logo

маориф

Таҳсил дар хориҷи кишвар - яъне чӣ?

Дар ҳошияи чаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ

Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия "Аҳмадсоз" бо ҳамёрии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар Кохи Борбад чаҳорумин   Намоишгоҳи байналмилалии таълимиро оид ба тахассусҳои техникӣ ва илмҳои дақиқ манзури довталабон гардонд. Дар он 12 муассисаи олии тахассусии Малайзия (ҳашт донишгоҳ), Аморати Муттаҳидаи Араб (Донишгоҳи шаҳри Шарҷа) ва  Тоҷикистон (се мактаби олӣ) ширкат варзида, мизоҷонро бо имкониятҳои хеш ошно сохтанд.

Тавре ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Абдураззоқ Абдуллоев, раиси кулли Ширкати "Аҳмадсоз", ёдовар шуд, ҷалби донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои он имкон медиҳад, ки шаҳрвандони мо дорои ихтисосҳои касбии  замонавӣ гарданд. Ва ташкили чунин намоишгоҳ ба донишҷӯёни тоҷик шароит фароҳам меорад, ки дар хориҷа бо ихтисосҳои замонавии барои кишварамон зарур таҳсилашонро идома диҳанд ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Танҳо дар қаламрави Малайзия зиёда аз 20 донишгоҳи давлатӣ ва 47 донишгоҳи хусусӣ фаъолият дорад. Алъон дар ин кишвар  беш аз ним миллион донишҷӯ аз 120 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад. Чунин муҳит имкон медиҳад, ки ҷавонони мо ҳам бо кишварҳои Шарқ ва ҳам Ғарб иртибот пайдо намуда,  илму техника ва фарҳанги онҳоро омӯзанд, бо ҷараёни тараққиёти кишварҳои ҷаҳон ошно гарданд ва дар ин замина доираи ҷаҳонбиниву мафкураашонро тағйир диҳанд.
Тибқи маълумоти раиси кулли ширкат дар давоми се соли фаъолият  "Аҳмадсоз"  беш аз 300 донишҷӯро барои таҳсил дар  донишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла филиалҳои донишгоҳҳои ИМА, Британияи Кабир, Австралия ва Зеландияи нав дар Малайзия сафарбар намудааст. Шумораи донишҷӯёни тоҷике, ки  дар равияи илмҳои дақиқу техники донишгоҳҳои Малайзия айни замон таҳсил мекунанд, феълан ҳудуди 200  нафар аст.
Воқеан густариши ҳамкориҳои иҷтимоиву  фарҳангӣ  бо кишваре чун Малайзия ва роҳандозии таҳсили довталабони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои он бесабаб нест. Малайзия аз кишварҳои пешрафта дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ,  бавижа электроника ва техникаи барқӣ мебошад. Аммо чун сухан аз таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар аст, даҳҳо суоле ба дунбол дорад. Ва муҳимтарини он барои мардуми кишвари мо, ки аксар камбизоатанд, гаронии  ҳаҷми  пардохти маблағ барои таҳсил мебошад. Бинобар ин тасмим гирифтам, сараввал бо нархномаҳои донишгоҳҳо ошно шавам. Ҳаҷми умумии миёнаи харҷи маблағи солонаи як донишҷӯ барои таҳсилу ғизову хобгоҳ дар Австралия - ба 24 ҳазор, Канада - 21 ҳазор, Зеландияи нав - 20 ҳазор, Сингапур - 18,5 ҳазор, Британияи Кабир -32 ҳазор, ИМА -26 ҳазор ва Малайзия баробар ба 12 ҳазор доллар  аст.  Яъне дар қиёс нисбат ба кишварҳои дигар дар Малайзия донишҷӯ наздики 2 - 2,5 маротиб камтар маблағ сарф мекунад, дар ҳоле ки шароити зист ва сифату барномаҳои таълимии ин донишгоҳҳо дар асоси низоми маорифи амрикоиву бритонӣ сурат мегиранд  ва дар як сатҳ қарор доранд.
Имтиёзи дигари донишгоҳҳои Малайзия барои донишҷӯёни тоҷик қабули онҳо ба донишгоҳ бидуни санҷиши пешакист. Вале оё барои донишҷӯе, ки дар равияи илмҳои дақиқ дониши заминавӣ надорад,  таҳсил дар бахши тиҷорату технологияи компютерӣ имконпазир аст? Сиёвуши Солеҳзода, донишҷӯи соли дувуми факултаи тиҷорати байналмилалии Донишгоҳи Лимкоквинг, мегӯяд, ки ҳини таҳсил дар мактаби таҳсилоти умумӣ ба хондан шавқ надошт ва мактабро ба баҳои "3" ба итмом расонд.  Дар донишгоҳ омӯзишро аз нав сар кард. Нахуст муддати як сол забони англисӣ омӯхт ва соли дигар ба омӯзиши фанҳои бахши тиҷорати байналмилалӣ шурӯъ намуд. Ба гуфтаи ӯ  устодон сахтгиру серталабанд ва дарсҳояшон бисёр шавқовар аст, зеро дар дарсҳо ҳамеша  шеваҳои муосири таълим ва технологияи нави компютериро истифода мебаранд. Донишҷӯёни дигар низ ба омӯзиш майли зиёд доранд.
 Бино ба иттилои Навид Футӯҳӣ, омӯзгори Донишгоҳи мазкур, дар Лимкоквинг, ки иборат аз 6 факулта аст, ҳудуди 40 ихтисос дар риштаҳои  тиҷорат, технологияи иттилоотиву иртиботӣ, сохтмону меъморӣ, филмбардориву кор дар телевизион ва амсоли ин омӯзонида мешавад. Донишгоҳи мазкур дар Британияи Кабир, Чин, Африқо, Осиё, Индонезия низ фаъолият дорад. Он хусусӣ буда, аз соли 1995 дар Малайзия фаъолият мекунад ва дорои беш аз 35 ҳазор донишҷӯ аз 140 кишвари ҷаҳон мебошад. Таҳсил шартномавӣ буда, арзиши он ба ҳисоби миёна соле аз 3 то 6 ҳазор доллар ва барои хобгоҳ моҳе 150 доллар ва ғизо 250 доллар масраф мешавад.
Арзиши таҳсил дар Донишгоҳи Скайлайни Дубай, ки дар намоишгоҳ ширкат дошт, нисбат ба донишгоҳҳои Малайзия чанд маротиб бештар аст. Ин донишгоҳ иборат аз факултаҳои тиҷорати байналмилалӣ, маркетинг, менеҷменти ҷаҳонгардиву сайёҳӣ, низоми иттилоотӣ буда, нархи таҳсил дар зинаи бакалавр 35720 доллар аст. Илова бар ин  дар ҳаҷми 8245 доллар барои гирифтани раводид, кафолати шиноснома, сабти ном ва ғайра  пардохта мешавад.
  Донишгоҳи Хотингем  аз беҳтарин донишгоҳҳои Британияи Кабир маҳсуб ёфта, филиали он дар Малайзия аз лиҳози сифати таълим ҷои аввалро ишғол мекунад. Маблағи солонаи таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ аз 11 ҳазор то 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, бо вуҷуди бартарии шароити таълим дар ин донишгоҳҳо ба ин миқдор сарфи маблағ мусоидат ба таҳсили фарзанд барои аксари хонаводаҳои тоҷик ғайриимкон аст.
Аммо Абдул Азиз, сафири Малайзия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мегӯяд, ки  сарфи назар аз андозаи сарвату дороӣ бояд ҳар хонавода ба омӯзиши  илму ҳунари аъзояш аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ агарчӣ  захираҳои зиёди табиӣ надоранд, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонанд, ба он хотир, ки ба сифати таҳсилот ва андӯзиши донишу маърифати шаҳрвандонашон  муносибати бисёр ҷиддӣ доранд. 
Тибқи иттилои сафир робитаҳои дипломатии Малайзияю Тоҷикистон агарчи нав аст, дар соҳаи маориф пешравиҳои зиёд доранд.  Ҳар сол ба  донишҷӯёни тоҷик  Ҳукумати Малайзия имтиёзи молиявӣ  пешниҳод мекунад, вале  он   барои мутахассис ва аспирантҳо. Донишгоҳи Ал-Бухорӣ соли гузашта ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла се донишҷӯи тоҷик таҳсили ройгон пешниҳод намуд ва минбаъд сафи ин гуна донишҷӯёнро зиёд хоҳанд намуд.
Яке аз вижагиҳои таҳсил дар донишгоҳҳои  Малайзия ба андешаи Син Зиен Чунг, сармуовини вазири мактабҳои олии Малайзия,   бо соҳаҳои гуногуни саноат робитаи   зич доштани онҳост. Ҳамаи донишҷӯён дар корхонаҳои саноатии вобаста ба ихтисосашон таҷриба меомӯзанд. Ҳамчунин ба ташаккули шахсияти донишҷӯ аҳамияти зиёд дода мешавад, то ҳини муошират бо атрофиён ва ҳалли дурусти масъалаҳо муваффақ бошанд.
Ба гуфтаи мавсуф аксари шогирдони донишгоҳҳои Малайзия (беш аз 90 фоиз) баъди хатми донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири Тоҷикистон, изҳор намуд, ки  Ҳукумат  ба аксари донишҷӯёни болаёқате, ки дар Малайзия таҳсил менамоянд, ҳавасманд аст, ки  ҷои кор пешниҳод намояд.  Шаҳрвандони кишварҳои  ИДМ баъди хатми донишгоҳҳо  дар ширкатҳои бузурги Малайзия, аз ҷумла ширкатҳои нафтӣ, аллакай фаъолият карда истодаанд.
Таҷрибаи донишгоҳҳои Малайзия омӯхтанист. Бавижа дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои баланди ақлонӣ ва табиати зебову фараҳбахш аст, ташкили ин гуна донишгоҳҳо ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ дар онҳо ба манфиати кишвар мебошад.
-Дар ин робита,- мегӯяд Абдураззоқ Абдуллоев,- вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои Малайзияро  бо донишгоҳҳои Тоҷикистон созмон додем, то дар омодасозии мутахассисон ва сифати беҳтари фаъолият табодули таҷриба намоянд. Ва инчунин азм дорем, ки дар Тоҷикистон  яке аз филиалҳои донишгоҳҳои Малайзияро таъсис диҳем ва барои таҳсил дар  донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз Малайзия ва дигар кишварҳои хориҷӣ донишҷӯёнро ҷалб намоем.
Вале оё барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ муассисаҳои олии таълимии мо омодаанд?
-Хаёл Бобоев, ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, мегӯяд:-Донишгоҳҳои Тоҷикистон, ба вижа миллӣ, тиббӣ, техникӣ ва ғайра  донишгоҳҳои классикии моанд, ки заминаҳои моддиву техникиашон барои омодасозии мутахассисон дар сатҳи байналмилалӣ мерасад. Агар дар оянда дар донишгоҳҳои Тоҷикистон заминаҳои нави технологияи муосири таълим ва технологияи нави фанниро фароҳам орем, барои тайёр кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ имкон пайдо мешавад.
 Аммо дар омӯзиши илмҳои фановарӣ ва технологияи муосир кишварҳои Малайзия, Чин, Куриё ва Ҷопон пешрафтаанд. Мо метавонем аз имкониятҳое, ки онҳо ба мо муҳайё мекунанд, истифода барем.

Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 779

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед