logo

номаҳо

"Канали калони Ҳисор: пеши роҳи қонуншиканиро кӣ мегирад?", "Ҷумҳурият" № 14-15 аз 25.01.2011.

Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Ҳисор мақолаи  "Канали калони Ҳисор: пеши роҳи қонуншиканиро кӣ мегирад"? -ро баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Аввалан, ба профессори мӯҳтарам Ҷ. Икромӣ барои ба сафҳаи рӯзнома баровардани чунин масъалаи муҳим миннатдорӣ изҳор менамоем. ӯ дар ҳалли масъалае, ки мо то имрӯз ҷидду ҷаҳд дорем, саҳми худро гузоштааст.
Зикр бояд кард, ки доир ба масъалаи аз ҷониби Б. Ҳакимова, раиси маҳаллаи "Шараф"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, худсарона азхуд намудани қитъаи замини эҳтиётии Канали калони Ҳисор ва сохтмони тарабхона, дар таърихи 20 октябри соли 2010 ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат намуда  будем, ки пеши роҳи ин қонуншиканӣ гирифта шавад.
Дар ҷавоби Прокуратураи шаҳри Душанбе омадааст, ки Б.Ҳакимова ба қонуншиканиҳо роҳ дода, дар соҳили канал қаҳвахона бунёд карда бошад ҳам, тибқи Қарори раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе "Оиди қонунигардонии молу мулк" онро қонунӣ кардааст. Прокуратура ба мо ҷавоб ирсол намудааст, ки оиди ин масъала бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намоем. Айни ҳол оиди бекор намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи Б.Ҳакимова аризаи даъвогӣ тайёр карда истодаем ва дар рӯзҳои наздик ба суд ирсол хоҳем дошт.  
Қайд карданием, ки агар оиди ин масъала мақомотҳои дахлдор,  чун кумитаи заминсозӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое, ки Канали калони Ҳисор аз марзи онҳо мегузарад, бетарафӣ зоҳир кунанд, он гоҳ дар оянда низ шахсони дигар ба чунин қонуншиканӣ даст хоҳанд зад.
 Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав, кумитаҳои заминсозии ин ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин ва қонунӣ намудани молу мулки шаҳрвандон  Кодекси замин ва қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ин иншооти гидротехникӣ яке аз шоҳраги асосӣ оиди обёрӣ, инчунин таъмини оби нӯшокии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода мебошад. Барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани ин иншооти азим ҳамасола он то сад ҳазор метри мукааб аз лойқаю гил тоза карда, даҳ иншооти танзимкунанда таъмир карда мешавад. Албатта, корҳои зикргардида барои як иншооти бузург нокофист. Вале роҳбарияти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки вазъи техникии ин иншоот сол ба сол беҳ карда шавад. Барои мисол, ҷиҳати барқарорсозии иншооти об аз буҷаи мутамарказ соли ҷорӣ ба ин мақсад ҷудо гардидани зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ дар назар аст. Ғайр аз ин, барои таъмири асосӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ омода гардидаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани маблағ ин шабака таъмири асосӣ карда хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунам, ки Канали калони Ҳисор соли 1942 ба истифода дода шудааст ва соли оянда 70 - сола мешавад. Роҳбарияти Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Ҳисор аз роҳбарони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода хоҳиш менамояд, ки дар таъмир ва тармими ин иншооти бузург саҳмгузор бошанд, то ин ки соли 2012 ҷашни 70  - солагии Канали калони Ҳисорро сазовор пешвоз гирем.

Тоҷиддин АСЛОВ,
сардори Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 684

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед