logo

иқтисод

"Саҷҷодаи Анзоб" ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Ҷангалпарварӣ тайи солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, туфайли дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа корҳои назаррас ба ҷо оварда мешаванд. Дар баробари нигоҳдории ҷангали мавҷуда ҳамчун боигарии миллӣ, дар домани дашту таллу теппаҳо ва  манотиқи кӯҳистони кишвар  низ ҷиҳати васеъ гардонидани он тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд.
Дар сарзамини мо, ки табиат ба он иқлими мусоид, оби фаровону офтоби босахо  ато намудааст, имкони парвариши кулли дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, буттаву гулу гиёҳ  фароҳам аст. Ва ҷангали дарахтони мухталиф тӯли садсолаҳо зеби ин кишвари зебову афсонавӣ гардидааст.
Яке аз чунин гӯшаҳои дорои табиати нотакрор водии Зарафшон, бахусус болоби он аст. Ин макон дар радифи кӯҳҳои сарбаафлоки барфпӯш, наҳрҳои софу зулол  бо ҷангали анбӯҳи арчазораш шӯҳратёр буду ҳаст. Ин дарахти сӯзанбарги ҳамешасабз, ки  бо номи "Арчаи Зарафшонӣ" ёд мешавад, дарахти ватанӣ буда, ҳазорсолаҳост, ки мардум аз он чун маводи сӯхту сохтмонӣ истифода мебаранд.  Он 10 -15 метр қад дошта, вобаста ба мусоидии иқлими маҳал солҳои зиёд нашъунамо ёфта, тақрибан пас аз 40 - 50 сол дарахти болиғ дониста мешавад. Мардуми маҳал умри онро 300 - 400 сол ва аз ин ҳам бештар медонанд.
Таърихи начандон дури сарзамин шаҳодат медиҳад, ки ин дарахти бисёрсола дар баробари таъмини эҳтиёҷи аҳолии маҳаллӣ, дар сохтмони хонаҳои бошаҳомат, кушку қасрҳои шаҳрҳои  Панҷакенту Самарқанд ва Бухоро фаровон истифода мешуд. Ҳокимони вақт арчаҳои азимро бо ёрии аҳолӣ бурронида, тавассути маҷрои дарёи Зарафшон ба поёноб равона менамуданд. Сифати аълои  дарахти арча чун маводи сӯхт низ аз чашмони ҳамабини "хӯҷаинони вақт" дур намемонд. Дар радифи он, ки шохаву танаи он тануру оташдони ҳавлиҳои сокинони маҳаллиро метафсонид, бо амру супориши соҳибони корхонаҳои оҳангудозии шаҳрҳо арчаро нимсӯхта карда, онро тавассути лингаву хурҷин бо хару асп  аз болооб ба водӣ  мекашониданд. Ба тадриҷ ҷои ҷангали анбӯҳи ин дарахти бисёрсола лучу урён гардида, ба замини кишт, ки дар ин минтақа аҳолӣ ба он эҳтиёҷи калон дошт, табдил меёфт.
 Ҳамин тариқ, мувозанати экологӣ вайрон шуд ва ин бе асар намонд. Бо селу ярчу тарма поён хамидани кӯҳпораҳои водӣ сол ба сол афзуда, ба хоҷагии халқ хисороти азим ворид менамуд. 
 Саросар қир шудани арчазори водӣ танҳо дар нимаи аввали асри бист коҳиш ёфт, зеро истеҳсоли ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда, масолеҳи сохтмонӣ тавассути қатора аз Русия оварда мешуд.
 Сар аз ин давра марҳалаи эҳёи дубораи  арчазори водӣ имконпазир гардида бошад ҳам, иқлими маҳал  имкони вусъати бемайлони онро таъмин карда наметавонист. Зеро  давраи инкишофи ин навъи дарахти кӯҳистон солиёни зиёдро тақозо мекард. Ҳамин тавр, то ба имрӯз мавзеъҳои холигардидаи водӣ  лучу урён боқӣ мондаанд.
Мутахассисон бар он ақидаанд, ки 10 - 15 адад арчаи 60 - 80 -солаи дар баландиҳо нумӯъкунанда  баробари як гектар зардолузори водӣ қобилияти нигоҳ доштани намнокиро дорад. Агар  организми инсон ба микроэлементҳо зарурат дошта бошад, арча витамини лозимаи табиати кӯҳистон аст.
Марҳалаи гармшавии иқлим зарурияти  дигари парвариши ин дарахти кӯҳистонро пеш овард. Зеро маҳз арча метавонад намнокии кофиро дар баландкӯҳҳо таъмин намуда, обшавии пиряхҳоро пешгирӣ намояд.
  Бо назардошти ҳифзи муҳити зист, таъмини мувозинати табиати маҳал ва сарсабзу хуррам  гардонидани мавзеъҳои баландкӯҳ соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ "Саҷҷодаи Анзоб" таъсис дода шуд. Дар масоҳати 230 гектар замине, ки дар баландии 3 ҳазор  метр аз сатҳи баҳр қарор дошт,  қитъаи таҷрибавии илмӣ -истеҳсолӣ (мамнӯъгоҳи хурд) ташкил ёфт. 12 соли гузашта аз санаи таъсиси мамнӯъгоҳ собит намуд, ки дар сурати пешгирии қуруқшиканӣ, шинонидани ниҳолони  арча ва дигар намуди дарахтони ҳамешасабз имконияти васеъ кардани ҷангалзори ин намуди дарахтон фароҳам аст.  Пас аз  санҷиши фаъолияти   "Саҷҷодаи Анзоб" аз тарафи Комиссияи давлатии Хоҷагии ҷангал ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо пешниҳод ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қарори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ майдони таҷрибавии илмӣ - истеҳсолии мамнӯъгоҳ васеъ карда, ба 10,5 ҳазор гектар расонида шуд.
 Бо дастгирии ҳарҷонибаи садорати Хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ алҳол ҳар як дарахту бутта, майдони гиёҳҳои шифобахш  ва ҳайвони ваҳшии деҳи Анзоб, Марзич, Марғеб, Хишортоб, Ворсовут ва Яғноб ба ҳисоб гирифта, ҳифзи минбаъдаи он тарҳрезӣ гардид. Дар ҳифзи табиати диёр дар баробари кормандони мамнӯъгоҳ табиатдӯстони деҳоти номбурда низ  саҳм мегузоштагӣ шуданд.
Агар аз қуруқшиканон бозпас гирифтани дарахту буттаҳое, ки бо мақсади ҳезум  бурида шудаанд, норозигии онҳоро ба вуҷуд оварда бошад, ба мактабу пунктҳои тиббӣ ва пиросолони эҳтиёҷманд тақсим шудани ин ҳезум миёни ҷомеаи маҳал дастгирӣ ёфта, сафи иштиёқмандони ҳифзи муҳити зист ба маротиб афзуд. 
 Феълан кормандони парваришгоҳи илмӣ - истеҳсолӣ дар мамнӯъгоҳ ҳар як дигаргунӣ ва ҳодисаҳои табииро таҳти назорати доимӣ қарор дода, вазъи кунунии пиряхҳоро чун заминаи асосии захираи оби маҳал махсус таҳқиқ менамоянд. Тасмим дорем то тирамоҳи оянда саршумори ҳайвоноти ваҳшии маскуни ҳудуди минтақа пура ба ҳисоб гирифта шавад.
Бо назардошти он ки ҳифзи муҳити зист кори дастаҷамъонаро тақозо менамояд, бо пешниҳоди ҳамкории дуҷониба ба маъмурияти мактабҳои деҳаҳои ҳудуди майдони таҷрибавӣ - истеҳсолӣ  тадбирҳои амалии сӯдманд рӯи кор омаданд. Агар ҳайати устодону мактаббачагон бо корҳои ташвиқоту тарғибот,  пешгирии қуруқшиканӣ, дар фасли  сармо расонидани маводи хӯрока ба паррандагон (кабку мусича, аккаву гунҷишк, ки ин намуди паррандагон дар маҳал муқимианду ба мавзеи дигар кӯч намебанданд), ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд, масъулони "Саҷҷодаи Анзоб" дар навбати худ мактабҳоро бо маводи сӯхт (ҳезум)  ва  ҷиҳози мактабӣ таъмин намуда, илова бар ин ба фаъолони ҳаракати экологӣ мукофотҳои пулию ҳавсамандгардонӣ медиҳад. Ин таҷриба дар мактаби деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ самараи дилхоҳ дода истодааст.
 Ҳосил гардидани  чунин таҷриба ва ба даст омадани натиҷаҳои нахустин моро ҷиҳати пешбурди ин кори муҳим ба баргузор намудани як чорабинӣ  дар сатҳи ҷумҳурӣ водор намудааст. Тибқи нақшаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ният дорем доир ба роҳҳои самарабахши ҳифз ва пешгирии обшавии бошиддати пиряхҳое, ки  дар баландии аз 3000 метр зиёд ҷой гирифтаанд, конфронси ҷумҳуриявӣ доир намоем. Мутмаинам, ки ин тадбир, ки бо иштироки ҷомеаи маҳал, намояндагони дигар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар ва мутахассисони соҳа баргузор хоҳад шуд, ба тақвияти фаъолият бобати ҳифзи муҳит ва боло рафтани маърифати экологӣ  мусоидат менамояд.
Агар  мо ба ин нақшаҳои тарҳрезинамуда комёб шавем, коркарди маҳсулоти ҷангал, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш,  ҳифзи ҷангалзор ва билохира, таъсиси минтақаҳои биологӣ  самараи нек ба бор оварда метавонад.

Давлатёр САЛОМОВ,
раиси ҶДММ "Саҷҷодаи Анзоб"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 888

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед