logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Фарит Мухаметшинро ба ҳузур пазируфт

1 феврали соли  2011  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
"Муносибот бо Русия барои Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: "Имрӯз ҳамдастии стратегии ду кишвар тамоми самтҳоро фаро гирифтааст ва соҳаҳои гуманитарӣ дар миёни самтҳои ҳамкорӣ мақоми хос доранд".
Фарит Мухаметшин аз натиҷаҳои мулоқоту сӯҳбатҳояш бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва мӯҳтавои созишномаи нави байниҳукуматӣ оид ба ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ - фарҳангии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар иттилоъ дода, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои гуногуни ҳамкории гуманитарӣ ба нафъи мардумони Тоҷикистону Русия хоҳанд буд.
Татбиқи барномаҳои муштарак доир ба ворид намудани дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, мусоидат ба омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, зиёд намудани бурсияҳо (квотаҳо) барои қабули донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Русия ва ҳамчунин кӯмак ба ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ  аз самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи гуманитарии Тоҷикистону Русия маънидод гардид. Аз фаъолияти босамари филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав, ки дар соли равон сурат хоҳад гирифт, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд барои дар Тоҷикистон вусъат додани ҳунаромӯзию такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ, шиносоии онҳо бо талаботи қонунгузории ду кишвар ва бо роҳхатҳои расмӣ ба Русия ба кор фиристодани онҳо чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво омодагӣ ва ҳавасмандии устувори ду кишвар таъкид гардид.

www.president.tj


-Дар мулоқоти мо бо ҷаноби Президент масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи илмию фарҳангӣ, зарурати ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳо ворид намудани навтарин технологияи иттилоотӣ дар истеҳсолот, илму маориф, туризм ва дигар бахшҳо таваҷҷӯҳ зоҳир шуд, - гуфт Фарит Мухаметшин, роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фарит Мухаметшин дар сӯҳбат бо хабарнигорон тазаккур дод, ки мо бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ-фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе ба имзо мерасонем. Ин санад дар рушди минбаъдаи муносибатҳои мо дар ин бахшҳо мусоидат хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар назди марказ шӯъбаи ҳамкориҳои инноватсионӣ ва илмиву техникӣ таъсис ёбад.
Ба гуфти мавсуф, дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба омӯзиш ва аз худ кардани тахассус фаро гирифтани муҳоҷирони корие, ки ба Русия ва дигар мамолики ИДМ мераванд, матраҳ гаштааст. Зикр гардид, ки вобаста ба ин масъала барномаи махсус дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия таҳия хоҳад шуд.

Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 618

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед