logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Карочӣ

Аз 7 то 10 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз хусуси ин сафар дар шумораҳои 33, 34 ва 35-и худ матлабҳо ба табъ расондааст. Инак, гузориши охирин пешкаши хонандагон мегардад.
Дар шаҳри Карочӣ - маркази маъмурии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон бинои нави Консулгарии генералии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар  Карочӣ, ки бузургтарин маркази тиҷоратӣ, саноатӣ ва дорои бандарҳои баҳрии Покистон аст, омили муҳим баҳри густариши робитаҳои судманди Тоҷикистон бо ин шаҳр ва ҳам ин музофоти бузургу зудрушдёбандаи Покистон маънидод гардид.
Дар фароварди сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон ба бандари Карочӣ ташриф оварда, бо он аз наздик ошноӣ пайдо намуд ва бо роҳбарияти бандар доир ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд дар бахши боркашонӣ ва транзит гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Умуман, сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пазироии гарму самимии роҳбарият ва мардуми Покистон  дар фазои таваҷҷӯҳи хоса ҷараён гирифт. Инъикоси васеъи рафти сафар дар воситаҳои ахбори умуми Покистон, шиору овезаҳои сершумори таҷассумгари дӯстию рафоқати ду кишвар ва тавофуқоти сершумори ҳосилшуда аз сатҳи баланди пазироӣ ва натиҷаҳои пурарзиши ин сафар гувоҳӣ медиҳад.
Баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 10 март аз шаҳри Карочӣ ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 639

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед