logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

Бегоҳии 25 январ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев  оид ба амали террористии дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рухдода  ва дигар масъалаҳо гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ин амали мудҳиши террористиро маҳкум карда, аз Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев хоҳиш  намуд, ки ба хешовандону наздикони қурбониёни фоҷиа ҳамдардии амиқи Президент ва мардуми тоҷикро расонад.
Дар рафти сӯҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омодагии ҷониби Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи мақомоти амниятии ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ибрози андеша кард.
Сарони ҳар ду давлат аз сатҳу сифати муносибатҳои феълии ҳукуматҳо  изҳори қаноатмандӣ карда таъкид намуданд, ки ҷонибҳо барои тақвият бахшидани муносибатҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд. Ҷоннок кардани фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба  амри зарурӣ шумурда шуд.
Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори тасаллият карда, иброз дошт, ки ҳукумати Федератсияи Русия барои табобати осебдидагон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 556

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед