logo

мулоқотҳо

Русия дар бунёди бозори фурӯши барқ ширкат меварзад

11 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Борис Ковалчук - роҳбари ҳайати Ҷамъияти саҳомии кушодаи "ИНТЕР РАО ЕЭС" - и  Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба фаъолияти имрӯза ва ояндаи Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1, пардохти қарзи ШСХК "Барқи тоҷик" ба ин нерӯгоҳ, имконоти иштироки Русия дар бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, хатти 500 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқи КАСА - 1000 ва бунёди бозори минтақавии фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.

Зикр гардид, ки барои пардохти қарзи ШСХК "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи  Сангтӯда - 1 нақшаи мушаххас тартиб дода шудааст ва то охири соли равон қарз бояд пурра бартараф карда шавад.
Дар робита ба имкони иштироки Русия дар татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000 ва бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ дар Тоҷикистон Борис Ковалчук изҳор дошт, ки "дар сурати вуҷуд доштани бозори содироти нерӯи барқ Русия омодааст, ки дар амалӣ намудани ин ва дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд".
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар посух изҳор дошт: "Тоҷикистон тасмими Русияро ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавии худ хуш мепазирад".
Зимни сӯҳбати созанда ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқӣ таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 492

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед