logo

илм

Илми тоҷик: дастовардҳо ва проблемаҳо

Ба адл  аст  ҳар салтанатро субот,
Ба илм  аст  ҳар мамлакатро мадор.

                                                                                  Рашидуддин Ватвот

Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм низ бо тақозои шароити нав муайян гардид.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи воқеаҳои маълум ба илму маориф зарбаи шадид ворид гардид, давлати соҳибистиқлоламон бо вуҷуди душвориҳо барои ҳифзи мақому манзалати илм чораҷӯиҳои судманд намуд. Бо раҳнамоии бевоситаи мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддии илми тоҷик, махсусан илми академӣ сол то сол беҳтар гардид ва ҳоло таваҷҷӯҳи давлат ба боздеҳии илм бештар гардидааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ бештар аз 200 ҳуҷчати меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои илм қабул шудааст. Чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ба монанди қонунҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ", "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015", "Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015" ва чандин қарорҳои дигар далели  ғамхории давлат ва ҳукумат ба тараққиёти илми тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ин давра проблемаҳои наве ба вуҷуд омаданд, ки таҳқиқоти ҳамаҷонибаро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, махсусан дар доираи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекарданд. Бинобар ин бо ташаббус ва дастурҳои Сарвари давлат чанд институти илмӣ-тадқиқотии нав таъсис ёфт ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалӣ ба дастовардҳои тозаи илмӣ ноил шуданд. Институти демография, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти давлат ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, маркази илмии  Хатлон дар ҳамин давра таъсис ёфтанд. Чунонки аз номхои ин институтҳо бармеояд, онҳо ба таҳқиқи проблемаҳое машғуланд, ки ҷаҳони муосир бо онҳо рӯбарӯ аст ва барои ҷумҳурии мо хеле муҳим мебошанд.
Академияи илмҳо маркази таҳқиқоти муҳимтарини илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ аст. Бо вуҷуди он ки солҳои мушкили охири асри бистум боиси пароканда шудани як қисми нерӯҳои интеллектуалӣ ва илмии миллати мо шуда буданд, аксарияти муҳаққиқони Академияи илмҳо бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсат ва мавқеи давлати навбунёди тоҷикон, барои ҳифзи эътибори илми тоҷик фаъолият намуданд. Хушбахтона, дар саросари кишвар сулҳ, оромӣ ва осудагӣ ҳукмфармо гардид ва олимони тоҷик, махсусан олимони Академияи илмхои ҷумҳурӣ  ба воситаи таҳқиқот ва комёбиҳои илмии худ вафодориашонро  ба давлату миллат исбот карданд. Зимнан бояд зикр кард, ки дар баъзе расонаҳои хабарӣ ашхоси сатҳиназар  бинобар ноогоҳӣ ё ғаразолудии андешаашон, муваффақиятҳои илми тоҷикро дар давраи истиқлолият ва кӯшишҳои Ҳукуматро дар тадриҷан беҳбуд бахшидан ба вазъи илм дар ин давра надида мегирифтанд ва ё инкор мекарданд.  Дар ҳамин солҳои ахир бештар аз 300 коркард ва тавсияи олимони Академияи илмҳо барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод шуданд ва дар корхонаҳову муассисаҳои ҷумҳуриамон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баъзе аз олимони шинохтаи тоҷик соҳиби мукофотҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд, ки далели аз ҷониби созмонҳои илмии ҷаҳонӣ эътироф шудани дастовардҳояшон мебошад.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ олимони Академияи илмҳо тақрибан даҳ ҳазор кори илмӣ, аз ҷумла дар ҳудуди 1200 китобу рисола ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расондаанд. Дар даҳ соли ахир бештар аз се ҳазор мақола ва асарҳои илмии  гуногун дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои бонуфузи Амрико, Аврупо, Эрон, Ҳиндустон, ИДМ ба нашр расидаанд, ки шаҳодати эътирофи натиҷаи тадқиқоти олимони мо дар сатҳи байналмилалист.
Танҳо дар панҷ соли ахир 650 нафар корманди Академияи илмҳо барои иштирок дар конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва тадқиқоти муштараки илмӣ бо олимони кишварҳои хориҷӣ ба давлатҳои дигар сафарҳои хидматӣ карданд. Ҳамкориҳои илмӣ бо олимони хориҷӣ низ вусъат меёбад. Далел он аст, ки беш аз 200 нафар олими мо бо олимони кишварҳои дигар корҳои илмии муштарак анҷом додаанд.
Чун сухан аз робитаи олимони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷиашон меравад, бояд таъкид кунем, ки заминаҳои ҳуқуқии ин ҳамкориҳо низ ба вуҷуд омадааст. Ҳоло робитаҳои илмии Академияи илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо марказҳои илмии бонуфузи Русия, Австрия, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, ИМА, Эрон, ИДМ ва ғайра хеле вусъат пайдо кардааст. Ҳамкориҳои илмию техникии Академияи илмҳо дар асоси 10 созишнома бо ҳафт давлати ҷаҳон идома дорад. Академияи илмҳо дар иҷрои 5 созишномаи байниҳукуматӣ иштирок намуда, узви 5 комиссия, ташкилот ва кумитаҳои байналмилалӣ мебошад.
Олимони тоҷик дар шаш соли охир ба маблағи 11 ҳазор доллари амрикоӣ грантҳои тадқиқотии Маркази байналмилалии илмии техникиро соҳиб гардиданд, ки аксари мавзӯъҳои илмии тадқиқотӣ коркарди усулҳои нави истифодаи манбаъҳои энергия ва гармӣ мебошанд. Соли 2008 мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии "Помир - Чакалтой" эҳё гардид. Дар озмоишгоҳи илмии воқеъ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ проблемаҳои мураккаби муосири физикаи энергияҳои фавқулбаланд таҳқиқ мешаванд. Умед аст, ки тавассути ин Марказ олимони тоҷик дар таҳқиқи   кайҳони дур ба комёбиҳои назаррас соҳиб мегарданд.
 Академияи илмҳо дар баргузории Симпозиуми байналмилалии "Тамаддуни ориёӣ дар иртибот бо фарҳанги АвроОсиё", "Анҷумани панҷуми байналмилалии устодон ва муҳаққиқони забон ва адабиёти тоҷику форс", симпозиуми байналмилалии "Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон", ҷашнҳо ва симпозиумҳо ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ ва 1310-солагии Имоми Аъзам,  зиёда аз 40 конференсия ва симпозиуми байналмилалии илмӣ нақши муҳим дошт. Ин чорабиниҳои бузурги илмӣ ҳамзамон санҷиши иқтидори интеллектуалию илмии кишвар буда, омодагии олимони Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари илмию таҳсилоти олии ҷумҳуриамонро барои иҷрои дастурҳои Сарвари давлат ва ҳукумат нишон медиҳанд.
Дар шароити ҷаҳонигардонӣ баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ хеле муҳим аст. Бинобар ин масъалаи мазкур яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ  қарор гирифтааст. Ба ин мақсад бар иловаи чорабиниҳои бузурги илмии зикршуда, барои ташаккули дурусти шуури таърихӣ ва миллӣ нашри осори ниёгон дорои аҳамияти хоса мебошад. Олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар таҳия ва нашри силсилаи китобҳои "Ахтарони адаб", ки аз 50 ҷилд иборат аст, осори исломӣ, ки  маблағгузории онро Президенти мамлакат ба ӯҳда гирифтааст, хидмати шоиста кардаанд. Ба табъ расидани  китобҳои "Таърихи халқи тоҷик" (иборат аз шаш ҷилд)  ва "Таърихи фалсафаи тоҷик", осори Ибни Сино ба забони русӣ барои беҳтар шиносонидан бо таърихи фарҳанги моддию маънавии халқамон  ва саҳми фарзандони бузурги он ба илму фарҳанги ҷаҳонӣ аз корҳои назарраси солҳои ахир мебошад. Ба табъ расидани "Фарҳанги забони тоҷикӣ" дар ду ҷилд  аз корҳои муҳими фарҳангнигорони мост.
Маблағгузориҳо аз буҷаи  давлатӣ  барои таҳқиқоти бунёдӣ сол то сол зиёд мегардад. Қатъи назар аз бӯҳрони молиявии солҳои гузашта, дар панҷ соли охир маблағҳои буҷетии  муассисаҳои Академияи илмҳо 2,6 баробар афзуд. Маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ, ки олимони Академияи илмҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ ба воситаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ба даст овардаанд, дар муқоиса  ба солҳои гузашта нисбатан зиёд гардида, дар соли 2010 70% -и маблағгузории буҷетиро ташкил додаст.
Яке аз масъалаҳои асосӣ  тарбияи кадрҳои илмӣ мебошад. Махсусан ҷалби ҷавонон ба илм дар солҳои гузашта ташвишовар буд ва ҳанӯз ин мушкилӣ вуҷуд дорад. Вале Академияи илмҳо барои ҳалли он аҳамияти ҷиддӣ дода, дар кори ҷавонтар шудани синну соли олимон ба натиҷаҳои мусбат низ ноил шуда истодааст. Дар муасисаҳои илмии Академияи илмҳо ҳоло 150 нафар номзад ва докторони илм, ки синнашон то 35 мебошад, фаъолият доранд. Дар Шӯроҳои диссертатсионии академия 120 нафар рисолаи докторӣ ва 250 нафар рисолаи номзадиро дар соҳаҳои гуногуни илм дифоъ кардаанд.
Ба шароити муосир мутобиқ кардани сохтор ва мавзӯҳои тадқиқотӣ аз самтҳои муҳими кор дар такмил ва  пешбурди илм маҳсуб меёбад. Ба ин манзур аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ  масъалаи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳо тасдиқ карда шуд. Албатта, проблемаҳо низ кам нестанд. Илми бунёдӣ маблағталаб мебошад. Раёсати академия  бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлатамон роҳҳои вусъат бахшидани корҳои илмӣ, тарбияи олимони насли нави ба шароити ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва беҳтар кардани вазъи кору зиндагии онҳоро пайваста ҷустуҷӯ менамояд.
Ҷашни бузурги 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ як марҳалаи ҷамъбасти фаъолияти олимони тоҷик низ ба ҳисоб меравад. Мо хушнудем, ки олимони академияи бо эҳсоси ватанпарастона ва дастгирии огоҳонаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатамон саҳми худро барои пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар мегузоранд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола  15 апрел  чун Рӯзи илм қайд карда мешавад. Ин рӯзи хуҷастаро барои ҳамаи аҳли илми тоҷик табрик гуфта, барояшон комёбиҳо орзу менамоем. Боварии комил дорем, ки илми тоҷик дар даврони Инстиқлолияти давлатии кишварамон барои  таҳкими асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар хидмати арзанда карда, вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватани азизамон бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.

Маҳмадшо ИЛОЛОВ,
академик,
Президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1608

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед