаи 27 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ ва то чуқурии 5-6 метр шуста бурда шуд. Аз ин оббурда сафолпораҳои зиёде, аз ҷумла як лаълии нимшикастаи поядори сафолӣ ва ду зарфи хурди сафолӣ, ки ба асрҳои XII-X пеш аз милод тааллуқ доранд, пайдо гардиданд.
Дар баҳори соли 2010 аз оббурдаҳо  ҳамчунин дутоӣ зарф аз давраҳои Юнону Бохтарӣ, Кушониён, Ҳайтолиён ва ҳаждаҳ осори шикаста ва нимшикастаи давраи Сомониён ва давлатҳои баъдинаи он пайдо карда шуданд.
Мавзеъҳои таърихии ба ин давраҳо тааллуқдоштаро пурра наомӯхтаанд. Агар ҳар сол чунин миқдор ёдгориҳои таърихӣ дар Ғелот аз сабаби омадани сел нобуд гарданд, миқдори бештар аз ин дар натиҷаи кашонидани хоки теппаҳо бо мақсади сохтмони хонаҳои истиқоматӣ нобуд мегарданд. Аз ин рӯ аз масъулони соҳа дархост мекунем, ки ба тақдири ояндаи ёдгориҳои таърихии деҳаи Ғелот ва заминҳои дучори эрозия шудаи он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Сарватҳои бебаҳои миллат ниёз ба ҳифзу омӯзиш доранд.

Миралӣ Кӯганов,
ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 627

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед