logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ҷашни Наврӯз, ш. Душанбе, 21 марти соли 2011

Ҳамватанони азиз!

Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид.
Ва имрӯз мову шумо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне Наврӯзи 20-солагии истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонамонро, ки берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, инчунин тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзиро самимона табрику шодбош мегӯям.
Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.
Яъне Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад.
Ва ҷашни баробарии шабу рӯз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, ниёгони арҷманди мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни аз лиҳози эҳтироми қадру шарафи инсонҳо камназир шодбош мегуфтанд.
Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.
Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам, бешубҳа, дар ҳамин аст.
Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки соли гузашта Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард.

Ҳамватанони гиромӣ!
Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.
Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - "Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек"-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки сарнавишти ҷашни Наврӯз дар масири таърихи пурмоҷаро ва фоҷиабори мардуми мо барои ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеа дарси ибрат бояд бошад. Зеро ғосибони сарзамини аҷдодии мо ва бадхоҳони фарҳанги пурғановати Аҷам барои аз байн бурдану ба зиндони фаромӯшӣ афкандани ин ҷашни зебои мардумамон кӯшишҳои зиёде кардаанд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама фишороварӣ ва эҷод кардани маҳдудиятҳо ба шарофати иродаи мустаҳкаму азми қавии гузаштагони меҳандӯстамон ва талошҳои пайваставу ҷонсӯзонаи фарзандони бохираду дурандеши халқамон ҷашни Наврӯз дар баробари бисёр анъанаву оинҳои қадимаву арзишмандамон бо ҳама суннату русуми некаш ҳифз гардид.
Дар ин рӯзи муборак ба рӯҳи ҳамаи он инсонҳои шарифу ватанпарвар дуруд мефиристем, ки ин ҳам як суннати неки Наврӯзӣ мебошад.
Вале ҳақиқат ин аст, ки танҳо баъди  соҳиби  истиқлоли давлатӣ шудани Тоҷикистони азиз ҷашни Наврӯз умри дубора ёфт ва имрӯз дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати бемисл таҷлил мегардад.

Ҳамватанони азиз!
Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ ва созандагиро бедор мекунад.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар мамлакати мо ба муносибати ҷашнҳои давлативу миллӣ, аз ҷумла  Наврӯз аз рӯи анъанаи нек садҳо ҳазор буттаи сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаву дигар иншооти истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.
Иншооти зебову бошукӯҳе, ки ин лаҳзаҳо мову шуморо гирди ҳам овардааст, аз ҷумлаи ободкориҳои мардуми шаҳрсозу шаҳрдор ва ободгару созандаи мо ба истиқболи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон мебошад.
Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дар бар мегирад, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хидмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи мӯҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон - Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он Наврӯзгоҳ номгузорӣ гардад.
Умед аст, ки манзилу биноҳои сохтаи бинокорони гулдасти мо ҳамеша ободу дар хидмати мардум бошанд, корхонаҳо ва иншооти истеҳсолӣ ба рӯзгори ҳамватанонамон файзу баракат бахшанд ва боғҳо сарсабзу шаҳдбор шаванд.
Боз як суннати беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату мӯҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд. Имрӯзҳо бо ташаббуси чунин шахсони ҳимматбаланд ҳазорҳо хатнасур ва тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона баргузор шуда истодаанд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар мегардонад.
Беҳтарин дастоварду хушбахтии инсон дар фазои сулҳу субот бо ёру бародарон зистан мебошад. Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.     
Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро таҷлил менамоем.
Ҳоло мардуми Тоҷикистон ба ифтихори боз як ҷашни муборак ва муқаддаси кишвари озоду соҳибистиқлоламон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад. Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандӯстона гузорад.
Дар охир фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, бори дигар табрик гуфта, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунам, ки бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷик арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.
Наврӯзатон муборак бод, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 989

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед