logo

мулоқотҳо

Ордени Моҳи нав ва ситора ба Эмомалӣ Раҳмон

19 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Магерам Алиев - Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистонро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафораташ дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Магерам Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон ордени байналмилалии "Моҳи нав ва ситора" - и Кумитаи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ "INTERSAFETY" - ро тақдим намуд.

 Тавре зикр гардид, ин орден дар Иттиҳоди байналмилалии мукофотии Созмони Милали Муттаҳид UNCOPA сабт гардида, ягона мукофоти байналмилалӣ мебошад, ки дар он рамзу нишонаҳои мусулмонӣ инъикос ёфтаанд. Бо ордени байналмилалии "Моҳи нав ва ситора"  роҳбарони кишварҳои мусулмоннишин ва шахсиятҳои барҷастаи олами ислом барои нақши намоёнашон дар тарғиб ва татбиқи ғояҳои инсондӯстию адолат сарфароз гардонда мешаванд.
 Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугӯ сурат гирифт.
 Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, ба фаъолияти дипломатии Магерам Алиев дар мӯҳлати сафораташ дар Тоҷикистон баҳои мусбат дод. Дипломати Озарбойҷон изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвари дӯст кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

www.president.tj

* * *
Фаъолияти дипломатии Магерам Алиев, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон, поён ёфт. Ӯ аз кишвари мо бо хотироти нек ва бардошти хубе аз муносиботи дӯстонаву истеҳкоми ҳамкориҳои дуҷониба ба ватанаш баргашт.
Магерам Алиев, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, давраи сафораташ дар Тоҷикистонро бобарору муваффақона арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки новобаста аз анҷоми мӯҳлати фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон талошҳо дар роҳи густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тавсеаи муносиботи дӯстона миёни ду кишварро идома медиҳад.
Дипломати озарбойҷонӣ бо натиҷагирӣ аз фазои кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон изҳор дошт, ки ҳанӯз мо заминаҳои зиёди вусъат бахшидани робитаҳои тарафайнро дар ихтиёр дорем. Итминон меравад, ки таҳти сарварии роҳбарони ҳар ду давлат робитаи мустақим миёни Душанбеву Боку уствор боқӣ монда, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо суди бештаре ба даст хоҳад омад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 629

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед