logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи 15 - солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 апрели соли 2011

Мӯҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати понздаҳсолагии ба имзо расидани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсиси ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ - Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст, самимона табрик мегӯям.
 Пайдоиш ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ яке аз шаклҳои ширкати фаъоли омма дар равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ба ин восита таъмин гардидани иштироки онҳо дар идораи корҳои давлатӣ мебошад. Зеро чунин иттиҳодияву созмонҳо ҳамчун нишонаи равшани ҷомеаи шаҳрвандӣ хоси ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбанд.
 Баъди ба даст овардани истиқлолият мардуми Тоҷикистон роҳи эъмори ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқбунёдро ихтиёр намуд. Вале бояд гуфт, ки дар ин ҷода дар кишвари мо ҳанӯз таҷрибаи зарурӣ вуҷуд надошт.
 Дар чунин шароит таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ки рукни асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил менамоянд, аҳамияти муҳим дошт. Аз ин рӯ, дар радифи созмону иттиҳодияҳои гуногун ба вуҷуд омадани Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон рӯйдоди бисёр арзишманде буд.
 Вазъияти сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ дар назди ҷомеаи мо масъалаҳои зиёдеро пеш овард. Махсусан, раванди оғозгардидаи истиқрори сулҳ ҳам аз Ҳукумат, ҳам аз аҳли ҷомеа ва ҳам аз нерӯҳои мухолиф амалҳоеро тақозо менамуд, ки ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иқдом гирифта шуд, ки созмони ҷамъиятиеро ба вуҷуд оранд, ки он вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми нерӯҳоро ба хотири таҳкими раванди сулҳу созандагӣ дар Тоҷикистон адо намояд. Ҳамин тавр, ғояи ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ ба миён омад.
 Асоси ҳуқуқиву сиёсии Шӯрои ҷамъиятиро имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа гузошт. Баъдтар, ба тақозои зарурат муттаҳид намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба миён омад. Зеро вазъияти сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби истиқрори сулҳу субот фаъолияти якҷоя ва самараноки нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро талаб мекард. Инчунин дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои зиёди мухталифе пайдо шуда буданд, ки фаъолияти онҳо дар он марҳалаи ҳасос ба ҳамоҳангсозӣ ниёз дошт.
 Ҳадафҳои асосии эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоии Тоҷикистон роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Ҳукуматро гирди ҳам оварданд, ки ин худ далели возеҳи аз ҷониби аксарияти ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар бобати истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа буд.
 Рӯзи 21 феврали соли 1996 ман дар суханрониам дар назди роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудани ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро беҳтарин василаи ваҳдату ягонагии кишвар номида, арз намудам, ки маҳз ҳамин иттиҳод қудрати ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро дорад.
 Аслан, ҳадафи асосии таҳияи Аҳднома аз мақсад ва вазифаҳои давлати навтаъсиси Тоҷикистон бармеомад. Маҳз ин ҳадаф тарафҳоро водор намуд, ки 9 марти соли 1996 ин санади муҳим ба имзо расонида шавад.
 Имзои Аҳднома собит намуд, ки дар Тоҷикистон ҳамаи қувваҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид буда, дар дохили кишвар ҳеҷ гуна мухолифати ҷиддӣ мавҷуд нест. Мазмуну мундариҷаи Аҳднома низ тамоми мақсаду мароми аҳли ҷомеаро дар худ таҷассум намуда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ арзиши баланд дорад. 
 Фаъолияти 15 - солаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ниҳоди ҷамъиятӣ иштироки натанҳо ҳизбҳо, балки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои милливу фарҳангиро дар ҳаёти сиёсии кишвар ба тарзи воқеӣ имконпазир гардонид. Шӯрои ҷамъиятӣ талабу дархост ва манфиатҳои созмону ташкилотҳои ҷамъиятиро дар чорчӯбаи қонун ҳамоҳанг сохта, дар таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар саҳми муносиб гузошт.
 Дар шароити муосир вазифаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар навбати аввал бояд ба ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намояд. Чунин вазифаи масъулиятнок дар шароити демократикунонии ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки ҳадафҳои сиёсӣ бо роҳу равиши ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мувофиқ бошанд.
 Вазъияти кунунӣ талаб мекунад, ки ваколату масъулият ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ баробар бо сатҳи пешрафти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар дақиқ муайян карда шаванд, то ки ин ниҳод дар ҷомеа нақши махсуси худро иҷро карда тавонад. Ҳамчунин зарур аст, ки ин ниҳод дар низоми корбарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ фаъолияти дигар сохторҳоро такрор накарда, дар рушди ҷомеа саҳми назаррас дошта бошад.
 Ҳанӯз 1 марти соли 1996 ман дар яке аз вохӯриҳои худ бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву илмӣ ва намояндагони ақаллиятҳои миллии кишвар доир ба созмон додани ташкилоте ба мисли Шӯрои ҷамъиятӣ изҳори ақида намуда будам. Бо ин мақсад бо супориши Роҳбари давлат аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ва бонуфузи илмиву иҷтимоии мамлакат гурӯҳи корӣ ташкил гардида, матни "Аҳднома дар бораи ризоияти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон" таҳия гардид.
 Дар муддати 15 сол мо бо дастгирии ҳамаи қувваҳои солими ҷомеа ба хотири амалӣ кардани орзуву ормони халқамон - истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, таъмини амният ва ризоияти миллӣ, ташаккули асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Ин ҳуҷҷати дорои аҳамияти умумимиллӣ ҷиҳати ба даст овардани мавқеи ягона ва ҳамдигарфаҳмии қувваҳои сиёсиву ҷамъиятии мамлакат, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, устувории низоми ҷамъиятӣ ва ҳамбастагии миллӣ  нақши басо муҳим ва таърихӣ бозид. 
 Понздаҳ сол барои инкишофи ҷамъият ва давлат давраи начандон тӯлонӣ ба ҳисоб меравад.  Вале таҳлили роҳи тайкардаи он имкон медиҳад, ки мо корҳои дар ин муддат анҷомдодаи худро арзёбӣ карда, аз камбудиҳо хулоса барорем ва ҳадафҳои минбаъдаро муайян созем.
 Шӯрои ҷамъиятӣ, ки меваи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад, бори аввал ҷонибҳои мавқеи гуногуни сиёсидоштаро ба хотири як мақсади олӣ - эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мутамаддин муттаҳид намуд.  Ин ташаббуси моро ҳамаи сокинони мамлакат аз рӯзҳои аввал хуш пазируфтанд ва ҷонибдорӣ намуданд. Имрӯз аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба мардуми тоҷик ва ҷаҳониён аён аст.
 Мақсади асосии Аҳднома ташаккули ҷомеаи боадолати шаҳрвандии демократиасос, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буд. Аҳднома аз ин нуқтаи назар имкон дод, ки мардуми шарифи мамлакат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ба воқеият табдил ёфт.
 Дар натиҷаи дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон аз ҷониби давлат дар мамлакат институтҳои демократӣ ташаккул ёфта, бомаром инкишоф меёбанд ва фарҳанги сиёсии шаҳрвандон тадриҷан боло меравад.
Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин давра як қатор қонунҳоро муҳокима карда, ба парламенти мамлакат пешниҳоду хулосаҳои ҷолиб манзур сохт ва бо ҳамин дар таҳия ва қабули қонунҳо оид ба демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ташкили имконоти мусоид барои фаъолияти ташкилоту созмонҳои иҷтимоиву сиёсӣ, милливу фарҳангӣ ва динӣ, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма, хулоса оромии вазъият дар мамлакат саҳми арзанда гузошт. Имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ ба як мактаби бузурги таҳлиливу машваратӣ табдил ёфтааст ва минбаъд ҳам дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мардуми мо аз он маслиҳату ҳамкории муфиду мушаххасро интизор хоҳанд буд.
 Мо аз ибтидо роҳи бунёди давлати озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ихтиёр кардем. Бо ҳамин ормон мо давлатамонро пеш бурда, рукнҳои асосии онро таҳким мебахшем.
 Бояд зикр намуд, ки мавзӯи демократия барои халқи тоҷик мавзӯи нав нест. Масъалаҳои мардумсолорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, бахусус мавзӯъҳои адлу инсоф, баробарҳуқуқӣ ва идораи одилонаи ҷомеа унсурҳои демократия мебошанд, ки ҳанӯз аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ибтидо гирифта, баъдан дар асарҳои мутафаккирони бузурги халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Низомулмулк, Насриддини Тӯсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон возеҳу равшан баён гардидаанд.
Афкори пешқадам ва арзишманди гузаштагони мо мавриди истифодаи ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии асрҳои XVII-XIX дар Ғарб қарор гирифта, барои ба миён омадани назария ва амалияи демократияи муосир ва рушди он мусоидат намудааст. Бинобар ин, мо метавонем изҳор намоем, ки анъанаҳои демократия барои халқи мо бегона набуда, балки хоси моҳияти зиндагиаш будааст.
Таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи таҳсил, эҷод, озодии виҷдон ва сухан, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, моликият ва мерос, ташкил ва пойдории оила, ҳуқуқ ба меҳнат, манзил, истироҳат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ заминаи боэътимоди таъмини демократикунонии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошад.
 Чун сухан дар хусуси демократикунонии ҷомеа, рушди идораи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ меравад, бояд гуфт, ки аҷдоди мо дар ин бобат низ соҳиби таҷрибаи зиёд буданд. Ман мушаххасан ташаккули ниҳоди давлату давлатдорӣ ва инкишофи он, ҳамкорӣ ва кӯмаки байниҳамдигарии табақаҳои гуногун ва такомули ҷомеаи мардумсолориро дар аҳди Сомониён дар назар дорам.
Илова бар ин, аз асри Х сар карда, донишмандони давлатшиноси мо, ба мисли Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Низомулмулк ва даҳҳо дигарон доир ба назарияи ташаккули давлат ва ғояи адолати иҷтимоӣ асарҳои ҷолибе навишта буданд, ки минбаъд барои башарият, аз ҷумла олимони Ғарб ба ҳайси манбаи ташаккули ғояи давлати демократӣ ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ хизмат намудаанд.
 Худи идеяи "Мадинаи фозила"-и Форобӣ як навъ ҷомеаи шаҳрвандиро муаррифӣ менамояд. Форобӣ таҳти мафҳуми "Мадинаи фозила" ҷамъиятеро дар назар дошт, ки аъзои он аз табақаҳои мухталиф иборат буда, миёнашон ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ мавҷуд буд. Бо ҳамин ғоя ӯ кӯшидааст, ки ба халқҳои дигар маданияти муайяни ҳамзистии табақаҳои гуногуни ҷамъиятро дар мисоли аҷдоди мо нишон диҳад.
 Андешаи ҷомеадории ин муттафаккир дар зоти худ ба ҷомеаи шаҳрвандие, ки ғарбиён муаррифӣ мекунанд, аз ҳар ҷиҳат монанд аст. Ин таълимот аз ҷониби мутафаккирони баъдинаи тоҷик инкишоф дода шуд. Мисоли равшани он андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷа Асирӣ ва Садриддин Айнӣ мебошанд.
 Мақсад аз овардани ин мисолҳо аз он иборат аст, ки олимон, сиёсатшиносон ва роҳбарияти кишвар ҳангоми баррасии масъалаҳои рушди демократия дар ҷомеа ҳамеша аз мероси ниёгонамон, ки саршор аз афкори ҷомеаи мардумсолорӣ мебошад, мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Дар муддати понздаҳ соли сипаригашта мо бо дастгирии тамоми ҳизбу созмонҳои  сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои амалӣ кардани орзуву ормонҳои мардум, расидан ба сулҳу оромӣ ва таъмини амният, ризоияти миллӣ, эҷоди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Зеро баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон тавассути ба имзо расидани Аҳдномаи ризоияти ҷомеа бори аввал, сарфи назар аз ақида ва мавқеъҳои гуногуни сиёсӣ барои ба даст овардани муттаҳидиву ягонагии сиёсии мардуми кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
 Имрӯз мехоҳам ёдовар шавам, ки ин ташаббуси сирф миллӣ ҳамон вақт низ дар миёни мардуми кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда буд. Зимнан бо ифтихор изҳор менамоям, ки татбиқи муваффақонаи Аҳднома дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи аввалин ва иқдоми воқеан дурбинона буд. Зеро сиёсатшиносону ҷомеашиносон ва роҳбарону сиёсатмадорони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, онро дар роҳи ба даст овардани сулҳу суботи Тоҷикистон ҳамчун як ташаббуси дурандешонаи миллӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон бо ин, баробари ба имзо расидани Аҳднома он дар роҳи оштии миллӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва суръатбахшӣ ба равандҳои демократикунонӣ дар кишвар ҳамчун санади барномавии миллӣ мусоидат намуд.
 Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат раванди бунёдкориву созандагӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро амалан баъди имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа оғоз намуд. Ҳамчунин дар натиҷаи аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ гуногунандешӣ ва плюрализми сиёсӣ ба вуҷуд омад.
Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таҳия ва қабули қонунҳо оид ба демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва ташкилотҳои динӣ, фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, ба эътидол овардани иқтисодиёт тибқи ӯҳдадории дар Аҳднома баёншуда корҳои ниҳоят муҳимро ба анҷом расониданд. Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудам, мо барои рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти озодонаи созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ шароити мусоид фароҳам овардем.
 Бори дигар иброз медорам, ки имрӯз дар фазои сиёсии кишвар ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дорад, ки панҷтои он дар парламент намояндаи худро дорад.
 Агар соли 1992 шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ 141 ададро ташкил карда бошад, имрӯз ин шумора ба 2364 расидааст. Айни замон дар кишвар 404 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 250-тоаш хусусӣ мебошад. Аз 44 шабакаи радиотелевизионии амалкунанда 28 радиову телевизиони ғайриҳукуматист, ки ин ҳама дар маҷмӯъ дар ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ падидаи мусбат мебошад.
 Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард.
 Мавриди тазаккур аст, ки мӯҳтавои ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ба воситаи матбуоти даврӣ ба таври васеъ интишор ёфта, мақолаҳои алоҳидаи аъзои он дар "Бюллетен"-и Шӯро ба табъ мерасанд.
 Падидаи наве, ки мо дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ мебинем, ин гузаронидани маҷлисҳои "Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ" мебошад. Бо иштироки намояндагони масъули сохторҳои ҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ дар маҳфилҳо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардида, аз ҷониби иштирокдорон роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта ба тариқи тавсия ба Ҳукумат пешниҳод карда мешаванд. Ин раванд низ аз вусъати демократия дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ва ифодаи озоди андешаву ақидаҳо гувоҳӣ медиҳад.
 Маълум аст, ки раванди демократикунонии ҷомеа доимо рушду такомул меёбад, тадбир ва роҳҳои амалӣ намудани он низ диди навро тақозо менамояд. Ба ин манзур 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ" ба имзо расида буд. Фармони мазкур ба мақсади демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор месозад, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои зикршуда саҳми бевосита дошта бошанд.
Дар фармон масъалаи мустаҳкам намудани нақш ва мавқеи Шӯрои ҷамъиятӣ ва созмон додани шӯроҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо  махсус таъкид гардида буд.
Шӯрои ҷамъиятӣ аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз тавонист, ки вазифаи пурмасъулияти худро муваффақона иҷро намояд. Ба фаъолияти он бисёр созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳои муносибу сазовор додаанд.
То имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, барои рушди ошкорбаёнӣ, плюрализми андеша, маданияти баҳсу мунозира ва ташаккули фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ нақши намоён бозидааст.
Шумо дар ёд доред, ки 21 октябри соли 2002 мулоқоти Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. ӯ ба фаъолияти Шӯро - ин созмони нодири демократиасоси ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳои арзанда дода, дар суханрониаш аз ҷумла гуфта буд: "Мардум ба шумо ҳамчун ба иҷрокунандаи орзую омолашон менигаранд, агар ин орзую омоли мардумро дар вақташ иҷро намоед, насли оянда дар назди шумо қарздор хоҳад буд".
 Ин маънои онро дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид аз ҷараёни устуворшавии ваҳдати миллӣ ва қадамҳои эътимодбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол дар эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва шаҳрвандӣ қаноатманд аст.
 Борҳо таъкид намудаем, ки мо ҳанӯз дар саргаҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорем. Ин кори басо мушкил, пурмасъулият ва дар айни замон боиси ифтихор мебошад. Бо дарназардошти ин, масъулияти ҳамаи мо - роҳбарону кормандони масъули давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин дар назди таърих ва наслҳои ояндаи кишвар бениҳоят бузург аст.
 Имрӯз ҷараёни ҷаҳонишавӣ халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳонро бо ҳам бештар наздик кардааст. Ҳеҷ давлат ва миллат наметавонад бар хилофи равандҳои муосир ва қонуниятҳои инкишофи таърих амал намуда, худро аз ин ҷараён дар канор гирад. Лекин раванди ҷаҳонишавӣ барои халқу миллатҳои камшумор дар баробари ҷиҳатҳои мусбат оқибатҳои манфиро низ ба бор меорад. Маҳз ба ҳамин хотир, чанд рӯз пештар дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ зарур аст дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем, ваҳдати миллиро таҳким бахшида, амнияту суботи ҷомеа ва давлатамонро мустаҳкам гардонем ва ҳамзамон бо ин, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардорем. Ҳамаи ин аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон намудам, ки ифтихори миллӣ набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, парвози ақли башарият ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад. Дар айни замон, баробари пазируфтани арзишҳои волои умумибашарӣ мо бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси худ ворид шуда, чун давлати мутамаддини миллӣ сӯи низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш равем.
 Ҳимояи манфиатҳо, асолат ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои пешқадами миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
 Ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин самт метавонанд корҳои назаррасро анҷом дода, обрӯю эътибори худро дар ҷомеа баланд бардоранд.
Таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҳамкорӣ дар рушди маориф, беҳбудии таълиму тарбия, мубориза бар зидди зуҳуроти харобиовари экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, пешгирии нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон ва коррупсия дар маркази таваҷҷӯҳ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд қарор гиранд. Зеро тамоми кӯшишу талошҳо ва ҳамкориҳо ба хотири хушбахтии насли оянда, эъмори Тоҷикистони обод, осуда ва пешрафта мебошад.
Бунёди давлати демократӣ бо ҷомеаи боадолати шаҳрвандӣ кори сода ва кӯтоҳмуддат нест. Бахусус дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ мушкилот дучанд мешавад. Аз ин лиҳоз, ин масъулияти таърихӣ дар назди халқу Ватан аз ҳар кадоми мову шумо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад.
Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ асосҳои ҷомеаи нави демократиро гузоштем, ба ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ камар бастем. Лекин ҳамаи ин иқдомоти нек дар сурате бомуваффақият анҷом меёбад, ки агар ҳар як корманди давлатӣ, ҳар як шаҳрванди мамлакат, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар назди халқи худ ва насли ояндаи кишвар масъулияти таърихиро эҳсос намояд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд ва онҳо дар роҳи боло бурдани ифтихори миллӣ ва ватандорӣ метавонанд корҳои ҷиддиро анҷом диҳанд. Зеро яке аз самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги миллӣ мебошад.
 Аз ин рӯ, аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани маслиҳату таклифҳои муфид барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф, таблиғи тарзи ҳаёти солим, мубориза алайҳи падидаҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон ва дигар мушкилоти ҳаёти имрӯза вазифаи муҳими барномавиашон маҳсуб шуда, обрӯву нуфузашонро дар ҷомеа боло мебардорад.
 Мехостам атрофи як масъалаи ташвишовар, ки имрӯз ягон узви Шӯрои ҷамъиятиро бетараф нахоҳад гузошт, ибрози ақида намоям. Ман хатари нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар назар дорам, ки ба генофонди миллат зарбаи ҷонкоҳ мезанад. Ҳарчанд Ҳукумати кишвар бар зидди ин вабои аср муборизаи беамон мебарад, ҳар як аъзои ин ташкилоти бонуфуз низ бояд дар мубориза бар зидди нашъамандӣ фаъолона саҳм гузорад. Зеро дар ин маврид сухан аз боби саломатӣ ва бақои миллат меравад. Ва нисбат ба солимиву саодати миллат, фикр мекунам аз ҷониби ягон фарди ҷомеа, сарфи назар аз мавқеи ҳизбиву динӣ ва ғайра набояд бетарафӣ зоҳир шавад.  
 Имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ ба ниҳоди бонуфузи иҷтимоиву сиёсӣ табдил ёфтааст. Ба ҳайати он намояндагони зиёда аз 80 ташкилот, аз қабили аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, ақаллиятҳои миллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайра дохиланд, ки ин аз нуфузи зиёди ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад.
 Дар тӯли фаъолияти худ Шӯрои ҷамъиятӣ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии нав ташаккулёбандаи тоҷик саҳми арзишманд бозид. Зеро он орзуву ормони аксарияти мутлақи аҳолии мамлакатро ифода карда, ҳамчун ташкилоти умумимиллӣ манфиати кулли мардуми кишварро ҳифз менамояд.
 15-солагии ба имзо расидани Аҳднома дар бораи ризоияти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва ташкил шудани Шӯрои ҷамъиятӣ ба 20-солагии истиқлолияти давлатиамон - ин ҷашни бузургу муқаддас рост меояд. Омодагии мардуми мо ба ин ҷашни мубораки миллӣ тамоми кишварро фаро гирифта, вусъати торафт бештар пайдо мекунад. Ва дар ин марҳала аз ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номуси ҷомеа тақозо мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва нерӯи дучанд вазифаи худро дар назди Ватан ва халқ иҷро намояд.
 Дар ин раванд нақшу мақоми Шӯрои ҷамъиятӣ бояд хеле муассир ва назаррас бошад. Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои миллӣ, ташкилоту созмонҳои ҷавонону занон, аҳли илм, иттиҳодияҳои эҷодӣ, хуллас кулли мардум бояд истиқлолият, ваҳдат, манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ волотару афзалтар гузоранд.
 Итминони комил дорам, ки Шӯрои ҷамъиятӣ чун ҳарвақта тамоми нерӯи зеҳнии худро ба таблиғи дастовардҳои замони истиқлолият равона сохта, дар баланд бардоштани  сатҳи маърифату маънавиёт ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ, тарбияи мардум, алалхусус ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ саҳми арзанда мегирад.
 Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар кишвари мо пойдор аст, аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият буда, дар радифи дигар арзишҳои миллӣ барои ҳар яки мо азизу муқаддас мебошад.
 Вобаста ба ин, Шӯрои ҷамъиятиро лозим аст, ки дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолтар амал карда, ҷиҳати ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳарчи пурраву хубтар фаҳмонда додани моҳияти сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ, вазъияти имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ диҳад.
 Ин амр тақозо мекунад, ки фаъолони Шӯро бо мардуми касбу кори гуногун, бахусус ҷавонон робитаи мустаҳкам дошта бошанд ва бо онҳо вохӯриҳои доимӣ барпо намоянд. Дар ин амри пурмасъулият мо ҳама бояд якҷо, яктану якмаром бошем, тамоми мардумро, пеш аз ҳама ба ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ, ободсозии Ватани азизамон, баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддаси Ватан раҳнамун созем.
 Шӯрои ҷамъиятӣ ҷавҳар ва нерӯи сиёсиву интеллектуалии ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бидуни шак ба пойгоҳи асосии машварату роҳнамоӣ барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни хаёти кишвар табдил ёфтааст. 
 Имрӯз ба ҷомеаи мо, тамоми ҳизбу иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳо зарур аст, ки ба хотири манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ, ба хотири густариши ҷомеаи демократӣ, пойдории сулҳ ва ободии кишвар бештар ҳамкорӣ намоянд.
 Аҳамияти таърихии Шӯрои ҷамъиятӣ дар он аст, ки дар муддати 15 сол тавонист созмонҳои солими сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро ба ҳам муттаҳид намуда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ хеле корҳои назаррасро ба анҷом   расонад.
Ваҳдати миллӣ барои халқи мо ягона воситаи пойдории истиқлолияти давлатӣ, рушду нумӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии Ватани маҳбубамон мебошад. Таърихи куҳани давлатдории мо низ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳолати аз байн рафтани ҳамбастагиву ваҳдати миллӣ, пайдо шудани нофаҳмӣ миёни мардум гурӯҳҳои ҷудоиандозу бегонапараст аз ин зуҳурот истифода карда, миллатро ба низоъ ва парокандагӣ мекашанд.
 Шукри Худованд, ки баъди ҳазор сол мо ба истиқлолияти воқеӣ расидем. Вале дар охири асри гузашта қувваҳои бегонапараст аз зудбоварӣ ва камтаҷрибагии мардуми мо истифода намуда, халқи Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилӣ ва бемаънии шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Дар ин гирдоби фоҷиабор мардуми шарифи Тоҷикистон чӣ бадбахтиҳоеро аз сар гузаронд, чӣ талафоте дод, ба ҳамагон маълум аст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ақли солими миллат, фарҳанги азалии бахшоишу таҳаммулпазири тоҷикон боло гирифт ва мо ба рағми бадхоҳон ба сулҳу оштӣ расидем. Ва ба ин васила мо истиқлоли давлатиамонро ҳифз карда тавонистем. Ва сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба мардуми тамаддунофари мо имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Ин беназиртарин дастоварди миллати тоҷик дар марҳалаи душвори таърихи охири асри бист мебошад. Бинобар ин, ҷомеаи мо бояд он рӯзҳои сангину нангинро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозад.
 Дар баробари ин, фикр мекунам, ки имрӯз ҳар як узви Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд шукргузорӣ кунад, ки пас аз нокомиву азобу ранҷҳои беҳисоб чунин як Ватани биҳиштосоро  аз чанги балоҳо ҳифз карда тавонист. Дар чунин як мамлакати зебо, чор фасли солаш зина ба зина баҳор, обҳояш мусаффову боғҳояш шаҳдбор зиндагӣ мекунад.
 Ва имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ривоҷи демократия ва пойдориву устувории Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад. 
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо тавфиқу барор мехоҳам.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 686

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед