logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1981-1990 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат  додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1981-1990 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1.Хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2008 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2.Моҳҳои октябр-ноябри соли 2008 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4.Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки  бо дарназардошти хусусиятҳои хоси  хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ  ва  қисмҳои  ҳарбии  таъиноти махсус   бо    иштироки    мақомоти амният ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ мукаммалгардонии онҳоро дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд. 
5.Мутобиқи банди 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст.  
6.Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ҳаматарафа инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб намоянд.
7.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, духтурони мутахассисро аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 сентябри соли 2008, № 540


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1007

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед