logo

илм

Танҳо илм метавонад сифати муолиҷаро баланд бардорад

Дар Паёми имсола Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъалаи баланд бардоштани нақши илм дар амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ диққати махсус дод. Масъалаи истифодаи илм дар  пешрафти ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тибби кишвар мо, кормандони илмро водошта, ки ҷиҳати рушди нерӯи ақлонии ҷомеа беҳтару бештар саъю кӯшиш намоем.

Бо дастгирии Сарвари давлат соли 2009 Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳадафи асосии он таъмини ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, ворид намудани дастовардҳои илмӣ ва намудҳои нави ташхису муолиҷа дар тибби амалӣ ва беҳтар намудани сифати касбии мутахассисони соҳа мебошад, ки дар Паём ба таври возеҳ баён гаштааст. Барои ноил гаштан ба ин дастовардҳо "Стратегияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология дар  солҳои 2007 - 2015" таҳия ва тасдиқ гардид.  Ҳадафи он созмон додани сохторест, ки  нерӯи илмиро дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҷамъ оварад. Муҳайё намудани шароити хуб ба хотири тарбияи олимони ҷавон ва мутахассисон, инкишофи сатҳи маърифати аҳолӣ ва рушди нерӯи ақлонии  ҷомеа дар сатҳе, ки суръати пешрафти кишварро метезонад, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Феълан Академияи тиббӣ дорои 12 муассисаи илмиву таҳқиқотӣ аст ва  оиди омодасозии мутахассисони соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Имсол дар  Академияи тиббӣ 10  аспирант қабул гардида,  кормандони он  3 рисолаи докторӣ ва 10 номзадӣ дифоъ намуданд. Инчунин муассисаҳои илмии мо 31 кори илмиву таҳқиқотӣ гузарониданд, ки  бархе аз онҳо  дар тибби амалӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо иқдоми Сарвари давлат аввалин маротиба дар Тоҷикистон усули стентгузаронии шарёнҳои дил дар ҳолати бемории ишемиии дил роҳандозӣ шуд. Имрӯз чунин ҷарроҳӣ на фақат дар Бемористони хусусии "Ибни Сино", балки дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина низ гузаронида мешавад ва табибони кишвари мо ба амалиёти пайванди гурда низ шурӯъ намуданд.
Бо дастгирии Президенти мамлакат олими фаронсавӣ, профессор Масъуди Миршоҳӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озмоишгоҳи вижаи ҳуҷайрадармониро таъсис дод ва ба ин васила дар ҷумҳурӣ шароите фароҳам овард, ки беморони гирифтори  ишемияи дил, сиррози ҷигар,  аворизҳои диабети қанд  ва ғайра аз муолиҷаи ҳуҷайрадармон баҳраманд гарданд.  Ҷарроҳиҳои  стентгузаронии шарёнҳои дил,  васли буғуми сунъӣ,  бартараф намудани нуқсонҳои чашму гурда ва васли он  бо ибтикор ва мусоидати  Президенти мамлакат дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд.
 Ҳамаи ин шеваҳои ташхису муолиҷа дар зарфи як сол  роҳандозӣ шуд ва  бо ин мушкилоти зиёди илмию амалӣ рафъ гардид.    Рӯзҳои наздик Маркази илмии миллии пайвандсозии гурда ва бофтаҳои узви инсони Академияи илмҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Дастоварди дигари муҳими мо дар ин давра  ошкор намудани лактобактерияи нав дар маҳсулоти шири Тоҷикистон аст, ки барои истеҳсоли  доруи нав асос гашт. Он барои табобати бемории синдроми ҳасоси рӯдаҳо, шикамравӣ ва  қабзият, ки ба вайроншавии мутаносибии микробҳо вобаста аст, зарур мебошад.
Бори аввал дар тиб занҷири аминокислотаи вируси гепатити В кушода ва алгоритми ташхиси ҷараёни пинҳонии он коркард шуд, ки барои дар марҳалаи аввали ташхису муолиҷаи  ин вирус ёрии калон мерасонад,   пайдоиши бемории сирроз ва саратони ҷигарро пешгирӣ менамояд.
Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола  дар назди олимони тиб масъалаҳои мубрами ба муолиҷа мутобиқшавии микробҳо,  мисли антибиотикҳои бемориҳои силу тиф,  пешгирӣ ва коркарди усули нави ташхису муолиҷаи ВИЧ/СПИД ва вирусҳои гепатотропии В ва С, истифодаи усулҳои нанотехнологӣ дар эндоҷарроҳиро  гузошт, ки бояд дар амал тадбиқ намуд. Бехатарии вазъи сиҳатии модару кӯдак низ масъалаи муҳими рӯз аст. Ба мо лозим меояд,  ки омӯзиш ва  пешгирии бемориҳои саратон, фарбеҳӣ ва диабети қандро  тақвият бахшем, зеро шумори ин беморон рӯз то рӯз меафзояд.
Роҳбари давлат  инчунин ёднишон шуд, ки  "Ҳукумат бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ ҳамасола маблағгузории соҳаро афзоиш медиҳад, ки он дар даҳ соли охир  20 маротиба афзудааст. Дар баробари ин, дар соҳаи тандурустии кишвар зиёда аз 31 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад".
Ғамхории давлат ба соҳаи тиб моро вазифадор месозад корҳои зиёди дарпешбударо софдилона иҷро намоем.     

 Ғиёсиддин МИРОҶОВ,
президенти Академияи илмҳои тиббии  назди
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 932

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед