logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод.19) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 13 хориҷ карда шуда, қисми 4  қисми 3 ҳисобида шавад.
 2. Дар қисмҳои 1, 2, 6 ва 7 моддаи 18 рақами «2011» ба рақами  «2013» иваз карда шавад.
3. Моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 53.Таъминоти нафақавии касбӣ
1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва  махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул  мебошанд, корфармо ӯҳдадор  аст, ки дар давраи иҷрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.  
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхати истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва  махсусан  вазнин,  зарарноку вазнин, инчунин номгӯи корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
4. Дар моддаи  59:
- дар қисми 3 рақамҳои «1952», «1957», «2011» ва «2015» мутаносибан ба рақамҳои  «1954», «1959», «2013» ва «2017» иваз карда шаванд;
 - дар қисми 6 рақамҳои «1952» ва «1957» мутаносибан ба рақамҳои «1954» ва  «1959» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 62 рақами «2011» ба рақами «2013» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 708


Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
нафақаҳои суғуртавӣ
ва давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе,
12 январи соли 2011, № 275

 

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи нафақаҳои
суғуртавӣ ва давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 148


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 868

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед