logo

илм

Квотаи президентӣ фишанги рушди кишвар аст

Дар ҳошияи ҳамойиши "Нақши Президенти кишвар дар омодасозии мутахассисони замони нав"

Ба ибтикори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҳамдастии Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамойиши илмиву амалӣ роҷеъ ба "Нақши Президенти кишвар дар омодасозии мутахассисони замони нав" баргузор шуд. Дар он вазъи ҷалби ҷавонон ба мактабҳои олӣ аз ноҳияҳои дурдасти кишвар тавассути квота, сифати омӯзишу парвариш, сатҳи донишандӯзиву малакаи касбӣ ва мушкилоти дигар дар муаассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мавриди гуфтугӯ ва табодули назари ҳозирон қарор гирифт.
                                                    
* * *
Ҳанӯз ним соат пеш аз оғози ҳамойиш дар толори Коҳи Ваҳдат ҷойи холӣ намонд. Ҳамойиш   ҷавонони тамоми минтақаҳои кишварро аз  дурдасттарин мавзеъҳои кишвар бо ҳадафҳои ягонаи дониш андӯхтану мутахассиси замони худ будан   ба ҳам овард.
 Гирди ҳам омадани донишомӯзон дар ин толори бошукӯҳ рамзи сипосгузории онҳо аз Сарвари давлат буд, ки имкони таҳсил дар мактабҳои олиро барояшон фароҳам овардааст. Дар дил  ҳама гуфтаниҳои зиёд доштанд, вале ба хотири истифодаи босамар аз вақт  перомуни он андешиданд, ки чӣ бояд кард, то аз ин имтиёзи бебаҳо беҳтару босамар истифода баранд.                                           
                                                      
* * *
Дар давоми солҳои 1997 - 2010 ба муассисаҳои таҳсилоти  олии  кишвар  тибқи квотаи президентӣ 10340 довталаб, аз ҷумла  7501 духтар ва 2842 писар дохил шуд.
 Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, дар оғози ҳамойиш зимни суханронӣ аз тадбирҳои дурандешонаи Сарвари давлат оиди  фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба  таҳсил хотирнишон шуд. Мавсуф изҳор намуд, ки  ҳанӯз соли  1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат масъалаи ҷалби бештари занону духтаронро ба  ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва мансабҳои давлатӣ ба миён гузошт. Худи ҳамон сол барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар мактабҳои олӣ квотаи махсус ҷорӣ намуд.
Президенти кишвар минбаъд низ дунболи ҳалли мушкили омодасозии мутахассисон, аз ҷумла дуҳтарон аз тариқи квота тадбирҳои фаврӣ андешид ва инак масъалаи  таҳсили донишҷӯён тибқи  квота дар мамлакат комилан ҳал шудааст.
Муовини Сарвазир инчунин ёднишон гашт,  ки муассисахои таҳсилоти олӣ ба инкишофи тафаккури зеҳнӣ ва рушди малакаҳои пажӯҳишиву эҷодӣ, навсозиву ихтироъкории мутахассиси замони нав ҳарчи бештар таваҷҷӯҳ намоянд. ӯ фаъолияти устодону шогирдони Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бобати истифодаи шеваҳои нави таълими муосир ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсиониву ҳалли проблемаҳои минтақаҳои гуногуни кишвар  шоистаи омӯзишу густариш арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин нақши Президенти  кишварро  дар тарбияи мутахассисони замони нав Мағфират Хидирова, муовини раиси кумита оид ба илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, мусбат арзёбӣ намуда, афзуд, ки таъсиси квотаҳои президентӣ барои ҷавононе, ки имконияти маҳдуд доранд, иқдоми инсондӯстонаест. Ҷанбаи дигари муҳими таъсиси квотаҳо аз назари ӯ  баланд бардоштани сифати тарбияи ҷавонон аст. Ба назари мавсуф  ҷавонони  тавассути квота парварида дар назди ҷомеа масъулияти дучанд эҳсос мекунанд ва ин ба рушди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва  меҳанпарварии онҳо мусоидат менамояд. 
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, аз раванди  роҳандозии сиёсати дурбинонаи Президенти кишвар оиди омодасозии мутахассисон тибқи квота, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат заруранд, ёдовар гардида, аз он ёдрас шуд, ки бо вуҷуди теъдоди зиёди донишҷӯёни   фаъолу аълохон нафароне низ ҳастанд, ки ҳадафҳои квотаи президентиро дуруст дарк накарда, нисбати таҳсил муносибати фориғболона намуданд. Ба ин сабаб  205 донишҷӯи бо квота дохилшуда таҳсилро дар мактабҳои олии кишвар идома дода натавонист.  Бар асари  саҳлангориву беэътиноии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  бархе аз шаҳру ноҳияҳо нақшаи қабул аз рӯи квота иҷро намешавад, чунончи соли гузашта се ҷои барои  ноҳияи Тавилдара ва Нуробод ҷудошуда холӣ монд.  Ҳол он ки аҳолии деҳоти мамлакат ба табибу омӯзгор, муҳандису иқтисоддон, агроному ҳуқуқшиноси ҳирфаӣ, беш аз пеш ниёзманд аст. 
Вазири маориф инчунин аз мушкили ба зодгоҳашон барнагаштани иддаи хатмкардаҳо изҳори нигаронӣ намуд.
 Қурбон Восеев, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аз устодони донишгоҳҳо хоҳиш намуд, ки дар тарбияи шахсияти шогирдонашон таваҷҷӯҳи боз ҳам бештаре дошта бошанд.
 Ба андешаи Олим Хӯҷамуродов, устоди Донишгоҳи технологӣ, мутахассиси замони нав, ғайр аз рушди савияи зеҳниву маҳорати касбӣ ниёз ба  маърифати фарҳангӣ дорад. Ба вижа дар тарбияи донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст омадаанду ташнаи фарогирии илму донишанд ва  ошноии амиқро ба фарҳанги шаҳрнишиниву тамаддуни ҷаҳонӣ доранд, нақши илмҳои башарӣ, аз ҷумла фарҳангшиносӣ калон аст.
Дар ҳамойиш донишомӯзони донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, технологӣ ва ғайра лоиҳаҳои инноватсиониашонро муаррифӣ намуда, ба Президенти кишвар арзи сипос намуданд.
Дар фарҷом ширкатдорони конфронс бобати беҳтар гардонидани сифати қабули довталабон дар асоси квота, вазъи иҷтимоиву фароғатии донишҷӯён, омӯзиши таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳо бобати омодасозии мутахассисони ҳирфаии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва амсоли ин тавсияҳо доданд.

Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 947

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед