logo

президент

Қонуни нави миллӣ масъулияти ҳамаро меафзояд

8 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни  ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  машварат орост.

Дар машварат роҳбарону масъулини вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсию созмонҳои ҷамъиятӣ, аҳли зиёи кишвар ва беш аз ҳама ҳуқуқшиносони маъруф иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, зимни суханронии таҳлилии худ аз натиҷаҳои муҳокимаи васеи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки аз 14 декабри соли 2010 оғоз ёфта, то кунун идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Бо хушҳолӣ зикр гардид, ки хеле фаъол будани мардум дар муҳокимаи ин лоиҳа аз зарурати таҳия ва қабули он ва ҳавасмандии аҳолӣ башорат медиҳад.
Тавре зикр гардид, ҳангоми муҳокима 80 мақомоти давлатӣ, садҳо корхонаю муассиса ва дигар ташкилот, инчунин 11 ҳазор шаҳрванд ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва дигар сохторҳои масъули давлатӣ таклифу пешниҳодоти худро баҳри мукаммал намудани лоиҳаи қонуни мазкур манзур намуданд. Таклифу пешниҳодҳои зиёди дигар аз тариқи радиову телевизион ва дигар расонаҳои ахбори умум ба миён гузошта шуданд.
Аз таҳлили Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бармеояд, ки умуман, дар муҳокимаи лоиҳаи қонун зиёда аз 2 миллион  шаҳрванди мамлакат иштирок намудаанд. Дар ин муддат 15 ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар онҳо ҳамаи таклифу пешниҳодоти воридгардида мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирифт. Беш аз 8000 таклиф  пурра ё қисман мақбул дониста шуда, бо назардошти онҳо лоиҳа такмил ёфт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар маҷмӯъ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳия ва қабули чунин қонун аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Таъкид гардид, ки таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷрибаи нахустин дар ҷаҳон аст. Аз ин хотир, ин дувумин қонуни миллии Тоҷикистон номида шуд, ки бе намунаву таҷрибаи мавҷуда таҳия гардида, мавриди омӯзиш ва баҳрабардории дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, борҳо ба масъулияти муқаддаси падару модар дар тарбияи фарзанд ишора намуда, аз ҷумла бо ёдоварӣ аз ривоятҳои саҳобагон таъкид дошт: "ятим на он аст, ки падараш аз байн рафтааст, балки онест, ки аз илму адабу ахлоқ бебаҳра мемонад".
Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар ягон моддаи лоиҳаи ин қонун ҳеҷ меъёр барои ҷазодиҳии падару модар муқаррар нашудааст, зеро ҳадафи асосӣ аз он танҳо бедор намудану баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд аст.
Сипас Ҷумъа Давлатов, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи такмилёфтаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" - ро қироат намуд. Дар ҷараёни қироат ва муаррифӣ моддаҳои алоҳидаи он мавриди муҳокима ва андешарониҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва аҳли нишаст қарор гирифт. Аз ҷумла, Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори боварӣ намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба манфиати давлату миллат хизмат намуда, ҳамзамон мавриди омӯзиш ва пазириши дигар кишварҳо қарор хоҳад гирифт.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт, ки меъёрҳои лоиҳаи ин қонун ифодакунандаи хусусиятҳои хоси давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад ва таъкид намуд, ки он "ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст, зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ӯҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт". "Аз ин хотир, - таъкид гардид дар фароварди сухан, - вазифаи муқаддаси мо ба камол расондани насли ҳамаҷониба солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, нерӯманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 675

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед