logo

илм

Истилоҳсозӣ: аз шеваи фармонфармоӣ ба сӯи таҷдиду такмил

Дар ҷаҳони илму адаби мо шахсиятҳои бузурге фаъолият карда, аз худ осори зиёди илмиву адабӣ мерос гузоштаанд, ки имрӯз илму фарҳанги мо бо номи онҳо  ифтихор дорад. Яке аз ин гуна шахсиятҳои барҷастае, ки дар таърихи илму адаби нимаи дувуми садаи бист хидмати бепоёну шоистае анҷом додааст, Муҳаммад   Осимӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Устод Осимӣ аз соли 1965 то соли 1988, яъне 23 сол роҳбари Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ буд. Фаъолияти доманадори илмӣ ва созмондиҳии илмии устод Осимӣ  бештар  дар  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир шуд. ӯ ба адабиёт ва забон шавқи беандоза дошт. Тавре ки  аз фаъолияти  илмиву фарҳангии ӯ маълум мешавад, пайваста барои густариши илми филология ва махсусан барои тавсеа ва густариши фаъолияти  Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун маркази пажӯҳиши ин соҳа корҳои  шоистае анҷом додааст. Дар як мулоқоташ ба кормандони Пажӯҳишгоҳ ӯ чунин мегӯяд: «Ба забону адабиёт дилбастагии ман зиёд буд, ин дар мулоқотҳоям бо устод Айнӣ оғоз шуда буд. Бинобар ин ба институт таваҷҷӯҳи хоса доштам».
Саҳми устод Осимӣ дар рушду густариши  илми забоншиносии тоҷик бисёр доманадор буда, ба таври мухтасар  масъалаҳои бунёдии  забони тоҷикӣ, ташаккули он, таҳияи грамматикии илмии забони тоҷикӣ, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносиро дар бар мегирад. Дар ҳамин сӯҳбати худ  устод вазъи забони тоҷикиро дар солҳои баъдиҷангӣ хеле нозукона чунин тасвир кардааст: «Масъалаи вазъи бади забон дар давраи ҷанг пайдо шуда буд. Пеш аз ҷанг, солҳои сӣ вазъи зиёиёни мо ба фикрам бисёр коста шуд ва дар ҷанг бисёр ҳалок  шуданд, баъди ҷанг омадем, ки зиёиён-забондонон ҳам қариб набуданд. Мо ба онҳо эҳтиёҷ доштем, ҳатто тарҷумаи номҳои бурҷҳои астрономиро аз модарам, ки бисёр саводнок буданд, мепурсидам. Як рӯзи истироҳат китоби «Физика»-ро барои мактабҳои миёна тарҷума мекардам. Дар вақти тарҷума кардан як кас даромада гуфтанд, ки дар рӯзи истироҳат чӣ кор карда истодаӣ? Гуфтам: тарҷума. Ҷавоб дод: Ба кӣ даркор, баъди 20 сол забонат нест мешавад, ҷояшро забони русӣ мегирад. Ман гуфтам, баъди бист сол мо ба  қадри забонамон мерасем. Ман  бисёр хушбахтам, ки имрӯз ба қадри забон мерасидагӣ шудем».
 Дар нимаи дувуми солҳои 70-уми садаи XX баҳс сари сароғози густариши забони тоҷикӣ ва номи он хеле гарм буд. Масъалаи  «забони нав» будани забони тоҷикӣ дар он давра аз тарафи донишмандони  забоншинос доман зада мешуд ва як навъ ақидаи  расмӣ  ҳам ҳисоб мешуд. Дар рӯзҳои истиқболи ҷашни 100-солагии устод Айнӣ забоншинос Раззоқ Ғаффоров бо номи «Устоди сухан» китобе  менависад ва дар он мисли китоби  дигари худ бо номи «Ленин дар бораи забон» (1988) ақидаи «забони нав» будани забони тоҷикиро исбот карда, онро ба забони давраи классикӣ муқобил мегузорад. ӯ ин забонро «забони адабии миллии  тоҷик» номгузорӣ карда, устод Айниро асосгузори он ба қалам додааст.
Ин ақида баъдан дар ҷамъомади роҳбарони илмӣ ва аспирантони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Муҳаммад Осимӣ рад карда шуд. Тавре ки Шарофиддини Рустам, донишманди забоншиноси тоҷик, менависад: «ӯ аз таърихи ин забон, хидмати аҳли адаб дар инкишофи он бо як маҳбубияти хос сухан ронда, хулоса кард, ки агар мо асосгузори ин забонро муайян карданӣ бошем, онро дар аҳди Сомониён бояд биҷӯем, ки ба ҷуз аз устод Рӯдакӣ  касе  ба назари ман намерасад».
Албатта, барои забон асосгузор ҷустан худ як ақидаи бисёр  бебунёд аст ва бебунёдии онро дарк карда, хидмати устод Айниро дар рушду густариши забони адабии тоҷик зикр намуда, дар айни ҳол офаридгори забони адабии тоҷик будани халқи тоҷикро зикр намудааст, ки мо онро дар пешгуфтори «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» мебинем. Ин пешгуфтор аз тарафи устод Осимӣ таҳрир гардида, ӯ ба он иловаҳо низ дохил кардааст. Бояд гуфт, ки худи таҳияи ин Грамматика бо ибтикор ва ташаббуси устод Осимӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар пешгуфтори он чунин омадааст: «Офаридгори забони адабии тоҷик халқи тоҷик мебошад. Ин забон дар асрҳои IX-X ташаккул ёфтааст. Дар забони адабии асрҳои IX-X ҳамаи  аломатҳои  забони адабӣ: соҳибхаттӣ, сарашавӣ, устувории норма ва бартарӣ аз шева падид меояд. Дар ин давра  корҳои давлатӣ, мукотибаи расмӣ ба ин забон  сурат гирифта, адабиёти бадеии оламшумул офарида мешавад, асарҳои илмӣ ва таърихӣ таълиф меёбанд. Асарҳои безаволи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино дар ҳамин давра  ва ба ҳамин забон таълиф шудаанд. Дар натиҷа мақоми  забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) торафт баланд шуда, эътибори он аз доираи Осиёи Миёнаву Хуросон берун мебарояд». Ин грамматикаи академикӣ бо номи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» дар се ҷилд солҳои 1985, 1986, 1989 ба чоп расид.
 Хулоса, устод Осимӣ бо ҳам муродиф будани тоҷикӣ, форсӣ ва дариро борҳо таъкид карда, се гунаи як забон будани онро бо мисолҳо дар суханрониву навиштаҳояш  исбот кардааст. Ин ақидаи устод Осимӣ, ки дар он замон тарафдорони кам дошт, имрӯз яке аз пояҳои сиёсати забонии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: «Забони зиндаи  тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ» навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ  ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва  ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода  ва аллома Ғафуров бинависад…»
  Риштаи фарҳангнигорӣ яке аз дигар риштаҳои забоншиносӣ мебошад, ки устод Осимӣ дар он ба таври бевосита иштирок кардааст. Таҳияи «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ зери роҳбарии бевоситаи устод Осимӣ сурат гирифтааст. ӯ раиси ҳайати таҳририяи  ин фарҳанг буда, ба ғайр аз  корҳои роҳнамосозӣ ва  чопи он, ки заҳмати зиёдеро талаб мекард, дар таҳрири ин фарҳанг ба таври мустақим ва фаъол саҳм гирифтааст.  Фарҳанг соли 1985 дар нашриёти «Русский язык»-и Москва  чоп шудааст ва 72 ҳазор калимаро дарбар мегирад. Фарҳанги мазкур то ба ҳол китоби рӯйимизии мутахассисон ва алоқамандони забон мебошад.
Соли 1970 бо Қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистӣ ва Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ дар назди Академияи илмҳо Сарредаксияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ) ба фаъолият оғоз намуд. Устод Осимӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси «Энсиклопедияи  Советии Тоҷик» роҳбарии ин муассисаро низ ба ӯҳда дошт. Бунёди чунин маркази бонуфуз рӯйдоди муҳимми илмӣ ва фарҳангие буд, ки дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ назир надошт. Ин  идора гоҳ дар ҳайати Академияи илмҳо ва гоҳҳо ба сурати мустақил фаъолият карда, то имрӯз барои илму дониши мамлакат чандин ҷилд қомуси гаронбаҳо таҳия ва нашр кардааст. Дар муддати бист соли фаъолияти ин муассиса ба муносибати 50- солагӣ ва 60-солагии Тоҷикистон «Энсиклопедияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» ва ҳашт ҷилди «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» таҳия ва нашр гардид. Ин энсиклопедияҳо дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ баҳои баланд гирифт. 
 Дар ин муассиса кадрҳои зиёди илмӣ таҳти  роҳбарии бевоситаи   устод Осимӣ ба камол расидаанд. Барои забони тоҷикӣ ва инкишофи вожашиносии забон муҳим он аст, ки ин Энсиклопедия ба забони тоҷикӣ нашр мешуд. Аз 50 ҳазор мақола бештари он ба Тоҷикистон, таърих, иқтисодиёт, илму техника, маданият, адабиёту санъат ва фаъолияти шахсони намоёни кишвар бахшида шудааст.
Равшан аст, ки арзёбии фаъолият ва таҳлилу баррасии осори чопкардаи он баҳси алоҳида ва мавзӯи китобҳо хоҳад буд. Мо танҳо чанд ҷанбаи онро, ки барои таҳқиқ ва омӯзиш арзиш доранд, ёдовар мешавем:
1. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин  Донишномаҳо аз нигоҳи шарҳи мафҳум ва вожагон нақши луғати тафсилиро мебозанд. Зеро дар зимни матни мақолот мафҳумҳо ва вожаву ибораҳо, аз ҷумла истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ ба таври муфассал шарҳ дода мешаванд.
2. Нашри лоиҳаҳои луғатномаҳои мавзӯӣ дар риштаи улуми иҷтимоӣ, ки онҳо ба ғайр аз вожагони хоси соҳаҳо, бино ба муштаракоти табиӣ миқдори зиёди истилоҳоти навро низ фаро мегиранд.
Энсиклопедияи Советии Тоҷик мутобиқи барномаи худ норасоӣ ва корбурди гоҳҳо ғалат ва эзоҳталаби истилоҳотро ба назар гирифта, бино ба қоидаву қонун ва расми фарҳангнигории энсиклопедӣ ё донишноманависӣ ба таҳия ва тадвини як силсила луғатҳои энсиклопедии соҳавӣ низ шӯрӯъ карда буд. Соли 1972 лоиҳаи нахустин луғатномаҳои озмоишӣ ду дафтар (қисми 1 ва 2) дар риштаи таърих ва ду дафтари дигар ба ҳамон шакл дар соҳаи ҳуқуқ чоп ва «барои муҳокима» пешниҳод гардид.
Соҳаи истилоҳот ва таҳияи фарҳангҳои истилоҳӣ низ яке аз риштаҳои дигари забоншиносӣ  аст, ки устод Осимӣ дар роҳандозӣ, барномасозӣ ва таъсиси ду созмони истилоҳсозӣ, яъне Комитети  терминологияи АФ РСС Тоҷикистон (1961) ва Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ ба таври бевосита иштирок кардааст.
Бояд гуфт, ки Комитети терминологияи Академияи фанҳо бо ташаббуси бевоситаи Президенти онвақтаи Академияи илмҳо Султон Умаров, ки яке аз роҳбарони дурандеши илми тоҷик ба ҳисоб меравад, 22 июни соли 1960 бо Қарори  Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 276 таъсис ёфта, 21 нафар узви ҳақикӣ дошт, ки феҳристи номи  онҳо аз тарафи Совети Вазирон тасдиқ мегардид. Бо омадани устод Осимӣ ба вазифаи Президенти АИ ҶТ кори  ин кумита ҳам хеле фаъол гардид. Солҳои 60-80-уми асри гузаштаро давраи пурбор ва солҳои густариши ҳамаҷонибаи  истилоҳшиносӣ шуморидан мумкин аст. Дар ин муддат зиёда аз 25 луғатномаи истилоҳӣ таҳия ва нашр гардиданд.
 Луғатномаҳои соҳавии риштаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ, монанди истилоҳоти адабиётшиносӣ, ҳуқуқ, фалсафа, иқтисодиёт, забоншиносӣ ва таърих асосан дар ҳамин солҳо аз чоп баромад. Матлаби қобили ёдоварии дигар дар ин замина он аст, ки таҳиягарони чунин луғатномаҳо ба таври куллӣ донишмандони риштаҳои мухталифи улуми иҷтимоӣ, монанди худи устод М. Осимӣ, А. Мухторов, М. Шукуров, С. Табаров,           Я. Калонтаров, Р.  Юсуфбеков, С. Раҷабов, В. Кандаков,                     А. Бухоризода, М. Мамадназарбеков, Р. Ҳодизода, М. Диноршоев буданд. Аз рӯи аксуламалҳои матбуот маълум мешавад, ки чопи онҳо аз ҷониби алоқамандон ва мутахассисони ин соҳа ба хубӣ истиқбол мешуд ва илова бар тартибдиҳандагон, махсусан С. Табаров, М. Шукуров, Я. Калонтаров забоншиносон ва вожашиносони намоён Н. Шарофов, Ш. Рустамов, А. Ҳакимов ва дигарон дар тақриз ва арзёбии онҳо иштирок карда, андешаҳои худро доир ба комёбиҳо, нокомиҳо ва роҳҳои беҳбуди чунин луғатномаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо баён кардаанд.
Хулоса, истилоҳсозии  забони тоҷикӣ аз охири солҳои 70 - ум ба ин тараф зери роҳнамоӣ ва роҳбарии бевоситаи устод Осимӣ   батадриҷ аз шеваи фармонфармоӣ ба сӯи таҷдид ва такмил равон гардид. Дар ин солҳо илова бар луғатномаҳои сершумори соҳавӣ доир ба илмҳои гуногун аввалин бор «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи юридикӣ» (Раҷабов С. А., Бухоризода А. Л. ва дигарон, 1965 ); «Луғати русӣ - тоҷикии терминологияи философия» (Осимӣ М., Бачаев М., Диноршоев М., 1966); «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русии терминҳои забоншиносӣ» (Калонтаров Я. М., Капранов В. А., 1974); «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих» (Мухторов А., Ягонӣ А., 1974); «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии терминҳои сиёсӣ» (Диноршоев М., Калонтаров Л.М., 1975); «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи адабиётшиносӣ» (Табаров С. Ш., 1980) ва луғатномаҳои нимтафсилӣ аз қабили «Луғати мухтасари терминҳои адабиётшиносӣ» (Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., 1966); «Луғати мухтасари иқтисодӣ-сиёсӣ» (Юсуфбеков Р., Мамадназарбеков М., 1979) ва чанде дигар аз чоп баромаданд. Ин луғатномаҳо баъдтар манбаи хубе барои тартиб додани  луғатномаҳои соҳавӣ гардид ва дар оянда фарҳангсозони истилоҳоти улуми иҷтимоӣ, албатта, бо назари нав аз онҳо истифода хоҳанд кард.
 Фаъолияти созмондиҳии илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва таъсиси  ниҳоду сохторҳои илмӣ дар ҳайати АИ ҶТ шояд яке аз босамартарин ҷанбаи фаъолияти устод Осимӣ бошад. Фақат дар  робита бо фаъолияти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки дар солҳои карахтӣ, ки бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ аз рӯйи принсипи боқимондаҳо маблағгузорӣ мешуду сармоягузории асосӣ ба дигар соҳаҳои илм тахсис меёфт, бо роҳнамоиҳои Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар  Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт шӯъбаи мероси адабӣ, шӯъбаи помиршиносӣ, шӯъбаи истилоҳот ва имло, шӯъбаи забон ва адабиёти рус таъсис ёфт. Шумораи умумии кормандони Пажӯҳишгоҳ ба 186 нафар мерасид ва дар Пажӯҳишгоҳ 12 шӯъба фаъолият мекард. Имрӯз аз он дастовардҳои солҳои карахтӣ дар Пажӯҳишгоҳ чизе намондааст. Дар муддати 10 сол (1990-2000) ин шӯъбаҳо  барҳам хӯрданд, бастҳои он барои таъсис додани    муассисаҳои дигар ба  Раёсати  АИ ҶТ интиқол дода шудаанд. 
 Имрӯз, ки ба фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии  устод Осимӣ   нигариста, дар бораи ӯ сухан меронем, пеш аз ҳама симои нуронӣ, хирад ва фазилати ирсии бузургони мардуми мо, хислатҳои фархунда, муносибати пур аз ғамхорӣ нисбат ба инсон, хусусан нисбат ба ҷавонони соҳаи илму фарҳанги мо пеши назар  меояд. ӯ ба сифати як инсони донишманд, инсони комилу асил дар пеши назари мо ҷилвагар мешавад. Фаъолият ва кору пайкори устоди зиндаёд Муҳаммад Осимӣ дар ҷабҳаи илму фарҳанги мо ҳамчун як фидоии илм ҷовидонӣ ва намунаи ибрати ояндагон хоҳад буд.

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1332

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед