logo

маориф

Омӯзгори оянда ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки…

Зариф Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО оиди фаъолияти устодону шогирдон дар семоҳаи аввал маълумот дода, дар радифи зикри дастовардҳо, аз сатҳи азхудкунии дониш, ки ҳамагӣ 1,7 дарсад афзудааст, изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин давра нисбат ба баҳои хуб теъдоди баҳои омехтаи шогирдон  афзуда, бар асари азхуд накардани барномҳои таълимӣ 96 донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст.
 Ба андешаи ректор, омӯзгори оянда ҳуқуқи маънавии таҳсил бо баҳои омехтаро надорад, зеро сатҳи пасти маълумоти касбии ӯ  ба сифати таълими насли наврас таъсири манфӣ расонида, дар рушди минбаъдаи ҷомеа садду монеа эҷод месозад. Аз ин рӯ ба хотири беҳсозии  сифати таҳсил ва созгор намудани он ба меъёрҳои  байналмилалӣ дар донишгоҳ беш аз 40 барномаи таълимӣ аз нав таҳия шуд ва ба фаъолияти амаливу пажӯҳишии шогирдон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид,- гуфт Зариф Шарифов.
Бино ба иттилои мавсуф, дастоварди муҳими ин давра таъсиси  Маркази нави пажӯҳишӣ аст. Ҳадаф аз фаъолияти  он вусъат бахшидан ба корҳои таҳқиқӣ дар риштаи илмҳои дақиқ буда, ба ин хотир ғайр аз сармояи буҷавӣ аз ҳисоби даромади Боғи озмоишии донишгоҳ, воқеъ дар дараи Ромит ва роҳандозии таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ маблағи вижа ҷудо шудааст. Масоҳати боғи мазкур ҳудуди 20 гектар ва теъдоди хориҷиёне, ки  ба ҳайси донишомӯзу унвонҷӯ таҳсил мекунанд, дар донишгоҳ беш аз ҳазор аст.   Инчунин як гурӯҳ аз кишварҳои ИМА, Канада, Мексика, Испания, Белгия, Австралия, Панама, Зеландияи нав ва Куриёи Ҷанубӣ дар ин ҷо забони тоҷикӣ меомӯзанд.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 562

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед