logo

маориф

Барои дастгирии соҳибистеъдодҳо хазина таъсис меёбад

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахуст чанд лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён муаррифӣ гардид. Нуралӣ Шоев, ректори муассисаи таълимӣ, иброз дошт, ки барои татбиқи амалии онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад. Ва саъй ба харҷ меравад, ки то Рӯзи дониш боз таҳияи чанде аз ин гуна лоиҳа ба анҷом расад. Ҳамчунин гуфт, ки бо ҷамъбаст ва натиҷагирии озмуни лоиҳаҳои тарғиботии гурӯҳҳои академӣ ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Инчунин барои фаъолияти инноватсионӣ Ҷоизаи ректор таъсис ёфтааст, ки 25 май супурда мешавад.
Маъмурият барои иҷрои Барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии соҳибистеъдодҳо ҳама саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла ба ин хотир аз 1 сентябри соли равон бо ворид намудани маблағи калон хазинаи махсус таъсис меёбад.
Ректор афзуд, ки "дар самти бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон чанд барномаи дигарро амалӣ менамоем. Масъулияти омӯзгорро баланд мебардорем. Пас аз ҳар як ду моҳ бо истифодаи  технологияи комютерӣ фаъолияти онҳо натиҷагирӣ карда мешавад".
Дар посух ба пурсиши хабарнигори рӯзнома  ректор гуфт, ки ба хотири боло бурдани масъулият ҳамаи донишҷӯёне, ки тариқи буҷет таҳсил мекунанд, аз аттестатсия мегузаранд. Таъсиси ихтисосҳои нав, аз қабили имиҷология ё худ нуфузшиносӣ ва бехатарии фаъолияти корхона, дар назар аст.

Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 639

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед