logo

энергетика

Бадахшон: истиқлолияти энергетикӣ наздик аст

Дар ҳақиқат сарзамини зебо ва пурасрори ВМКБ канданиҳои пурқиммати зеризаминӣ, киштзору боғоти ҳосилхез, оби фаровон, пиряхҳои азим, ҷангалистону алафзорони доманфарохи зиёд дорад. Дар баробари ин, аз лиҳози манбаъҳои энергетикӣ дорои захираҳои беҳамтост.
Аммо замони шӯравӣ баҳри пешрафт ва рушди соҳаи энергетика дар Бадахшон монеаҳо ҷой дошт. Чаро ки дастандаркорон ва мутасаддиёни он давр,  сохторҳои барномасоз ва таҳиясозии нақшаҳо сиёсати нақшабандии худро дар дунё аз ҳама беҳтар медонистанд. Дар шаҳр ва навоҳии вилоят ҳамагӣ яктоӣ нерӯгоҳи барқи обӣ сохта, бо ҳамин вазифаи худро адошуда ҳисоб кардаанд.

 Дарёҳои Хингов, Хумбов, Ванҷобу Язгуломоб, Оқсу, Шоҳдара ва Вомароб аз камари деҳкадаҳо равон буданду равон. Вале роҳбарони вақт нақшаи бетаҳаммулеро пиёда сохта, аз Русия ва кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон,  дизелҳои калонҳаҷми истеҳсолкунандаи барқро бо тавоноии аз 600 то 800 киловатт/ соат харидорӣ карда, дар ҳар як ноҳия ва шаҳри Хоруғ васл намуданд.
Бо шинондан ва васл кардани чунин дизелҳои тавлидгари барқ то соҳибистиқлолии Тоҷикистон  дигар касе аз роҳбарони соҳаи энергетика дар андешаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Бадахшон набуд.
 Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолии  кишвар бо дастур ва супоришҳои Сарвари давлат истиқлолияти энергетикӣ дар Помир бо ақли солим рӯи кор омад.
Тавре ки Қодири Қосим, раиси ВМКБ,  иброз намуд, дар баробари ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Бадахшон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии ин минтақаи дурдаст яке аз вазифаҳои муҳимтарини стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Аз ин хотир,  нахустин амалҳои бунёдкорӣ дар ин самт - сохтмони                  шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Мурғоб - Қулма,  нерӯгоҳи барқи обии "Помир - 1" ва боз даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна дар сар то сари вилоят буданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии "Помир - 1" дар дарёи Ғунд ва бо қувваи барқ таъмин кардани шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнон ва қисман Рӯшону Ишкошим яке аз муваффақиятҳои калонтарини даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Тибқи иттилои Далер Ҷумъаев, сардори ширкати "Помирэнерҷӣ", соли гузашта баъди садама агрегати чоруми ин нерӯгоҳ аз Ҳиндустон ба Помир оварда, васл гашт ва ҳоло нерӯгоҳ бо иқтидори пурааш кор мекунад. Аммо афсус, ки бинобар кӯтоҳандешии роҳбарони ҳамонвақтаи соҳаи барқ ҳоло имкон нест, ки дар фаслҳои баҳор ва тобистону тирамоҳ нерӯи зиёдатии барқи "Помир-1" ба ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз интиқол дода шавад. Мутасаддиён он солҳо хатҳои барқии 10 киловатт иқтидордоштаро кашидаанд ва ин симҳо ҳоло тавони интиқоли барқи зиёдтарро надоранд. Аз ин хотир, ба коркунони ширкати "Помирэнерҷӣ" зарур меояд, ки хатҳои баландшиддати барқии бештар аз 35 киловатаро ба силсилаи ягонаи энергетикии Марказ-Дарвоз-Ванҷ-Рушон-Хоруғ пайваст намоянд.
Ба гуфти Қодири Қосим, раиси вилоят, дар Бадахшон тӯли даврони истиқлолият қариб 100 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта шудааст. Аз ҷумла, дар дурдасттарин минтақаҳои вилоят - Ванҷи боло, Помири Шарқӣ, Вахону Шоҳдара, рустоҳои подомони кӯли Сарез, водии Бартанг ва боз даҳҳо деҳоти хурду калон нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд кардаанд. Масалан, дар кӯчактарин деҳаи ноҳияи Ванҷ - деҳаи Пшихарв, ки дар баландии кӯҳсор, 10 километр дур            аз шоҳроҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ - Хоруғ воқеъст ва ҳамагӣ бист хонавода дорад, се нерӯгоҳи барқи обӣ дар хидмати рустоиён аст. Онҳо аз тамошои барномаҳои телевизиони тоҷик, истифодаи асбобу анҷомҳои барқӣ ба таври васеъ бархурдоранд.
Ду сол муқаддам бо дастгирии Сардори давлат ва кӯмаки "Ориёнбонк" дар ноҳияи Дарвоз нерӯгоҳи барқи обии "Ширг" бо тавоноии 1260 киловатт/соат  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Навбати дуюми ин нерӯгоҳ бо тавоноии 560 киловатт/соат то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашни фархунда дар деҳаҳои Ҷадуди ноҳияи Рӯшон, Тусёни ноҳияи Роштқалъа, Шитхарви ноҳияи Ишкошим нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд мекунанд. Мушкилоти энергетикии бисёр минтақаҳои Бадахшон ҳалли худро ёфта истодааст. Ин камбудӣ фақат дар ноҳияҳои Мурғоб  ва Ванҷ ба мушоҳида мерасад. Лекин ҳамаи ин муваққатист, зеро Президенти ҷумҳурӣ зимни сафари кории худ дар доираи ҷашни Ваҳдат ба шаҳру навоҳии Бадахшон дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Оқсу" дар ноҳияи дурдасти Мурғоб хишти аввалро гузошт ва сохтмони он оғоз гардид. Ҳамчунин дар ноҳияи Ванҷ низ ду агрегати нави тавлидкунандаи барқ шинонда, илова бар ин хати баландшиддати барқ аз ноҳияи Рӯшон ба Ҷамоати деҳоти Язгулом кашида мешавад. Лоиҳаи бунёди  нерӯгоҳҳои калонтарин мавзеи "Санобод" дар ноҳияи Рӯшон ва "Себзор-Ривархурд" дар ноҳияи Роштқалъа ба субут расид.
Бадахшон чун дурахши лаълаш дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат нуристон хоҳад гашт.
Ҳамаи ин навгониҳо аз файзи бузурги истиқлол аст.

Сироншоҳи  ДИЛОВАР,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1009

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед