logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи фабрикаи ҷуроббарории ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, 25 марти соли 2011

Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Ифтитоҳи корхонаи нави ҷуроббофӣ дар ноҳияи Зафаробод, яъне  ба истифода супорида шудани боз як корхонаи нави замонавӣ, ки имрӯз мову шуморо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам гирди ҳам овардааст, далели равшани дар тамоми қаламрави мамлакат пайгирона татбиқ шудани сиёсати бунёдкориву ободкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва торафт баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мебошад.
Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш, инчунин ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва мардуми заҳматдӯсту сарбаланди ноҳияи Зафарободро табрику таҳният гуфта, ба ташаббускорону ташкилкунандагон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони ин корхонаи муҳими саноатӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Корхонаи нави имрӯза, ки дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди саноати сабук бунёд шудааст, аз ҷумлаи коргоҳҳое мебошад, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти тайёри ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол мекунад ва дар айни замон садҳо нафар мутахассисону коргаронро ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуда, барои ғанӣ гардидани буҷети ноҳия мусоидат менамояд.
Чунонки медонем, ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғд яке аз калонтарин ноҳияҳо ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардуми заҳматпешаи он пахтакорӣ мебошад.  Аз таърихи начандон дури кишварамон маълум аст, ки яке аз лоиҳаҳои азими асри гузашта аз худ кардани ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида  буд. Бо мурури замон парвариши пахта ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва асосии ноҳия табдил ёфта, баъдан дар заминаи он аввалин корхонаҳои саноатии пахтатозакунӣ низ бунёд гардиданд.
Аз нахустин солҳои истиқлолият мо масъалаи дар қаламрави мамлакат бунёд кардани корхонаҳои замонавии коркарди пахтаву ресандагӣ ва аз кишвари содиркунандаи ашёи хом тадриҷан ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор додем.
Дар тӯли солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ бунёди корхонаҳои нав ва барқарорсозии корхонаҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд, суръат гирифта истодааст.
Аз ҷумла, Ширкати “Хуҷанд-Инвест-Коттон” бо мақсади коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ сохтмону васлкунии таҷҳизоти фабрикаи ресандагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некӯ-Хуҷанд”-ро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Некӯ-Нассоҷ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон то моҳи июни соли 2009 ба итмом расониданд.
Инчунин, Ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» бо мақсади идома додани ин иқдоми созанда, яъне бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти тайёр тасмим гирифт, ки дар ноҳияи Зафаробод сохтмони фабрикаи ҷуроббофӣ - истеҳсоли ҷуробҳои бачагонаю мардонаро бо иқтидори чор миллион ҷуфт дар як сол ба роҳ монад.
Соли 2010 ҷамъияти “Некӯ-Хуҷанд” зиёда аз 270 тонна ришта истеҳсол намуд, ки он минбаъд дар корхонаи нассоҷӣ истифода гардида, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил меёбад ва пешкаши харидорон мегардад.
Барои корҳои сохтмони асосӣ, васлкунӣ ва харидории дастгоҳҳои ҷуроббофӣ аз ширкатҳои давлати Италия 12 миллион сомонӣ сарф шуда, ин корхона имконият дорад, ки беш аз 300 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.
Яке аз бартариҳои корхонаи навтаъсис аз он иборат аст, ки дар он дастгоҳ ва таҷҳизоти технологии навтарину пешрафта насб гардидааст ва тамоми раванди технологӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Таҷҳизоти технологии муосир инчунин имкон медиҳад, ки кори корхона бе партовҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯй бошад.
Ҳадафи асосии мо аз бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисодиёти кишвар равона намудани захираҳои мавҷуда, ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ  ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Зеро чандин даҳсола аст, ки қисми зиёди пахтаи истеҳсолкардаи кишоварзони мо ҳамчун ашёи хоми саноатӣ ба хориҷи мамлакат бароварда мешавад. Тавре ки борҳо таъкид карда будам, агар пахта ё дигар ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард шавад ё аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол гардад, нархи он нисбат ба маҳсулоте, ки дар шакли ашёи хом содирот мешавад, даҳҳо баробар афзуда, ҳам даромади хуб ба буҷети маҳаллӣ мешавад ва ҳам садҳо нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд. Маҳз ба ҳамин хотир мо мехоҳем, ки ҳаҷми ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард гардида, ба ҳамин восита ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида шавад.
Бинобар ин, рушди саноат, бахусус саноати сабук яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон шуда, доир ба ин масъала то ба имрӯз якчанд барнома ва як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Хурсандиовар аст, ки ба хотири татбиқи нақшаҳои неки Ҳукумати мамлакат соҳибкорони ҳимматбаланд бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯз то рӯз бештар саҳм гузошта истодаанд, ки коргоҳи имрӯза яке аз онҳост.
Бо итминон изҳор медорам, ки дар ояндаи наздик соҳибкорони бонангу номус дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва кишвар ба бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ иқдом карда, дар пешрафти иқтидори истеҳсолии Ватанамон ва таъмини ҳамватанонамон бо ҷойҳои нави корӣ саъю талош хоҳанд кард.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар мамлакат ба вусъат додани соҳаи пахтакорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар ноҳияи Зафаробод барои рушди соҳаи пахтакорӣ, васеъ кардани масоҳати кишти пахта захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва кишоварзонро лозим аст, ки аз онҳо оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳанд ва соҳиби даромади бештару зиндагии хубтар гарданд.
Мардуми сарбаланди Зафаробод набояд фаромӯш созанд, ки ноҳия дар давраҳои гузашта бо деҳқонони асилу пахтакорони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи худ шӯҳрат ёфта буд ва онро беҳуда макони зархез намегуфтанд. Итминон дорам, ки кишоварзони Зафаробод ҳамчун фарзандони ҳамон мардони шӯҳратманди кор ба хотири афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ободии диёрашон тамоми кӯшишу ғайрат ва таҷрибаву малакаи хешро сафарбар намуда, номи баланд ва шарафи пешинаи ноҳияро барқарор месозанд.
Хусусан имсол, ки барои мо воқеан соли таърихист. Пас аз чанд моҳ мо бузургтарин ҷашни давлатиамон – бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил менамоем.
Истиқлолият ва озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон неъмати бузурги худодод мебошад ва ҳар кадоми мо бояд ба қадри ин неъмат расем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳамеша барои таҳкими пояҳои  давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварамон кӯшиш намоем.
Ватан ва озодии он аз ҷумлаи муқаддасотест, ки барои ҳар як инсони бедордилу соҳибфарҳанг ва худогоҳу худшинос баробари модар азиз мебошад ва сарчашмаи хушбахтиву хушрӯзӣ ва сарбаландии ҳамаи мо ҳамин сарзамини аҷдодист, ки номи мубораки он Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Мо ба фарзандони худ – наврасону ҷавонон бояд доим талқин намоем, ки меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан - Модар арзишҳои ҷовидонии миллӣ ва шарти муҳимтарини пешрафту устувории давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони озод мебошад.
Дар охир ҳамаи шумо ва тамоми мардуми боғайрат ва бонангу номуси Зафарободро бори дигар ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай – Соли нави аҷдодии мо, инчунин ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як самараи неки соҳибихтиёрӣ - корхонаи нави саноатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 555

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед