logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011, № 35, ш. Душанбе Дар бораи муттаҳид намудани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва бо мақсади таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
1) Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуда, минбаъд Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
2) Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муттаҳид намудани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия таъсис дода шавад.
3) Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи   А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти фалсафаи ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шавад.
4) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии марбут ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд.

               Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ  РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 825

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед