logo

мулоқотҳо

Президенти кишвар Роҳбари ҳайати ХБА доир ба Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

2 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, Тодд Шнайдер - Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва кишварҳою созмонҳои мададрасон баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи асосӣ ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, тамоюлҳои кунунӣ дар бозори ҷаҳонию минтақавӣ, болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ ва ҳамчунин  роҳҳои пешгирӣ аз осебпазирии кишвари мо аз ин равандҳо зоҳир гардид.

Тодд Шнайдер ба Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои кори дуҳафтаинаи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар шароити рӯ ба коҳиш овардаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба иттилои Тодд Шнайдер, ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон як зумра тадбирҳо андешидаанд, ки ба баррасии Шӯрои директорони  хазина пешниҳод мегардад. Дар сурати ба тасвиб расидани ин пешниҳод ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла коҳиш додани таъсири манфии болоравии нархи озуқаворӣ ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори ҷаҳонӣ, 20 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 551

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед