logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, № 12, мод. 816; с.2010, № 7, мод. 551), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 35 пас аз калимаи «алоқа» калимаҳои «ва ё хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 37 калимаҳои «тафтишоти фаврӣ» ба калимаҳои «оперативӣ-тафтишотӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 39:
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти таҳқиқ» ба калимаҳои «оперативӣ - ҷустуҷӯие» иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои «амалҳои фаврӣ ва тафтишӣ» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешбурди амалҳои тафтишӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 41:
- дар сархати сеюми қисми 1 калимаҳои «амалҳои фаврии тафтишӣ ё таҳқиқиро» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтиширо» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 4 калимаҳои «чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ андешад» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 60 калимаи «амалҳои» ба калимаи «чорабиниҳои» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 84:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 84. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «Маводи дар ҷараёни амали оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ба калимаҳои «Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 86 калимаҳои «мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро анҷом додаанд» ба калимаҳои «мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 4 моддаи 153 калимаҳои «оперативӣ-ҷустуҷӯиро фақат» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва калимаи «чораҳои» ба калимаи «чорабиниҳои» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 4 моддаи 162 калимаҳои «пешбурди кофтуков ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро» ба калимаҳои «гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 168:
- дар сархати дуюм калимаҳои «амалӣ гардонидани чораҳои» ба калимаҳои «гузаронидани чорабиниҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «андешидани чораҳои» ба калимаҳои «гузаронидани чорабиниҳои» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 692


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 2 марти соли 2011, № 362


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 132


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1012

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед