logo

маориф

Баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ба кӯдакон идома дорад

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки 28 хонандаи мактабҳои кишвар дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дар олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Алҳол 133 хонанда дар Туркия ва 58 хонанда дар Русия дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ иштирок доранд.
Имсол  874 хонанда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дониши худро санҷиданд.
Фаъолият дар  самти таҳсилоти томактабӣ бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот мусбат арзёбӣ шуд. Агар то соли 2005 фурӯши муассисаҳои томактабӣ авҷ гирифта бошад,  аз он ба баъд марҳилаи баргардонидани онҳо оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, гимназияҳои "Ҳилол", "Ҳотам ва ПВ" фурсат хостанд, ки имсол чунин муассисаҳоро холӣ кунанд. Дар шаҳри Душанбе 2 кӯдакистон ба истифода дода шуд. 8 кӯдакистони дигарро аз таъмири асосӣ бароварда,  муҷаҳҳаз гардониданд.
Абдуҷаббор Раҳмонов баён дошт, ки мушкили камбуди омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва сифати таълим ҳанӯз ҳал нашудааст. Вазир ҳамчунин нарасидани мизу курсиҳои мактабиро аз мушкилоти соҳа ҳисобид ва гуфт, ки он тадриҷан ҳал мегардад. Аммо изҳори нигаронӣ кард, ки дар чорабиниҳои баъзе аз мақомоти маҳаллӣ мизу курсиҳои мактабӣ зиёд ва бераҳмона истифода мешаванд.

Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 611

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед