қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010"
Моддаи 1. Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2009 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 11, мод. 697; с. 2010, № 4, мод. 234; № 6, мод. 439; № 8-10, мод. 637; № 11, мод. 736) қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе ба миқдори 30 000 тонна аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 январи соли 2011, № 682
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид
ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 277
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 867