logo

илм

Ҷомеаро илм ва олими асил пеш мебарад ё худ андешае чанд дар пешорӯи ҷашни 60 - солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон

Пешравии соҳаҳои саноату иқтисодиёт ва илму фарҳанги Тоҷикистон бо замони Шӯравӣ алоқаманд аст. Шиори асосии он давра дар радифи баробарҳуқуқии миллатҳо маҳви бесаводӣ ва омӯзиши илму ҳунар буд. Солҳои 20-уми садаи гузашта барои маҳви бесаводӣ аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Панҷакенту Хуҷанд омӯзгоронро ба дуртарин ноҳияҳои кӯҳистон сафарбар намуданд. Азбаски шароити иқтисодии мамлакат ниҳоят вазнин буд, ҳукумат омӯзгоронро  дар деҳаҳои дурдаст бо хонаву ҷои хоб таъмин менамуд ва китобу дафтару  қаламро, ки камёб буд,  ба мактаббачагон ройгон мебахшид. Он солҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон  хонаҳои кӯдакон  ва интернатҳо таъсис ёфтанд.

Ҳанӯз дар солҳои 20-ум бо вуҷуди сатҳи пасти иқтисодиву иҷтимоии давлати Шӯравӣ Академияи илмҳои он барои омӯзиши гӯшаҳои дурдасти ҷумҳуриямон экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуд. Соли 1927 ба Тоҷикистон нахустин экспедитсияи илмии шӯравию олмонӣ, ки дар ҳайати он олимони маъруфи олмонӣ О.Шмидт ва Р.Финстервалдер низ шомил буданд, амал намуд. Баъдан солҳои 1928-1933 ба ҷумҳурии мо экспедитсияи муҷтамеи Тоҷику Помир омад. Натиҷаи кори ин экспедитсияҳо дар сатҳи баланди илмӣ анҷом ёфта, дар рушди ояндаи иқтисодиёт, таъриху этнография ва анъанаҳои миллии мо аҳамияти бунёдӣ пайдо кард. Дар ҳайати ин экспедитсияҳо олимони шинохта академикҳо Н.Горбунов, А.Ферсман, Н.Вавилов, С.Олденбург, Н.Павловский, И.Герасимов ва дигарон тамоми минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистонро пиёда гашта, бо машаққати зиёд  таҳқиқот гузарониданд. Дар асоси далелҳои мӯътамад собит сохтанд, ки ин сарзамин диёри аслии мардуми орёнажод - тоҷикон аст. Нисбати фарҳанги қадима, таъриху адабиёти оламшумули тоҷик ва густариши он дар кишварҳои дигари ҷаҳон  далелҳои раднашаванда оварданд.
Кишоварзӣ низ дар ин сарзамин решаҳои қадимӣ дорад. Н.Горбунов соли 1933 дар Санкт-Петербург ҳини муаррифии кори экспедитсия дар як ҳамойиши илмӣ гуфта буд: "Тоҷикистон қадимтарин кишвари зироаткорист. Он ҳанӯз дар оғози тамаддуни инсоният дорои фарҳанги  зироаткорӣ буд. Тоҷикистони қадим навъҳои зиёди зироатро офаридаву такмил дода ва ҳатто баъзеашонро ба дараҷаи камолот расонидааст".
Ҳама риштаҳои таҳқиқоти ин экспедитсияҳоро  олимони варзида сарварӣ мекарданд. Бо роҳбарии академик А.Ферсман бахши таҳқиқи сарватҳои зеризаминӣ таъсис ёфт, ки чандин конҳои маъдан ва нишонаҳои онро дар сарзамини мо кашф карда, роҳҳои дар оянда инкишоф додани соҳаҳои асосии саноати кӯҳиро нишон дод. Бо сарварии академик В.Комаров тамоми навъҳои рустаниҳо ва гиёҳҳои шифобахш таҳқиқ гардид. Мавсуф аз маҳви бешазори кӯҳистон, ки дар он солҳо бераҳмона сурат гирифта буд, изҳори нигаронӣ  намуда, ба нақши бешазор дар танзими оби кӯлу дарё, чашмасор ва иқлими маҳал баҳои баланд дод. Бо сарварии академик Е.Павловский  густариши бемориҳои вазнини сироятии вараҷа, вабо, ришта ва табларза дар  он солҳо ҷилавгирӣ шуданд.
Гурӯҳи дигари олимон иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои Тоҷикистонро муайян намуданд. Онҳо дар баробари дарёҳои Кофарниҳону Зарафшон  иқтидори энергияи дарёҳои Вахшу Панҷро дақиқ муайян намуданд. Зимни таҳқиқ дар дарёҳои Вахшу Кофарниҳон ва Панҷ ҷои сохтмони нерӯгоҳҳои барқиро пешбинӣ сохтанд.  Ғайр аз нерӯгоҳҳои Нораку Роғун дар ин дарёҳо бунёди нерӯгоҳҳои иқтидорашон миёнаро низ тавсия доданд. Ҳамчунин бунёди   нерӯгоҳе бо иқтидори 600 ҳаз. кВт-ро дар кӯли Сарез ва таъсиси  марказҳои илмию таҳқиқотиро дар Тоҷикистон  зарур ҳисобиданд. Бо дастгирии марказҳои илмии Русия солҳои 30 - 40 - и садаи  гузашта дар ҷумҳурии мо нахустин марказҳои илмиву таҳқиқотии соҳаҳои кишоварзӣ, геологӣ, биологӣ ва тиббӣ таъсис ёфтанд.
Моҳи ноябри соли 1940 бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС табдил ёфт. Ин давра дар ҷумҳурӣ корҳои мустақили таҳқиқотӣ ва аспирантураи дохилӣ ба кор шурӯъ кард, вале Ҷанги Бузурги Ватанӣ садди роҳи нақшаҳои пешбинишуда гашт.
Баъди ҷанг аввалин муассисаҳои илмии Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои чорводорӣ, кимиё, шӯъбаи геофизикӣ ва энергетика буданд. Соли 1950 дар филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС 80 доктору номзади илм кор мекард. Соли 1951 дар ҳаёти илмиву фарҳангии Тоҷикистон ҳодисаи муҳими таърихӣ ба вуқӯъ омад, ки он таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ва нахустпрезиденти он интихоб шудани устод Садриддин Айнист.
Минбаъд Академияи илмҳои Тоҷикистон ба тадқиқоти ҳамаи паҳлуҳои муҳими соҳаҳои илмҳои табиатшиносию техникӣ, кишоварзиву тиббӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ камар баст. Дар ин давра таҳқиқи сарватҳои зеризаминӣ вусъати тоза ёфт. Олимони Пажӯҳишгоҳи геология масъалаҳои муҳими соҳаро  омӯхта, дар таҳқиқу кашфи намудҳои гуногуни  канданиҳои фоиданок саҳм гирифта, айни замон  харитаи топографии пиряхҳои ҷумҳуриро таҳия сохтанд. Соли 1933 дар баландии 4170 метр, дар қуллаи пиряхи Федченко баландтарин истгоҳи обуҳавосанҷии кишварамон  сохта шуд.
Омӯзиши таркиби хоки заминҳои кишт аз масъалаҳои муҳими зироаткорӣ буд. Соли 1936 истгоҳи  хоксанҷиву обёрии Вахш таъсис ёфт.  Дар он мушкили шӯршавии хок, обёрии заминҳои бекорхобида, истифодаи нуриҳои минералӣ, реҷаи  обёрии пахта ва  киштгардонии техникии майдонҳои зироатпарварӣ таҳқиқ шуда, тавсияҳои муфид пешниҳод мешуданд. Соли 1951 дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ таъсис ёфт ва масъалаҳои омӯзишу ба нақшагирии хокҳои ҷумҳуриро дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳал намуд.
Таъсиси  пажӯҳишгоҳҳои сейсмологияю зилзиласанҷӣ, астрофизика, физикаю техника, математика, ботаника ва иқтисодиёт гардиши бузурге дар пешрафти илми тоҷик буд.
Ташкили чунин муассисаҳои илмии бунёдӣ ва озмоишгоҳҳои  таҳқиқотӣ кори осон набуд. Ҳар як пажӯҳишгоҳ ва шӯъбаву озмоишгоҳҳои он рафти иҷрои корҳои илмиро, ки тибқи ҳамоҳансозии Кумитаи илм ва техникаи Шӯрои Вазирони ИҶШС сурат мегирифт, мунтазам  муаррифӣ менамуд. Дар сурати иҷро нашудани кор рӯи мавзӯъ маблағгузорӣ қатъ мегардид. Аз ин хотир на ҳар кас ҷуръати бардоштани гом ба остонаи илмро дошт.
Академияи илмҳои Тоҷикистон солҳои 60 - 80-уми садаи гузашта дар миқёси Шӯравӣ нуфузи шоиста пайдо кард ва соли 1976 академик Келдиш, Президенти Академияи илмҳои ИҶШС ва баъди муддате  академик Анатолий Александров, Президенти баъдинаи Академияи илмҳои  мамлакат, ба Душанбе омада,  риштаҳои нави таҳқиқотро  муайян карданд. Олимони шинохта А.Баҳоваддинов, М.Осимӣ, А.Мирзоев, Ҳ.Мансуров, А.Адҳамов, Б.Искандаров, С.Раҷабов, И.Нарзиқулов, М.Нарзиқулов, А.Ҷӯраев, А.Махсумов, П.Бобоҷонов, М.Шакурӣ, С.Неъматуллоев, Ю.Носиров, Т.Назаров, Р.Раҳимов, Ҳ.Саидмуродов, Р.Масов, М.Диноршоев ва дигарон номбардори илми тоҷик дар  ҷаҳон гаштанд. Дар ин давра дар пажӯҳишгоҳҳои таъриху бостоншиносӣ, фалсафа, иқтисодиёт, шарқшиносӣ ва забону адабиёт оид ба таърихи халқи тоҷик даҳҳо асарҳои бисёрҷилдаи бунёдӣ таълиф гашта, осори  илмиву адабии ниёгонамон ба табъ расиданд.
Вале бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дучори бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ гашт ва он илму фарҳангро низ сироят кард. Таҳти фишори нерӯҳои ҷаҳолатпеша мутахассисону донишмандони варзида мамлакатро тарк намуданд. Дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф низ, шахсони тасодуфӣ омада, вазъи ҷомеаро хароб сохтанд. Агар Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, намебуд, аз Академияи илмҳо имрӯз нишоне боқӣ намемонд, тавре ки  дар Туркманистон  Сапармурод Туркманбошӣ  Академияи илмҳоро барҳам зад. Сарвари нави Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов Академияи илмҳои Туркманистонро аз нав эҳё намуд. Соли гузашта дар як ҳамойиши  илмӣ  дар Киев бо А.Бобоев, собиқ Президенти Академияи илмҳои Туркманистон ва директори Институти биёбон, ҳамсӯҳбат будам. Вай ёдовар шуд, ки баъди амали ғайриқонунии Туркманбошӣ беҳтарин олимон мамлакатро тарк намуданд. Ҳоло ҳукумати нави Туркманистон маблағи зиёд ва тамоми шароитро барои таъсиси Академияи илмҳо муҳайё намудааст, вале барқарор намудани нерӯи илмии пешина дар гумон аст.
Бо пошхӯрии низоми Шӯравӣ ва муташанниҷ гаштани вазъи сиёсии баъзе ҷумҳуриҳо  беҳтарин олимони шӯравиро низ ба дигар давлатҳо таклиф карданд. Ҳоло қисми зиёди онҳо сазовори ҷоизаҳои бузурги давлатӣ ва ҷаҳонӣ шудаанд. Соли гузашта ду корманди Институти физикаю техникаи Маскав Андрей Гейм ва Константин Новосёлов дар шаҳри Манчестри Англия соҳиби ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика гаштанд. Айни замон бисёр олимони тоҷик дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Воронеж, Уляновск, Новосибирск ва  давлатҳои дигар  кор карда, эътибори баланд доранд. Яъне барои онҳо дар он кишварҳо шароити зарурӣ муҳайё намудаанд. Вале дар Академияи илмҳои Тоҷикистон барои як корманди илмӣ дар як сол ҳамагӣ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо  мешавад, ки ин нишондиҳанда дар Русия 20 ҳазор доллар ва давлатҳои Аврупову  ИМА аз 150 то 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Заминаи ҳама гуна кашфиёти бузург илмҳои бунёдист ва зарур аст, ки нерӯҳои зеҳниро дар ҳамин ришта сарҷамъ созем. Мутаассифона, падидаи ба майдони илм сар даровардани як гурӯҳи бесаводон олимони мамлакатро ба ташвиш овардааст. Ин гурӯҳ бо макру фиреб ва ришваву фасод соҳиби унвонҳои илмӣ мегарданд. Ҳатто иддае аз кормандони вазорату муассисаҳо низ бо ҳамин роҳ соҳиби унвонҳои илмӣ мешаванд. Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба ин масъала ишора намуда, ин  "соҳибунвонҳо"-ро зери танқид гирифт. Ҳамин аст, ки  солҳои ахир дар радифи асарҳои варзида, китобу монографияҳое  интишор мешаванд, ки бидуни баррасӣ  дар шӯроҳои илмӣ бо тақризи ду-се "ёру ошно"  аз чоп мебароянд. Албатта, ин гуна асарҳои бемағз дер намепоянд ва мардум онҳоро ба ҷои коғазпора истифода мебарад. Имрӯз дар ҳоле ки мактаббачаҳо ниёз ба чопи китобҳои хуби  дарсӣ доранду китобхонаҳои деҳот ба адабиёти бадеӣ, сарфи беҳудаи коғазу маблағ барои ин гуна китобҳое, ки нафъе барои  ҷомеа намерасонанд, аз рӯи инсоф нест. Бояд Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон ба ин масъала таваҷҷӯҳ созанд.
Падидаи дигаре, ки боиси таассуф аст,  таъсиси даҳҳо муассисаҳои академию унвонҳои академикист. Замони Шӯравӣ маркази асосии илмҳои мамлакат Академияи илмҳои ИҶШС ба шумор мерафт ва дар ҳар ҷумҳурӣ Академияи илмии ҷумҳуриявӣ амал мекард. Минбаъд соли 1929 Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ, соли 1944 Академияи илмҳои тиббӣ, соли 1947 Академияи рассомии ИҶШС ва соли 1966 Академияи илмҳои педагогӣ таъсис ёфт.  Вале солҳои 90-уми садаи гузашта дар Русия ҳар касе, ки тавонист, дар гӯшае академияи худро сохт ва  дипломҳояшро ба фурӯш баровард. Ин беморӣ ба ҷумҳуриҳои дигар  паҳн гашт ва садҳо академияҳои пой дар ҳаво пайдо шуданд. Дар Тоҷикистони мо низ пайравони онҳо  зиёданд ва бархе як мақолаи асили илмӣ надоранду худро академик маъруфӣ мекунанд. Яъне Н.Вавилов, Б.Ғафуров, А.Баҳоваддинов ҳам академиканду  ин ашхос ҳам, ки хидмате дар илм надоранд.  Ба андешаи банда, бояд бо қарори Ҳукумат тамоми ин гуна академияҳо ва "академикҳои хасакӣ" беэътибор дониста, танҳо Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дар атрофи он академияҳои кишоварзӣ, тиббӣ ва педагогӣ нигоҳ дошта шаванд. Зеро Академияи илмҳои мамлакат барои пешрафти илми тоҷик хизматҳои шоиста карда ба дастовардҳои муҳим ноил гаштааст. Комёбиҳои илмӣ қариб дар ҳамаи пажӯҳишгоҳҳо ва шӯъбаҳои илмии он ба назар мерасад, ки ин ҷо номбар кардани онҳо аз имкон берун аст. Аммо маврид ба зикр аст, ки илми тоҷик ба ёриву дастгирии Ҳукумат  ниёз дорад. Роҳандозии бисёр нақшаву барномаҳо ва инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат бидуни истифодаи дастовардҳои илмӣ ғайриимкон аст. Вазъи иқтисодии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллиро талаб мекунад. Феълан аҳолии деҳоти мамлакат аз 60 то 65% буҷаи оиларо барои  хӯрок  сарф мекунад ва ин нишондиҳанда дар шаҳр зиёдтар аст. Ҳол он ки дар мамлакатҳои мутараққии Аврупо  аз  буҷаи оила барои озуқа ҳамагӣ 15% ва дар давлатҳои рӯ ба инкишоф  40%  масраф мегардад. Агар деҳқони тоҷик 65% буҷаи оилавиашро барои хӯрок сарф кунад, пас чӣ сон метавонад хоҷагиашро инкишоф  диҳад? Дар чунин шароит бояд олимони соҳаи  иқтисодиёт, кишоварзӣ ва биологӣ роҳҳои ҳалли ин масъалаи ҷиддиро дар ҳамкорӣ  бо вазорату муассисаҳои давлатӣ ёбанд. Бавижа паст будани ҳосилнокии зироатҳои техникӣ ва ғалладона ташвишовар аст. Ин дар ҳолест, ки дар сарзамини хуршедии мо имкони гирифтани се ҳосил дар як сол мавҷуд аст ва бо истифода аз захираҳои заминҳои кӯҳдоман Тоҷикистон иқтидори бо озуқа таъмин намудани аҳолии 20 - миллионаро дорад.
Дар ояндаи наздик вобаста ба шароити табиию иқтисодӣ дар назди илми тоҷик ҳалли проблемаҳои хеле ҷиддӣ истодаанд ва муҳимтаринашон инҳоанд :
- вобаста ба ҷойгиршавии Тоҷикистон дар минтақаи хавфи заминларза пурзӯр намудани тадқиқоти сейсмикӣ;
- омӯзиши хавфи офатҳои табиии марбут ба об (сел, тарма, эрозияи замин, кӯчиш, обхезӣ) ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба пешгирии онҳо;
- таҳқиқи истифодаи манбаъҳои энергияи ғайримаъмулӣ (нури офтоб, биогаз ва ғайра) дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон ва сабабҳои коҳиши онҳо;
- таъсиси Атласи миллии Тоҷикистон;
- асоснок намудани самаранокии инкишофи экотуризм ва туризми байналмилалӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат;
- додани баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои зеризаминии ҷумҳурӣ;
- таҳқиқи самтҳои асосии муҳоҷирати дохилию берунӣ ва паёмади  он;
- омӯзиши мушкили бехатарии озуқаворӣ;
- бо назардошти ҳифзи саломатии мардуми деҳот вусъат додани корҳои пажӯҳишии марбут ба татбиқи васеи муборизаи биологӣ бо ҳашароти зараррасон дар соҳаи кишоварзӣ;
- таҳқиқи таъсири дигаршавии иқлим ба иқтисодиёти мамлакат;
- омӯзиши вазъи демографии мамлакат ва бехатарии экологӣ.
Ин буд чанд мулоҳизаи камина оид ба проблемаҳои илми тоҷик.

Холназар  МУҲАББАТОВ,
доктори илмҳои ҷуғрофӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1119

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед