logo

илм

Табиат мекунад моро табобат

Ғизои шумо бояд давои шумо бошад

Ҷаҳони Азонзод. Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ. Асосҳои фармаконутрасиология, Душанбе, 2010, 682 саҳифа.

Васоили шифои бемориҳо аф-зун аст ва тибби илмӣ, ки чан-дин аср ҳарфи аввалро дар ин робита мезанад, наметавонад иддао кунад, ки ягона мактаби дармонбахши тамоми дардҳост. Чун мо мебинем, ки ин мактаб аз ӯҳдаи мудовои на ҳамаи беморон ва на ҳамаи бемориҳо бармеояд ва зумрае маҷбуранд, ки ба дигар мактабҳо рӯй оваранд: гиёҳдармонӣ, равондармонӣ, сӯзандармонӣ... Мактаби экстрасенсҳо ҳам вуҷуд дорад, ки бо ёрии нерӯҳои ғайбӣ баъзе аз касалиҳои лоилоҷро, ки аз сеҳру ҷоду пайдо шудаанд, даво мебахшад. Худои Ҳаким китоби осмонии Қуръонро, ки ҷомеи ҷамеи неъматҳост, низ ба унвони «мояи шифои бемории дилҳо» (Юнус, 57) муаррифӣ мекунад, ки ба мадади он ботини кас аз анвои амрози фикриву ахлоқӣ монанди ширк, нифоқ, бухл, кина ва ҳасад пок мешавад. Хондани оятҳои қуръонӣ ба миқдоре аз об, ки онро оби дам ё муқаддас хонанд, кӯргиреҳҳои равониро, ки бар асари сеҳру ҷоду ҳосил шудааст, во мекунад. Ҳамчунин бо ёригарии ниёиши мутадовим метавон бархе аз бемориҳои ҷисмонию рӯҳониро аз вуҷуди худ зоил сохт. Холаи пурдонам Хайруннисо нақл карда буд, ки дар рустое зане даҳ бача карду ҳама баъди таваллуд мурданд, ба табибҳо муроҷиат кард, илоҷ наёфт ва дар дил як дунё ғам дошт. Рӯзе ба деҳ ҷӯгизанҳо омаданд, бонуи бачамур назди онҳо рафт ва ҳоли зорашро баён кард. Донои онҳо гуфт, ки ту зиён дорӣ ва барои он ки дигар бачаат намурад, бояд аз рӯи кила (модасаг)-и бачадор гузар кунӣ ва зиёни ту ба вай мегузарад. Ин зани дуҷон аз болои кила гузашт ва баъди чанде кӯдаке ба дунё овард, ки саломат монд, вале кила ҳар гоҳ ки бачадор мешуд, мурда мезойид.
Пас чандин мактаби тиббӣ вуҷуд дорад ва яке аз онҳо гиёҳпизишкӣ (фитотерапия)  мебошад, ки реша аз аъмоқи таърих мегирад ва бо фарогирифти таҷрибаи чандҳазорсолаи башар ва дастовардҳои тибби илмии муосир, ки фарзанди солеҳи он аст, бо табиат сарукори доим дорад. Олами табиат на танҳо гаҳвораю гӯр ё ватани сипанҷии инсон аст, на фақат ӯро менӯшонаду мехӯронаду мепӯшонад, балки ӯро табобат низ мекунад. Инсон офаридаест дубуъдӣ: ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ. ӯ ба ҳайси мавҷуди ҷисмонӣ зодаи табиат аст, хориҷ аз оғӯши он наметавонад ҳастӣ дошта бошад ва то охирин нафас бо ҳазорон риштаи аёну ноаён вобастаи он аст. Ҷисми инсон аз хок, аз замин бувад ва ҳамин буъди ҷисмоният, моддият ва ҳаюлоияти инсон, азбаски фанопазир аст, гоҳ бо гум кардани тавозуну таъодул дучори бӯҳрон мешавад ва баҳри идомаи бақои хеш табобат мехоҳад.
Китоби мавриди баҳси мо, ки асари ҷомеъ дар ин ҳавза шумориш мешавад, ба хомаи яке аз гиёҳпизишкони маъруф, профессор Ҷаҳони Азонзод – раиси Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизо тааллуқ дорад, ки бо истинод ба 189 маъхази илмӣ таълиф шудааст. Мавсуф соҳиби садҳо рисола ва мақолаи илмӣ буда, бештар ба омӯзиши рӯғанҳои атрӣ саргармӣ дорад ва ӯву шогирдонаш шаш дору, минҷумла геранолу гераноретинолро ихтироъ кардаанд, ки вижагиҳои талхаронӣ, зиддихалаӣ, зиддиилтиҳобӣ, зиддиоксидӣ ва ҳепатопротекторӣ доранд. Инчунин ӯ дар пажӯҳиши рӯғани атрии гиёҳоне монанди гашнич, даҳмаст, бодиён, қаранфул, арвона, садбарг, лухи обӣ ва лимӯ ба натиҷаҳои хубе даст ёфтааст. Ҷаҳони Азонзод завқу салиқаи шоирӣ низ дорад ва дар пайравӣ аз «Урҷуза фиттиб»-и Абӯалии Сино – пешвои пизишкони Орёистон хавоси рустаниҳои шифоию ғизоиро ба силки назм андароварда, китобе мунташир сохтааст.
Муҳаққиқ дар ибтидо роҷеи таърихи истифодаи рустаниҳои шифоию ғизоӣ баҳси илмии мухтасар ороста, аз хидмати олимон Н. Қобилов, О. Додобоева, Қ. Ҳайдаров, Ю. Нуралиев, М. Ҳоҷиматов ва Ҳ. Зоҳидов бо эҳтиром сухан меронад, ки дар асри бистум бар пояи манобеи илмӣ бо анҷоми таҷрибаҳову таълифи асарҳо илми гиёҳдармониро дар Тоҷикистон асос ниҳоданд. Бахусус Ҳомидҷон Зоҳидов бо таълифи «Хазинаи тибби қадим» ва «Канзи шифо» дар амри бозёбиву бозшиносии дастовардҳои тибби ниёгон барои муосирон саҳми барозандае дорад, ки ҳангоми шарҳи баъзе аз давоҳо як миқдор аз мушоҳидаҳояшро, ки хосиятҳои онҳо борҳо дар таҷриба собит гашта буд, ба матнҳо илова намудааст.
Ҷаҳони Азонзод ҳам аз таърихи тибби ҷаҳонӣ, билхоса тибби орёӣ, хуб муталлеъ аст, ки аз мадхали китоб ҳувайдост. Мактаби пизишкии орёӣ басо ифтихорофарин буда, аз Авасто – китоби муқаддаси зардуштиён маншаъ мегирад ва ҳудудан се-севуним ҳазор сол таърих дорад ва пасон бо тамосҳои фарҳангӣ бо макотиби пизишкии бобилиёну юнониёну ҳиндувон ғанову ҳикмат андӯхт ва вусъату азамат ёфт. Вале ба чӣ ованде бошад, ки дар ин асари арзишманд тазаккуре аз Донишгоҳи таърихии Гундишопур (Кандишопур, Шопурканд, Шопуробод) ба миён наёмадааст, ки ҳалқаи иттисоли муҳиме миёни пизишкии орёӣ ва исломӣ мебошад. Шопури Якум – подшоҳи нерӯвари Сосонӣ шаҳри Гундишопурро дар Хузистон бунёд ниҳод, баъд аз шикасти Рум (Бизонс) асиронро ба хидмат гирифт ва дар он шаҳр бемористону донишгоҳе бо ҳамин ном таъсис намуд, ки беш аз чаҳорсад сол ба ҳастии худ идома дод ва ба гунае Фарҳангистони пизишкӣ буд, ки дар он порае аз китобҳои юнонӣ ба паҳлавӣ баргардонида шуд. Бавижа дар аҳди Анӯшервони Додгар аз марказҳои ҷаҳонии пизишкӣ гардид ва фақат дар давраи ислом бо номёфти мактаби Бағдод аз саҳна рафт. Маҳз ҳамин заминагузориҳову бистарсозиҳо буд, ки дар миёнасадагон саромадоне ҳамчун Муҳаммади Закариёи Розӣ ва Абӯалии Синои Бухороӣ зуҳур карданд, ки ҳамзамон бо Буқроти юнонӣ ва Ҷолинуси румӣ ҳамчун шафақи гулгуни саҳар дар таърихи пизишкии ҷаҳонӣ медурахшанд.
Муҳаққиқ пас аз ғавру баррасии таърихчаи гиёҳпизишкӣ бемиёнҷӣ ба тавсифи 176 рустании шифоию ғизоӣ ва 5 моддаи табиии фаъол мепардозад ва иттилои кофие доири анбориш, хушкониш ва нигоҳдорӣ, шеваҳои таҳияву корбурди наботот ва нақши файзбахши афшура (об)-и меваҷоту сабзавот дар сохтмони бадани инсон, ки мӯҷиби дармони бемориҳои дилу рагҳо ва ҳазорреша (саратон) ва тӯли умр гашта, пириро вопас мегузоранд, ироа медиҳад.
Кайҳо муайян шуда, ки доруҳои кимиёвӣ асароти  манфии зиёде доранд ва ҳассосияти музминро ба бор меоваранд, аммо зиёни доруҳои наботӣ бамаротиб камтар аст ва ба ҳамин манзур илм саъй дорад, ки дар дорусозӣ рӯй асосан ба олами табиат биниҳад. Рустаниҳо як олами моломол аз асрору эъҷозот буда ва ҳанӯз инсонҳо ба умқи ин дорухонаи сабз нарасидаанд. Аз ин ваҷҳ Ҷаҳони Азонзод эътиқод дорад, ки табобати бемориҳои душвордармонро дар худи табиат бояд ҷуст, зеро алҳол рустаниҳое ҳастанд, ки таркиби кимиёвиву хосиятҳои шифоии онҳо омӯзиши мукаммал нашуда ва дар радаи гиёҳҳои шифобахш ҷой нагирифтаанд.
Воқеан вақте мегӯем, ки табиат моро табобат мекунад, ба он мафҳум аст, ки ҳар гиёҳ корхонаест печида, ки дар он синтези беш аз ҳазор моддаи биологии фаъол сурат мегирад ва барои як теъдод бемориҳо шифо мебахшад ва монанди ин ки наҷвое аз жарфои табиат ба гӯш фаро мерасад: дарде нест, ки дармон надошта бошад! Фаромӯшёдӣ касро вомедорад, ки ба дорухона дарояд, то ҳабҳои тақвиятбахши ҳофизаро дарёбад, аммо оризаҳои манфие доранд, дар сурате ки чунин дору ба ранги ҳулбӯ дар лаби ҷӯю боғҳо мерӯяд ва онро бояд ба ранги чой нӯшиду ҳофизаро қавӣ сохт. Корфармоёни ҷопонӣ ба қасди афзудани қобилияти кории тобеони худ идораҳоро бо бӯю накҳати нозбӯ, бобуна, пӯдина, мармарак, гашнич, сарв ва санавбар меогананд, то бо таҳкими ҳофизаю рафъи хастагӣ ба афзоиши фаъолияти зеҳнӣ мусоидат кунанд. Низ мавҷуд будани пӯсти лимӯву турунҷ, барги дарахти ғор, гули мехак ва гашнич рӯи табақчае дар ҳар хона, агар ҳассосият набошад, асари матлубе ба ҳофиза мегузорад ва имкон медиҳад, ки ҳаҷми бештари иттилоот фарогирӣ шавад.
Аз лобалои китоби мавриди баҳс чунин суолҳо берун меояд: Чаро мо ҷисман ранҷ мебарем? Чӣ гуна бо шеваи зиндагии солим ҳамоҳанг шавем? Чӣ сон хушбахтиро эҳсос кунем? Ҷавоби ин суолҳоро ҳам аз мӯҳтавои он меёбем. Саодати ҳар инсон дар саломати ӯст. Исбот шуда, ки барои солим зистан иксире ҷуз ғизои солим вуҷуд надорад, вале агар ин иксир баҷо ва ба андозаи муайян сарф нашавад, асаре воруна мегузорад ва фардро дучори касолат менамояд. Дар ин маврид ба хотир андарзи Буқрот – падари пизишкони ҷаҳон мерасад, ки гуфтааст: «Ғизои шумо бояд давои шумо ва давои шумо ғизои шумо бошад».

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият» 

Аз идора: муаллифи китоб Ҷаҳони Азонзод имрӯз ба синни мубораки 60 расид. Бо истифода аз фурсат, мо ба устод саломативу сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги илмӣ таманно менамоем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6688

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед