logo

мулоқотҳо

Дидори Президент бо зиёиён

19-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ бо шумораи зиёди намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо зиёиёни кишвар дар арафаи иди Наврӯзи хуҷастапай ба анъанаи накӯи созанда табдил ёфтааст. Зимни чунин мулоқотҳо Сарвари давлат масоили мавриди таваҷҷӯҳи аҳли эҷоди кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва муҳайёсозии шароити мусоиди кору эҷодиёт дар назди сохторҳои дахлдори давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. 

Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми форсизабонони олам ва ҳамаи мардумони ҷаҳонро, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, ба муносибати ин ҷашни дилафрӯз табрику таҳният гуфт.
Президенти мамлакат бо ифтихору сарфарозӣ аз ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯзи хуҷастапай ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз Тоҷикистон ва аҳли зиёи он, чун ташаббускори асосии ин дастоварди ҷаҳонӣ, барои татбиқи амалии нишондодҳои қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора, ки 23 феврали соли 2010 қабул шуда буд, бояд масъулияти баланд эҳсос намоянд. Бо ишора ба он, ки маҳз тоҷикон ва мардумони ориётабор ворисони асосии Наврӯзи оламафрӯз мебошанд, Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷод ва ҳар фарди равшанзамири  кишварро ба тарғибу ташвиқи шоистаи суннатҳои волои наврӯзӣ ҳам ба ҷаҳониён ва ҳам ба мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат ҳамчунин ба мардуми сарватманду саховатпешаи Тоҷикистон муроҷиат намуда, онҳоро ба вусъат додани фарҳанги наврӯзии дастгирӣ аз  табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки фазои идона ва табъи баланду болидаи наврӯзӣ бояд дар ҳар як хонадон ва тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳувайдо бошад.
Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму фарҳанг ва маорифи кишварро "нерӯи ақлонии кишвар ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо" ном бурда, онҳоро ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги волои бостонӣ, истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату ягонагии миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ободгарии Ватани азиз ҳидоят намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 588

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед