logo

маориф

Сабақе дар рушди камолоти зеҳнӣ ва ҷаҳоншиносӣ

Бардоштҳо аз даври омӯзишии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои дипломатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон

Бо даъвати Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Клингендали назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд ва пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо-ду нафар дипломати ҷавони вазорат, муаллифи ин сатрҳо ва Муҳиддин Ҷӯраев, котиби сеюми Раёсати таҳлил ва тадқиқоти стратегӣ, муяссар гашт, ки дар ҳабдаҳумин даври омӯзишии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзӣ барои дипломатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон аз 20 октябр то 10 декабри соли 2010 иштирок намоем.

Даври омӯзишӣ дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Клингендал, воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд, бо ҳамоҳангсозии кории ташкилотчиёни барномаи дипломатии мазкур Отиф Ҳамдӣ ва ёвараш Юрген де Клерк оғоз гардид. Мӯҳтарам Рон Тон, мудири барномаи таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатии Донишкадаи Клингендал, сухани ифтитоҳӣ намуданд. Аъзои ин даври омӯзишӣ, намояндагони 5 кишвари Осиёи Марказӣ (14 нафар) ва Афғонистону Муғулистон (8 нафар) буданд.
Донишкадаи Клингендал ба тадқиқоту муҳокимаи масъалаҳои байналмилалӣ, ҳамгироии Аврупо, муносибатҳои фароатлантикӣ, амният ва бозори байналмилалии энергетикӣ, низоъшиносӣ, проблемаҳои вобаста ба муҳоҷират ва гурезагон, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, музокирот ва дипломатия, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои глобалӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.
Донишкада ба сифати ниҳоди машваратии Ҳукумати Нидерланд, Порлумон ва созмонҳои ҷамъиятӣ амал мекунад. Он ҳамчун воҳиди илмӣ-тадқиқотӣ, академияи дипломатӣ ва маркази даврҳои такмили ихтисос ҳоло ба шарофати омӯзиши самараноки ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ба сифати донишкадаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ чӣ дар Нидерланд ва чӣ дар хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад.
Ду рӯзи аввали такмили ихтисос мо ба такрор, сайқал ва омӯзиши амиқтари забони англисӣ пардохтем, ки тавассути он тамоми лексияву семинарҳо ва боздидҳо гузаронида мешуданд. Ба ҳайатҳои дипломатии мо бо усули махсус сарукор мегирифтанд ва муносибати тамоми устодону профессорони даври мазкур ҷиддӣ ва ҳамзамон ғамхорона буд.
Дар маҷмӯъ даври омӯзишӣ барои намояндагони кишварҳои зикршуда беш аз 30 лексияву семинарро дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, молиявиву тиҷоратӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҳуқуқиву амниятӣ, муҳитзистиву энергетикӣ ва дигар масоили мубраму рӯзмарраи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистонро дар бар мегирифт.
Дар қатори баррасиву таҳлил ва муҳокимаву рӯшаниандозӣ ба масъалаҳои мазкур мо ҳамчунин қобилияту маҳорати сухангӯӣ, сӯҳбату муоширати байнифарҳангӣ, ҳисоботдиҳии шифоҳиву хаттӣ, муаррифӣ ва суханрониро дар назди ҷамъият амиқ омӯхтем.
Берун аз барномаи дарсӣ мо инчунин аз шаҳрҳои Гаага, Амстердам, қароргоҳи Созмони манъи силоҳи кимёвӣ, Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ақаллиятҳои миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Маҷлиси намояндагони Порлумони Нидерланд, Додгоҳи байналмилалии адолати СММ, Донишкадаи ЮНЕСКО оид ба маърифат дар соҳаи об (шаҳри Делфти Нидерланд) ва ширкати байналмилалии саноати нафту гази Shell (ноҳияи Рейсвейки Гаага) боздидҳои шиносоӣ ва фарҳангиву фароғатӣ ба амал овардем.
Ҳамчунон гурӯҳи дипломатии мо ба шаҳрҳои Брюссел ва Париж ҷиҳати боздиди ниҳодҳои расмии роҳбарикунандаи Иттиҳоди Аврупо (Комиссияи аврупоӣ, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Порлумони Иттиҳоди Аврупо), қароргоҳи СААШ (НАТО), Агентии байналмилалии нерӯ ва шӯъбаи Бонки ҷаҳонӣ дар Париж сафари якҳафтаина анҷом дод. Зимни ин вохӯриҳо имкони саволу ҷавоб бо намояндагони ниҳодҳои мазкури байналмилалӣ ва баррасии вазифаву салоҳият ва нақшаву барномаҳои созмонҳои номбаршуда даст дод.
Аз аввали даври омӯзишӣ Отиф Ҳамдӣ ва Юрген де Клерк бо мо дар таҳияи ҳисоботи сиёсӣ ва таҳлилӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду ҳисобот вазифае буд, ки ҳамоҳангсозони барномаи мазкури дипломатӣ аз мо иҷрояшро тақозо менамуданд. Дар поёни даври омӯзишӣ кулли иштирокчиёни он бо ҳисоботи сиёсиву таҳлилӣ ва табодули назар дар бобати масъалаҳои дар гузоришҳои шифоҳӣ баррасишуда суханронӣ намуданд.
Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки дар даври омӯзишӣ матраҳ гардид, ба “Усули фарогир: қазияи Афғонистон” роҷеъ ба амалиёти ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ҳама гуна ҳайатҳо ва гурӯҳҳои ҳарбии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, бахусус фаъолияти бошиддати “Қувваҳои байналмилалӣ баҳри мусоидат ба амният” (ISAF) ва дар дохили он Тимҳои Бозсозии Музофотҳо дар истиқрор ва посдории сулҳу амният дар Афғонистон бахшида шуда буд.  Дар он тарзу усулҳои ба даст овардани сулҳу субот, таъмини рушди устувор ва барқарорсозии инфрасохтор дар ин кишварро мушовири ғайринизомии СААШ Мишел Рентенаар муаррифӣ намуд, ки таҷрибаи ғании кор дар Афғонистон ба сифати сардори Тими Бозсозии Музофоти Урузгон ва намояндаи ғайринизомии онро дорад.
Дар семинар оид ба мавзӯи “Амнияти байналмилалӣ: нақши СММ ва СААШ дар идораи бӯҳрони байналмилалӣ”, инчунин вазъи ҷаҳони муосир, чолишҳои он, хатару таҳдидҳо ба оянда генерал-майори мустаъфии қӯшунҳои баҳрии пиёданизоми Шоҳигарии Нидерланд, собиқ мушовири калони низомии Дабири кулли СММ ва мушовири СААШ, ҳоло аъзои Сенати Ҳолланд Франк ван Каппен ибрози назар намуд. ӯ ба мо дар бораи сабабҳои тағйирёбии пурфоҷиаи авзои сайёра, вазъи демографӣ, тағйирёбии иқлим, камбуди нерӯ, афзоиши тамоюл ба бунёдгароӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, низоъҳо ва муноқишаҳо маълумоти судманд ва муҳим дод. Мавсуф ба ҷанбаи ҳарбӣ ва низомии тарзу усулҳои ҳаллу фасли низоъҳо ё фалсафаи идоракунии минтақаҳои даргир таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Дар давраи омӯзиш ба шаҳри Брюссели Белгия ҷиҳати боздиду шиносоӣ аз қароргоҳи ниҳодҳои идоракунандаи Иттиҳоди Аврупо сафар кардем. Дар Комиссияи Аврупо ба мо гуфтанд, ки дар соли сипаригашта дар ин ҷо 1470 боздид ба амал омадааст, ки аз таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ва меҳмонони хориҷӣ ба ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Масъули комиссия ба мо дар бораи фаъолияту сохтори ниҳодҳои асосии Иттиҳоди Аврупо (Комиссияи Аврупо, Шӯрои ИА, Порлумон), ҳамкории онҳо бо якдигар ва салоҳияти онҳо маълумоти муфассал дод. Ҷеннифер Сеҳринг, мушовири сиёсии намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ Пйер Моррел, дар бобати муносибатҳои ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан оид ба шарикии нави байни ИА ва Осиёи Марказӣ ҷойдошта, стратегияи кӯмаки минтақавӣ, амнияту суботи минтақа, идоракунӣ ва диверсификатсияи нерӯ, муколамаҳо перомуни ҳуқуқи инсон, маориф, муҳити зист ва масъалаҳои обу энергетика гузориш дод. Моро ҳамчунин бо сиёсати ИА дар мубориза алайҳи терроризм шинос намуданд, ки он самти озодӣ, амният ва адолатро дар бар мегирад ва аз 4 сутун: 1) пешгирии шароитҳои тавлидкунандаи терроризм; 2) муҳофизати шаҳрвандон ва таъмини амнияти инфрасохтори иттилоотӣ ва энергетикӣ; 3) пешбарии ҳамкории классикӣ байни кишварҳои аъзои ИА, сохторҳои қудратии онҳо; 4) вокуниши бетаъхир ба таҳдиду хатарҳои террористӣ иборат аст.
Гуфта шуд, ки байни кишварҳои аъзои ИА дар ҳолати ҳамлаи террористӣ бояд ҳамбастагӣ мавҷуд бошад.
Дар боздиди Порлумони Иттиҳоди Аврупо ба мо дар бораи сохтору фаъолияти мақомоти қонунгузори ИА, ҳизбҳову гурӯҳҳои сиёсӣ, кумитаҳо, принсипи кории он корманди масъули Порлумон маълумоти муфассал дод. Порлумони ИА аз 736 аъзо иборат буда, низоми бисёрҳизбӣ дорад.
Даври омӯзишии мо пас аз сафари якҳафтаина ба Брюссел ва Париж дар Донишкадаи Клингендали шаҳри Лаҳайи (Гаагаи) Нидерланд идома ёфт.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд дар бораи таърихи дипломатияи Нидерланд, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии он, оид ба муносибатҳои Нидерланд бо Осиёи Марказӣ, маълумот гирифтем. Аз ҷумла гуфтанд, ки дар масъалаҳои обу энергетика минтақаи Осиёи Марказӣ торафт афзалият пайдо мекунад. Як нафар ходими калони илмии донишкадаи Клингендал, дар мавзӯи “АврОсиё аз нуқтаи назари геополитикӣ” сухан ронда, оиди таъсири се бозигари муҳими сиёсиву иқтисодии минтақаи Осиё - Русия, Чин ва Туркия ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ маълумот дод. Ба гуфти ӯ, Русия аллакай монополияи худро дар минтақа аз даст додааст, вале ӯ дар бисёр лоиҳаҳои энергетикӣ ва газ, сармоягузорӣ ва ҳарбӣ ҳоло ҳам устувор аст. Чин ба рушди энергетика, сохтмони роҳҳои мошингард ва лӯлаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва акнун мушкилоти сарҳадиро бо се ҳамсояи худ дар Осиёи Марказӣ ҳал кардааст. Туркия ба ҷомеаи кишварҳои туркзабон такя дорад. Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақвият додани муносибатҳо бо кишварҳои аврупоӣ ва ниҳодҳову созмонҳои он имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Ва, чӣ тавре ки тазаккур дод, дарҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои тиҷорат ва соҳибкорӣ кушодаанд.
Вохӯрӣ бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси намояндагони Порлумон, хонум Небаҳат Албайрак ва Ҳенк Ян Ормэл, вакили Порлумони Ҳолланд, ҷолибу хотирмон гузашт. Хонум Албайрак дар бораи фаъолияти Порлумон, ҳуқуқу салоҳияти он сухан кард. Зикр гардид, ки ҳамаи 150 вакили Порлумон барои чор сол интихоб мешавад. Порлумон узви даҳ ҳизби сиёсии фаъолро дар бар мегирад.
Дар мавзӯи “Қобилиятҳои муоширати байнифарҳангӣ” рушду такомул ва баланд бардоштани савияи дониш оид ба фарҳангҳои дигар кишварҳо, миллату қавмҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ матраҳ шуданд. Масъалаи якум он буд, ки дар интихоби тӯҳфа барои ягон намояндаи давлати дигар бояд рамзӣ будани он ба инобат гирифта шавад. Дуюм шарти муваффақ шудан дар ин масъала он аст, ки тӯҳфа набояд аз 500-1000 евро бештар арзиш дошта бошад, вале набояд, ки қабулкунандаи тӯҳфа аз он ранҷад ё ба ғазаб ояд. Мисолҳо оварда шуданд, ки охирҳои солҳои 80-и асри гузашта, вақте ки Президенти Амрико Буш ба Чин бо сафари давлатӣ ташриф меорад, ӯ аввал аз ҳамтои чиноии худ ба сифати тӯҳфа дучарха мегирад ва сипас ба ӯ пойафзоли ковбойҳои амрикоиро тақдим мекунад. Профессори донишгоҳи Антверпени Белгия доктор Пол Верлайтен гуфт, ки дар соҳибкорӣ ҳангоми вохӯриҳо иштибоҳҳои байнифарҳангӣ одатан бахшида намешаванд. Яъне иштироккунандагони музокироти тиҷоратӣ метавонанд вохӯриро тарк намоянд ё санади ниҳоиро имзо накунанд, ё тамоман муносибатҳои тиҷоратиро бо якдигар сард намуда, ниҳоят онҳоро қатъ созанд. Лекин дар муносибатҳои сатҳи олии байнидавлативу байниҳукуматӣ хатоиҳои байнифарҳангӣ бахшида мешаванд. Дар аксар ҳолатҳо меъёри ишора ба худ, фарҳанги худ, яъне истифодаи доираи арзишу меъёрҳои фарҳанги худ дар фаҳмидани рафтори шахсияти дигар, ки тамоман арзишу меъёрҳои дигар дорад, дар рафтору кирдор ё иқдомҳои одамон ҷой дорад. Мисол, ҳангоми сафари худ ба Ҷопон Президент Обама ба Сарвазири ин кишвар боз ҳам пойафзоли ковбойиро тақдим намуд, ки дар навбати худ Сарвазир ба ӯ тӯҳфаеро дар симои саги сунъӣ, яъне саг-робот тақдим кард, ки танҳо забони ҷопониро мефаҳмад ва ба он ҳарф мезанад.
Дар маросими хотимавӣ ва баҳодиҳии фаъолияти даври омӯзиш мо ба роҳбарияти донишкада ва устодони худ изҳори миннатдорӣ кардем. Маросими супурдани ифтихорномаҳо аз ҷониби Рон Тон ва Отиф Ҳамдӣ сурат гирифт.
Мо дар чаҳорчӯби ин давр аз фарҳангу таърих, маданияту расму оин, хусусиятҳои хоси сиёсату иқтисодиёти на танҳо Шоҳигарии Нидерланд, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон низ бархурдор шудем.

Фирдавс ШАРИФОВ,
корманди Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 745

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед