logo

маориф

Фестивали байналмилалии "Садои арғунун" моҳи июн баргузор мегардад

Аслиддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки хобгоҳи таълимгоҳ пас аз ду соли тармим пеш аз ҷашни Наврӯз ба истифода дода шуд. Он дорои 370 ҷойи зист аст. Бо навтарин таҷҳизот ва тамоми шароит барои зиндагӣ, тамрин, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ таъмин мебошад.
Ҳунарнамоии донишҷӯён дар фестивал - озмуни театрҳои касбӣ "Парасту -2011" бо намоиши "Моҷарои сари пода" аз дастовардҳои хотирмон маҳсуб меёбад. Мутахассисони соҳа ба маҳорати донишҷӯён баҳои баланд доданд. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ, рӯзе қабл бо изҳори таассуф гуфт, ки ин намоиш ғайриозмунӣ буд, вагарна ҳатман яке аз ҷойҳои намоёнро сазовор мегашт.
Тибқи иттилои роҳбари муассисаи таълимӣ, 80 нафар омӯзгор ба шаҳру навоҳии кишвар барои дарёфти истеъдодҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигори рӯзнома Аслиддин Низомӣ гуфт, ки фестивали байналмилалии "Садои арғунун" моҳи июни соли ҷорӣ доир мегардад ва ҳамзамон афзуд:
- Арғунуни ягонаи кишвар тибқи нақша бояд моҳи феврал садо медод. Аммо таҷҳизоти зарурӣ барои эҳёи ин сози мусиқӣ  сари вақт нарасид. Онро аз тариқи тайёра аз Прага то Бишкек ва аз тариқи нақлиёт ба Душанбе бояд ворид мекарданд. Бар асари воқеаҳои Бишкек дар ин маврид мутахассисон ва масъулини ширкат таваккулро раво надиданд. Аз ин рӯ таҷҳизотро тариқи нақлиёт аз Прага ба Душанбе оварданд. Устоҳои чех алҳол ба тармими он машғуланд ва тармим ду ҳафтаи дигар идома меёбад.

Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 545

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед