logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 6008120 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
-даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо -4662500 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
воридоти андозӣ    -4270219 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ   -314581 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет  -77700 ҳазор сомонӣ;
-буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,
ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии
байналмилалӣ татбиқ мегарданд -784071 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо     -503233 ҳазор сомонӣ;
грантҳо     -280838 ҳазор сомонӣ;
-қарзҳои давлатӣ барои амалӣ
намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ
дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт -378629 ҳазор сомонӣ;
-буҷети маблағҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ   -182920 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба маблағи 6111120 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
-мақомоти ҳокимият ва
идораи давлатӣ    -462735 ҳазор сомонӣ;
-маориф     -1139446 ҳазор сомонӣ;
-нигоҳдории тандурустӣ   -395745 ҳазор сомонӣ;
-чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ    -174251 ҳазор сомонӣ;
-ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   -728742 ҳазор сомонӣ;
-хоҷагии манзилию коммуналӣ  -267475 ҳазор сомонӣ;
-комплекси сӯзишворию энергетикӣ -928277 ҳазор сомонӣ;
-соҳаи кишоварзӣ ва заминсозӣ  -352818 ҳазор сомонӣ;
-истихроҷ ва коркарди маъдан,
саноати истихроҷи маъдан ва сохтмон -37875 ҳазор сомонӣ;
-нақлиёт ва коммуникатсия  -488049 ҳазор сомонӣ;
-пардохти фоизҳо
аз рӯи қарзҳои  давлатӣ   -106853 ҳазор сомонӣ;
-дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва
хизматрасонӣ    -25995 ҳазор сомонӣ;
-хароҷоти дигар    -348039 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
баргардонидани андоз аз
арзиши иловашуда    -18000 ҳазор сомонӣ;
Моддаи 3. Андози ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 103000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
-даромад аз хусусигардонии
моликияти давлатӣ    -15000 ҳазор сомонӣ;
-даромад аз фурӯши векселҳои
хазинадорӣ      -10000 ҳазор сомонӣ;
-аз ҳисоби қарзи (гранти) барномавии
Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё -53000 ҳазор сомонӣ;
-аз ҳисоби депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии
Тоҷикистон ба 1 январи соли 2009 -25000 ҳазор сомонӣ.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 104138 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои (грантҳои) барномавии Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2009 муайян карда шавад.
Моддаи 4. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 аз рӯи даромад ба маблағи 2997588 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 3099588 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 102000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Дар соли 2009 ҳаҷми буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 1455255 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 1456255 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1000 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 6. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2009 аз рӯи даромад ба маблағи 675500 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 685500 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 10000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида шавад.
Моддаи 7. Дар соли 2009 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
-андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия -100 фоиз;
-андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо   -100 фоиз;
-боҷи гумрукӣ      -100 фоиз;
-андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба
воситаи мақомоти гумрук ворид мешаванд  -100 фоиз;
-дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ ва
даромадҳои ғайриандозӣ (инчунин
муҷозоти молиявии онҳо), пардохт барои
дохил шудан ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои
автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон   -100 фоиз;
-аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи
«Барқи тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда,
андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
автомобилгард, андоз аз фоида ва андози ҳадди
ақал аз даромадҳо      -100 фоиз;
-аз корхонаҳои воҳиди давлатии «Ширкати
алюминийи тоҷик» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,
корхонаҳои тобеи Ҷамъияти саҳомии кушодаи
«Тоҷиктелеком»-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда,
андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо -100 фоиз;
-аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва
андози ҳадди ақал аз даромадҳо    -100 фоиз.
Моддаи 8. Дар соли 2009 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда мешавад:
-андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ) -100 фоиз;
аз вилояти Суғд   – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе  – 33 фоиз ба буҷети шаҳр ва 67 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода  – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ   – 74 фоиз ба буҷети ноҳия ва 26 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
-андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор)    -100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе  – 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода  – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор   – 50 фоиз ба буҷети ноҳия ва 50 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
-андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор)    -100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе  – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода  – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор  - 49 фоиз ба буҷети ноҳия ва 51 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода)   -100 фоиз;
аз вилояти Суғд   – 79 фоиз ба буҷети вилоят ва 21 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода  – 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз
    ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
-аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохт мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурӯши чакана, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, ки дар асоси патент андозбандӣ мешаванд, пардохтҳо ва даромадҳои дигари ғайриандозӣ):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  -100 фоиз;
-воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Моддаи 9. Дар соли 2009 воридоти молҳо ба маблағи 50 млн. сомонӣ, ки номгӯй ва ҳаҷмашон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд, барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили захираҳои сафарбарии давлатӣ равона гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Моддаи 10. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 11. Дар соли 2009 воридоти техника ва нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ, битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харида шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе ва Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии ноҳияи Ёвон, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» ворид мегарданд, ҳамчунин воридоти хӯроки омехтаи парранда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Моддаи 12. Дар соли 2009 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» дар хиёбони Рӯдакӣ, Маркази фарҳангии Осиёи Миёна воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ва корхонаи ресандагию бофандагӣ бо сехи рангубор дар шаҳри Душанбе, иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз пардохти андозҳои зерин озода карда мешаванд:
-андоз аз арзиши иловашуда;
-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
-андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
-андози ҳадди ақал аз даромад;
-андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Воридоти молҳо аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншооти дар ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд.
Номгӯй, сметаҳои хароҷот, мӯҳлати оғоз ва анҷоми сохтмони иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
Моддаи 13. Дар соли 2009 ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» иҷозат дода шавад, ки ба фонди инноватсионии худ дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолиро, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад, бо дарназардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе тағйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда, ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад.
Моддаи 14. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 2997588 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда   -1870621 ҳазор сомонӣ;
-аксизҳо      -151843 ҳазор сомонӣ;
-андоз аз фурӯш (нахи пахта ва
алюминийи аввалия)   -64793 ҳазор сомонӣ;
-андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо  -36835 ҳазор сомонӣ;
-андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ -85972 ҳазор сомонӣ;
-андози ҳадди ақал аз даромадҳо  -54422 ҳазор сомонӣ;
-андози даромад аз шахсони воқеӣ -101490 ҳазор сомонӣ;
-боҷҳои гумрукӣ     -247099 ҳазор сомонӣ;
-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
автомобилгард    -38963 ҳазор сомонӣ;
-даромадҳои дигари ғайриандозӣ  -267850 ҳазор сомонӣ;
-грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ  -77700 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 15. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 аз рӯи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимияти
давлатӣ ва идоракунӣ    -320140 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
-Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    -4129 ҳазор сомонӣ;
-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  -13904 ҳазор сомонӣ;
-Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон -2259 ҳазор сомонӣ;
-Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    -54330 ҳазор сомонӣ;
-Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  -1210 ҳазор сомонӣ;
-кумитаҳои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон    -10293 ҳазор сомонӣ;
-дастгирии барномаҳои сиёсати
давлатии ҷавонон     -1062 ҳазор сомонӣ;
-сафарҳои хизматии хориҷии кормандони
мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора,
кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо   -12000 ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули
сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет -63659 ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати хориҷӣ  -75910 ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳое, ки барои  соҳаҳои
иқтисод хусусияти умумӣ доранд -57052 ҳазор сомонӣ;
-тадқиқоти бунёдӣ ва илм   -24332 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:  
-Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон      -15446 ҳазор сомонӣ;
-Академияи илмҳои кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    -7089 ҳазор сомонӣ;
-дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм  -1797 ҳазор сомонӣ. 
-Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон      -864 ҳазор сомонӣ;
-Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  -2275 ҳазор сомонӣ;
-Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии
Тоҷикистон     -1184 ҳазор сомонӣ;
-Коллегияи ҳарбии назди Суди
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   -480 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва мақомоти он дар маҳалҳо   -7810 ҳазор сомонӣ;
-Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мақомоти он, судҳо ва дастгоҳи судҳо  -11349 ҳазор сомонӣ;
-Прокуратураи генералии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо      -14536 ҳазор сомонӣ.
Маориф     -239436 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
-таҳсилоти умумӣ     -101239 ҳазор сомонӣ;
-таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  -101602 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф -1340 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон      -1470 ҳазор сомонӣ;
-дигар хароҷот дар соҳаи маориф  -33785 ҳазор сомонӣ.
Нигаҳдории тандурустӣ    -64938 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
-беморхонаҳо     -41815 ҳазор сомонӣ;
-дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ  -815 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи нигаҳдории
тандурустӣ    -1745 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати тандурустии Ҷумҳурии
Тоҷикистон    -1389 ҳазор сомонӣ;
-дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи нигаҳдории тандурустӣ  -19174 ҳазор сомонӣ;
-аз онҳо:
таъмини чорабиниҳои эмкунии аҳолӣ  -2200 ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  -211504 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
-таъминоти нафақаи сохторҳои
қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ   -80720 ҳазор сомонӣ;
-пардохти ҷубронпулӣ барои дастгирии
иҷтимоии аҳолӣ     -44127 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   -9067 ҳазор сомонӣ;
-муассисаҳои махсус барои маъюбон
ва пиронсолон    -14385 ҳазор сомонӣ;
-дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоӣ      -63205 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ   -32979 ҳазор сомонӣ:
аз ҷумла:
-Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»   -5600 ҳазор сомонӣ;
-барои тараққиёти шаҳри Хуҷанд
(барқароркунии низоми обтаъминкунии
шаҳри Хуҷанд)      -5000 ҳазор сомонӣ;
-ғайраҳо дар соҳаи хоҷагии
манзилию коммуналӣ   -22379 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ   -124991 ҳазор сомонӣ:
аз ҷумла:
-телевизион ва радиошунавонӣ   -34313 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон     -2970 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг  -199 ҳазор сомонӣ;
-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  -3827 ҳазор сомонӣ;
-матбуоти даврӣ ва нашриёт   -5594 ҳазор сомонӣ;
-ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар
соҳаи фарҳанг    -2451 ҳазор сомонӣ; 
-мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи
фарҳанг     -100 ҳазор сомонӣ;
-дигар чорабиниҳо дар соҳаи
фарҳанг      -75537 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ  -592988 ҳазор сомонӣ:
Кишоварзӣ ва моҳидорӣ    -101271 ҳазор сомонӣ.
аз ҷумла:
-Вазорати мелиоратсия ва захираҳои
оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  -35484 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон     -24406 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
-хариди доруворӣ бар зидди
касалиҳои чорво ва парранда   -2300 ҳазор сомонӣ;
-хариди тухмии ғалла, картошка ва
дигар зироатҳои кишоварзӣ  -6000 ҳазор сомонӣ;
-барномаи барқарорсозӣ ва рушди
минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ -1500 ҳазор сомонӣ;
-хариди заҳрхимикатҳо ва мубориза
бар зидди ҳашаротҳои  зараррасони
соҳаи кишоварзӣ     -5000 ҳазор сомонӣ.
-Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва
харитасозии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон    -13104 ҳазор сомонӣ;
-дигар муассисаҳо ва дастгирии
соҳаи кишоварзӣ    -28277 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди маъданҳо
саноати истихроҷи маъдан ва сохтмон  -33625 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия   -78433 ҳазор сомонӣ.
Вазоратҳо ва идораҳои машғули 
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ -25095 ҳазор сомонӣ.
Дигар чорабиниҳо     -707127 ҳазор сомонӣ:
аз ҷумла:
-хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзӣ -106853 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
а) пардохти фоизҳои қарзҳои берунӣ  -84853 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизҳои қарзҳои дохилӣ  -22000 ҳазор сомонӣ;
-хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт   -10000 ҳазор сомонӣ;
-фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   -25000 ҳазор сомонӣ;
-хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисод гурӯҳбандӣ нашудааст   -565274  ҳазор сомонӣ:
аз онҳо:
-баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда -18000 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ
дар намуди маблағҳои мақсаднок
(субвенсия)    -261843 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 16. Дар соли 2009 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷмҳои зерин анҷом дода шавад:
а) Хароҷоти ҷорӣ -2569738 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо -1397111 ҳазор сомонӣ:
аз ҷумла:
-музди меҳнат ва иловапулиҳо    -444948 ҳазор сомонӣ;
-маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақа -45752 ҳазор сомонӣ;
-дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо -906411 ҳазор сомонӣ:
аз онҳо:
-пардохти хизматрасонии газ, барқ, алоқа
ва дигар хизматрасонии коммуналӣ  -62912 ҳазор сомонӣ;
-хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу
анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ  -843499 ҳазор сомонӣ;
Пардохти фоизҳо аз рӯи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ    -106853 ҳазор сомонӣ;
Субсидияҳо ва дигар
трансфертҳои ҷорӣ   -1065774 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
-трансфертҳо ва субсидияҳо ба
корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ - 603599 ҳазор сомонӣ;
-маблағе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар
шакли маблағи мақсаднок дода мешавад - 271843 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳо ба аҳолӣ    - 157861 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
-таъминоти нафақавии сохторҳои
қудратӣ, хизматчиёни давлатӣ ва
кӯмакпулиҳо     - 83373 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ  - 32471 ҳазор сомонӣ;
б) Хароҷоти асосӣ          - 484320 ҳазор сомонӣ:
аз ҷумла:
-хариди сармояи асосӣ    - 65527 ҳазор сомонӣ;
-маблағҳои асосии марказонидашуда - 371000 ҳазор сомонӣ;
-хариди мол барои ташкили захираҳо  - 40205 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳои асосӣ    -7588 ҳазор сомонӣ;
в) Дастгирӣ ва қарздиҳии соҳибкории
хурду миёна, муҳоҷирон ва хизматчиёни
давлатӣ     -45530 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 17. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба маблағи 93000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 18. Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва хизматрасонии саривақтии қарзҳои беруна, дар назди буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод» таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 20 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ ва 30 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод» равона карда мешаванд.
Тартиби ташаккул ва истифодабарии «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод»-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 19. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2009 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоизҳо аз рӯи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2009 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
Моддаи 20. Дар соли 2009 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ дохил карда шаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои хароҷот дар ҳолати набудани қарздорӣ аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 21. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои махсус ҳар семоҳа ба даромади буҷетҳои дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин маблағҳои гранту спонсорӣ, ки барои чорабиниҳои дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.
Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодабарии маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грант ва спонсорӣ) берун аз системаи хазинадорӣ манъ карда шавад. Дар ҳолати вайрон намудани тартиби мазкур маблағҳои махсус 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ рӯёнида мешаванд.
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар ҳолати аз ҳаҷми маблағҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Моддаи 22.
Дар соли 2009 40 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Маблағи (60 фоизи) аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда шавад.
Моддаи 23.  Дар соли 2009 маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо равона карда мешаванд.
Моддаи 24. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
Моддаи 26. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 27. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба маблағи 261843 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 
    - 65904 ҳазор сомонӣ;
-вилояти Хатлон  – 132152 ҳазор сомонӣ;
-шаҳри Ваҳдат   – 4061 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Варзоб  – 1726 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Рашт  – 10375 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Ҷиргатол  – 10293 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Нуробод   – 7936 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Тавилдара - 4966 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Тоҷикобод – 6600 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Файзобод  – 8840 ҳазор сомонӣ;
-ноҳияи Шаҳринав – 8990 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои мувозинати даромад ва хароҷот ҷудо карда мешавад.
Моддаи 28. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2010 ба маблағи 90000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 29. Аз 1 январи соли 2009 тамоми амалиёти молиявии иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин, ба ҳама депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 30. Аз 1 январи соли 2009 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо ва ҷаримаҳои дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи хироҷҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати онҳо татбиқ намегардад.
Моддаи 31. Аз 1 июли соли 2009 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин, барои ҳисобкунии ин  ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дар ҳаҷми 35 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 Моддаи 32. Муқаррар карда шавад, ки хароҷот аз рӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли ҷорӣ қабулгардида, ки захираҳои молиявии  иловагиро талаб менамоянд, дар буҷети соли оянда пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 33. Муқаррар карда шавад, ки мурофиаи судӣ оид ба даъвои шахсони воқеӣ барои рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, бо даъвати намояндагони ин мақомот ба ҳайси ҷавобгар гузаронида шуда, пардохти варақаи иҷро аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 34. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 хизматрасонии қарзҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳисоби даромади истифодабарии қитъаи роҳи оҳани «Конибодом-Бекобод» мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохт менамояд.
Даромадҳои корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳисоби истифодабарии қитъаи роҳи оҳани «Конибодом-Бекобод» аз андозбандӣ озод карда мешаванд.
Моддаи 35. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз рӯи даромад ба маблағи 3765728 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 3494824 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 270904 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2007 барои пардохти ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 86115 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 36. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
Моддаи 37. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2008,  № 447

Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» қабул карда шавад.
2. Барномаи миёнамӯҳлати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 ба маълумот гирифта шавад.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-ҳаҷми умумии Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 6008120 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷотҳо ба маблағи 6111120 ҳазор сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 103000 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
-маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағи тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
-ҳангоми қабул намудани қарорҳое, ки дар дурнамои миёнамӯҳлат аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат маблағгузориро талаб менамоянд, нишондиҳандаҳои пешбининамудаи Барномаи миёнамӯҳлати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2011 ба инобат гирад;
-ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳо аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо дарназардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2008 ба вуҷуд омадааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
-оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ҳар семоҳа ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот диҳад;
-дар бораи истифодабарии маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ҳисоботи солона ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
-дархостҳои пешниҳоднамудаи вакилонро баррасӣ намуда, ҳангоми иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ё таҳияи Буҷети давлатӣ барои солҳои оянда имконияти ҳалли масъалаҳои гузошташударо ба инобат гирад;
-тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ахборот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2009 ба вуҷуд омадааст, ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути системаи бонкӣ ба маблағи 170,0 миллион сомонӣ бо меъёри 12 фоизи солона ба мӯҳлати то 1 апрели соли 2010 қарзи давлатӣ ҷудо намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
-якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 7 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» андозу даромадҳоро сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронад;
-аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу пардохтҳоро оид ба ӯҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
-барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2008, № 1668


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 863

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед