logo

маориф

Сиёсати ягонаи давлатии такмили ихтисос ба назар намерасад

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (25 апрели соли 2008) таъкид гардид, ки «сарфи назар  аз пешравиҳои мавҷуда мо дар соҳаи маориф ҳоло ба дараҷаи матлуби сифати  таълиму тарбия нарасидаем…».
Мақсади ниҳоии мактабу маориф  дар тамоми зинаҳои  таҳсилот таъмин намудани сифати он  аст. Имрӯз таълиму тарбия  аз тарафи муаллим чунин бояд сурат гирад, ки дар ҷараёни  он толибилм на танҳо дониши ҳозиразамон гирифта тавонад, балки вобаста ба  ин дониш малакаи ҳаётиеро низ  аз худ намояд, то  ки ба  талаботи зудтағйирёбандаи ҷамъиятӣ мутобиқ гардад. Аз ин рӯ, бо назардошти  мақсади ниҳоии мактабу маориф маҳорати касбии омӯзгор бояд  сайқал ёбад.
Ба талаботи замон мутобиқ  сохтани муаллими имрӯзаро шабакаи таҳсилоти иловагӣ, алалхусус муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони маориф низ ба амал мебароранд.
Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ шабакаи васеи муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони  соҳаи маориф (Донишкадаю марказҳои такмили ихтисос) амал мекунад.  
Донишкадаю марказҳои такмили ихтисоси мавҷуда бояд дар  навбати аввал фарогирии пурраи  кормандони соҳаи маорифро  ба курсҳои такмили ихтисос таъмин намоянд. Бо ибораи дигар, ҳар  сол дар ҷумҳурӣ бояд на камтар аз  21 ҳазор (ё худ 20 фоизи) кормандони маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд.
Соли гузашта аз тамоми шабакаҳои  такмили ихтисоси мавҷуда ҳудуди  понздаҳ ҳазор корманди соҳа аз  курсҳои такмили ихтисос гузашт, ки ин 71 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби дигар шабакаи мавҷуда, тавре ки таҳлил нишон медиҳад, мукаммал нест. Он такмили ихтисоси тамоми кормандони соҳаи маорифро фаро намегирад.
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, марказҳои такмили ихтисоси вилоятию шаҳрии мавҷуда барои баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, мактабҳои миёнаю олии касбӣ имконияти пурраи моддӣ,  таълимӣ ва кадриро надоранд.
Вазъият талаб менамояд, ки барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ имрӯз бояд аз имкониятҳои мактабҳои олии касбии базавии ҷумҳурӣ истифода бурда шавад. Дар назди ин гуна мактабҳои олии базавӣ факултет ё донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ таъсис додан ба  мақсад мувофиқ аст. Фарз кардем, таъсис додани чунин донишкада дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ имкон медод, ки  такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони тамоми мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ дар ин ҷо баргузор гардад. Ва ё таъсиси чунин донишкада дар назди Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои аз такмили ихтисос гузаронидани ҳамаи омӯзгорони мактабҳои олию миёнаи касбии иқтисодӣ ва кафедраҳои назарияи иқтисодии тамоми муассисаҳои таълимӣ хеле мувофиқ мебуд. Ҳамин тариқ, дар назди Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон барои омӯзгорони риштаи техникию  технологӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон барои риштаи забон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ, ҳуқуқ ва ғайра. Фаъолияти чунин факултету донишкадаҳои навтаъсис  метавонист  дар  асоси шартномавӣ (ҳоло муассисаҳои таҳсилоти касбӣ имконияти молиявӣ доранд) ба амал бароварда шавад.
Бо ин роҳ, мо метавонем тамоми кормандони соҳаи маорифро ба такмили ихтисос фаро гирем, системаи ягонаи  такмили ихтисосро ба вуҷуд оварда,  сиёсати ягонаи  давлатиро дар бахши  такмили ихтисос таъмин намоем.
Айни замон маблағгузории расмӣ барои такмили ихтисос ба таври бояду шояд вуҷуд надорад. Кадом тарафи такмили ихтисосро, ки таҳлил накунем, кадом самти фаъолияти донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифро арзёбӣ накунем, дар ниҳояти кор бо масъалаҳои маблағгузорӣ  дучор мешавем.
Масалан, манбаи маблағгузории донишкадаи мо  буҷети ҷумҳуриявӣ буда, манбаи маблағгузории марказҳо буҷети маҳаллӣ аст. Андозаи маоши кормандони марказҳо нисбат ба маоши кормандони донишкада ба маротиб кам аст. Донишкада аз рӯйи системаи  кафедравӣ амал карда кори илмию тадқиқотӣ  низ мебарад, марказ бошад, бо системаи кабинетӣ бештар бо кори таълимию методӣ машғул аст.
Бартарии системаи кафедравӣ  исботро талаб намекунад. Гуногун будани манбаъ ва сатҳи  маблағгузории такмили ихтисос боиси пеш омадани фарқиятҳо дар  мазмуну мундариҷаи фаъолияти шабакаи мавҷудаи такмили ихтисос гардидааст. Аз ин рӯ,  боло бурдани мақоми марказҳо  талаботи рӯз аст ва яке аз роҳҳои он ба филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф табдил додани  марказҳои такмили ихтисоси вилоятию шаҳрӣ ва таъмини маблағгузории мутамаркази онҳо мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин боб маблағгузории ғайримутамарказ чандон самаранок нест.
Зикр бояд кард, ки тарзи маблағгузории мавҷуда имконияти  бо техникаю технологияи муосир таҷҳизонидани синфхонаҳоро фароҳам намесозад. Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ба биноҳои таълимии бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз, хобгоҳи замонавӣ барои 100-250 нафар,  китобхонаи электронӣ ва дар системаи такмили ихтисос ҷорӣ кардани шабакаи иттилоотии идоракунӣ ниёз доранд, ки билохира бо маблағгузорӣ вобаста аст. Ба назари мо, агар дар ҷараёни таҳсилоти муттасил (бетанаффус) такмили ихтисос ҳамчун зинаи ниҳоӣ ва хеле зарурӣ (ҳатмӣ) ҳисобида шавад, пас мақоми он бояд мисли зинаҳои дигари таҳсилот (томактабӣ, умумӣ, касбӣ) муайян гардад. Бо ибораи дигар, ҳангоми таҳрезии буҷаи давлатӣ оид ба соҳаи маориф, «такмили ихтисос» ҳамчун моддаи алоҳидаи маблағгузоришаванда муайян гардад. Ин амр имконият медиҳад сиёсати  ягонаи давлатии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон судманд татбиқ гардад.
Таҳлили вазъи такмили ихтисос дар  ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки миқдор ва таркиби сифатии кадрҳои илмию педагогии донишкадаю марказҳои такмили ихтисос қаноатбахш нестанд. Хусусияти ин  муассисаҳои таълимӣ талаб менамояд, ки барои такмили ихтисос бояд устодони варзидатарине, ки унвони илмӣ доранд, ҷалб шаванд. Ҳиссаи онҳо дар фаъолияти ин муассисаҳо бояд ба маротиб зиёд бошад. Мутаассифона, чунин кормандон ангуштшуморанд. Дар озмунҳои ишғоли ҷойи вазифаҳои холӣ хоҳишмандон чандон фаъол иштирок наменамоянд. Сабаби асосии чунин вазъият пеш аз ҳама (сарфи назар аз чандин маротиба зиёд намудани маоши кормандони соҳа) паст будани сатҳи маош ва ниҳоят баланд будани масъулиятнокии кор аст. Имрӯз маоши муаллими калони кафедраи донишкада 124 сомонӣ ва  мушовири кабинети марказ   46 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти хусусият ва зиёд будани зариби (коэффисиенти) мушкилии кори кормандони бахши такмили ихтисос (нисбат ба устодони макотиби олӣ) андозаи музди  кор таҷдиди назар мехоҳад. Аз ҷониби  дигар, системаи тарифии мавҷуда, ба баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони бахши такмили ихтисос мусоидат намекунад, фарқияти кори анҷомдодаи ҳар як  кормандро ба ҳисоб намегирад. Баръакс, ин система зиёни баробарҳақдиҳии сохтаро зиёд  мегардонад. Шояд дастури махсуси молиявие ба тасвиб расад, ки дар асоси он ҳар як муассисаи таълимии такмили ихтисос дар доираи фонди музди меҳнати муайяншуда вобаста ба саҳми гузоштаи ҳар як корманд андозаи  моҳонаашро ҳар моҳ муайян кунад.
Аз ҷониби дигар, хуб мебуд, агар минбаъд ба донишкада ва марказҳои такмили ихтисос кормандони малакаю таҷрибаи бойи омӯзгорӣ дошта, бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораҳои маорифи вилоятию шаҳрӣ ба кор сафарбар шаванд.
Бояд гуфт, фаъолияти донишкадаю марказҳо дар боби боло бурдани  сифати такмили ихтисос бе пеш рафтани корҳои илмию тадқиқотӣ  назаррас буда наметавонад. Бинобар ин, ҳарчӣ зудтар аз системаи кабинетӣ даст кашида дар тамоми марказҳои такмили ихтисос ба системаи кафедравии фаъолият бояд гузашт. Маҳз ташкили кафедравии фаъолият метавонад корҳои илмию тадқиқотиро низ пешбар намояд.
Марказҳои такмили ихтисоси кормандони маорифи вилоятию шаҳрӣ бояд дар мувофиқа бо Академияи илмҳои педагогӣ оид ба тадқиқоти паҳлӯҳои мухталифи такмили ихтисос  мавзӯҳои илмию тадқиқотии худро муайян  намуда онҳоро рӯйи кор оранд. Хуб мебуд, дар сатҳи Академияи илмҳои  педагогӣ оид ба масъалаи мазкур ҳарчӣ бештар семинару конфронсҳои илмӣ доир гашта, вазъи корҳои илмию тадқиқотии донишкадаю марказҳои такмили ихтисос мавриди арзёбӣ қарор мегирифт ва нисбати  густариш додани фаъолияти илмии ин муассисаҳои таълимӣ чораҳои судманд  тарҳрезӣ мегардид.
Масъалаи дигари ҳалталаб шаклҳои ташкилии курсҳои  такмили ихтисос аст, ки бояд таҷдиди назар  шавад. Мутаассифона, 75-80% -и  фаъолияти курсҳои такмили ихтисос дар шакли курсҳои такмили ихтисоси сайёр мегузаранд.  Аслан ин аз ноилоҷӣ аст. Аз сабаби маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ мақомоти маҳаллии маориф  шунавандагонро ба марказ фиристода наметавонанд.
Ҳарчанд курсҳои сайёр аз рӯи барномаи таълимии тасдиқгардида гузаронида шаванд ҳам, сифат ва натиҷаи кори онҳо чандон дилхоҳ намебошад. Дар ин гуна курсҳо, шунавандагон имконияти шиносоӣ бо марказҳои илмӣ, методию фарҳангӣ, шунидани лексияи устодони варзидаи соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мактабҳои таҳсилоти умумӣ, вохӯрӣ бо  муаллифони нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дигар кардани шароити муҳити зисту фаъолият ва иваз кардани  субъектҳои муносибат, шароити мусоид барои таҳлили адабиёт ва навиштани рефератро надоранд. Донишкадаю марказҳо  бошанд, барои ба курсҳои такмили ихтисоси сайёр сафарбар кардани 8-10 мутахассиси худ маблағи зарурӣ надоранд. Бинобар ин зарур аст, ки тадриҷан, аз курсҳои такмили ихтисоси сайёр даст кашида, барои дар донишкадаю марказҳои такмили ихтисос доир намудани онҳо шароит фароҳам оварем. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки технологияи информатсионии муосир имконият медиҳад аз шаклҳои мувофиқтари такмили ихтисос истифода ба амал ояд. Аз шакли ғоибона – фосилавии такмили ихтисос  истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Шарти зарурии гузариш ба ин  шакли такмили ихтисос дар  донишкадаю марказҳои такмили  ихтисос бунёд кардани  китобхонаи электронӣ, истифодаи шабакаи Интернет, ҷорӣ кардани системаи иттилоотии идоракунии такмили ихтисос ва соҳаи маориф мебошад. Дар ин  бобат фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 640 «Дар бораи фаъол намудани сайт ва почтаи электронии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон » хеле бамаврид аст.
Мутаассифона, асосҳои меъёрию ҳуқуқии батанзимдарорандаи такмили ихтисоси кормандони маориф ҳоло пурра ва мукаммал нест. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 22. «Таҳсилоти иловагӣ») моҳияту хусусиятҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаро ба пуррагӣ ба инобат нагирифтааст. Мафҳумҳои асосии система, алалхусус «такмили ихтисос», «бозомӯзӣ», «азнавтайёркунӣ», «такмили маҳорати касбӣ» ва амсоли ин аз назари ташреҳи меъёрӣ дур монда, хусусияту қонуниятҳои онҳо қонунбандӣ нагаштаанд. Мақоми такмили ихтисос дар системаи таҳсилоти миллӣ мушаххас нагаштааст. Аз моддаи 22-и номбаршудаи қонуни мазкур муносибати давлатӣ, сиёсати воҳиди (ягонаи) давлатии такмили ихтисос ба назар намерасад. Бинобар ин хуб мебуд, агар нисбати қисмати «Таҳсилоти иловагӣ» қонуни алоҳида «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» таҳия гашта, дар асоси он маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии такмили ихтисос таҷдиди назар шуда, ба талаботи муносибатҳои нави иҷтимоӣ - иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол мутобиқ гардонида мешуданд.
Таҷрибаҳои чандинсола собит намудаанд, ки баргузории курси такмили ихтисоси хушсифат бе ҳамкории густурда имконнопазир аст. Ҳамкорӣ субъектҳои мухталиф  дорад. Донишкадаю марказҳо  ҳоло бо идораҳои марбута ва тобеи Вазорати маориф, идораю шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ дар бобати такмили ихтисос ҳамкории доимӣ доранд. Дар баробари ин,   ҳамкории онҳо бо мактабҳо ва кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба баҳодиҳӣ ба  натиҷаи курсҳои такмили ихтисос дар сатҳи бояду шояд нест. Кафедраю кабинетҳо  ҳоло ҳам нақшаи мукаммали кори байникурсиро   бо шунавандагони худ надоранд ва дар бораи он, ки хатмкардагони курсҳои такмили ихтисос дониши дар ҷараёни дарс андӯхтаи худро, дар кори иттиҳодияи методӣ ва идоракунии мактабу маориф чӣ гуна истифода мебаранд, маълумоти таҳлилие дар ихтиёрашон нест. Бинобар ин, бояд дар сатҳи мактаб ва идораю шӯъбаи маориф (кабинетҳои методӣ) кори назорати самаранокии курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши натиҷаи фаъолияти онҳое, ки аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд, қатъиян  дигар карда шавад. Донишкадаю марказҳои такмили ихтисос  дар асоси таҳияи барномаи кори байникурсӣ, ҳамкорӣ бо кабинетҳои методӣ, гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии сифати курсҳои такмили ихтисос бояд ба масъулиятшиносии шунавандагони курсҳои такмили ихтисос таъсири мусбат бахшанд.
Солҳои охир ҳамкории донишкадаю марказҳо бо ташкилотҳои хориҷие, ки  бо такмили ихтисоси кормандони маорифи ҷумҳурӣ машғуланд, густариш ёфтааст.
Семинар – тренингҳои аз тарафи ташкилотҳои хориҷӣ доиршаванда бештар бо истифодаи  усулҳои фаъоли таълим гузаронида мешаванд, ки барои дар таълиму  тарбия ҷорӣ намудани технологияи нави таълим мусоидат менамояд. Дар баробари ин, як нуктаро бахусус бояд зикр намуд. Имрӯз барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси муаллимони фаннӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф (директорони мактабҳо,  муовинони онҳо оид ба тарбия, оид ба таълим, мудирони кӯдакистонҳо, кормандони шӯъбаю идораҳои маориф, ҳамагӣ 27 номгӯй) бо  назардошти  супоришу эродҳои Президенти кишвар ва талаботи муносибатҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ аз нав таҳия гашта, аз тарафи мушовараи Вазорати маориф тасдиқ ва мавриди истифода қарор доранд. Ба хотири татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатии такмили ихтисос бояд тамоми мақомоту созмонҳои бо такмили ихтисоси кормандони  соҳаи маориф машғулшаванда барномаҳои таълимии худро бо ин барномаи намунавӣ  мутобиқ созанд.
Албатта, масъалаҳои ҳалталаби такмили ихтисос кам нестанд. Вазифаи  умдаи кормандони донишкадаю марказҳои такмили  ихтисос иборат аз он аст, ки масъалаҳои ҳалталабро сари вақт муайян намуда бо истифодаи манбаҳои илмӣ, методӣ, лабораторӣ ва кадрии мавҷуда ба  сифатнокии курсҳои такмили ихтисос ноил шаванд. Бо назардошти  зарурати беҳтар кардани мазмуну мундариҷаи курсҳои  такмили ихтисос ва  вазъи воқеии донишкадаю марказҳои такмили ихтисоси  кормандони маориф мо таҳияи «Стратегияи рушди такмили  ихтисоси кормандони маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2009-2013»-ро рӯйи даст дорем ва, албатта, бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи судманди он ноил мегардем.

Ҳабибулло БОБОЕВ,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1011

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед