logo

илм

Ғелот таърихи 5 - ҳазорсола дорад

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, роҳандозии корҳои ҳафриётиро дар омӯзиши  таърихи миллат ва фарҳанги он аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд.  Ин нукта мо, бостоншиносонро водор менамояд, ки таърихи мавзеъҳои кишварамонро бештару беҳтар таҳқиқ намоем ва баҳои илмӣ диҳем.

1. Кӯлоб: бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд 
Дар китоби бисёрҷилдаи "Таърихи халқи тоҷик" ( нашри солҳои 1964 ва 1998) зикр шуда, ки дар  Тоҷикистони Ҷанубӣ - водиҳои Ҳисору Вахш ва Кӯлоб кишоварзӣ дар нимаи дуюм ва аввали ҳазораи якуми пеш аз милод рущд мекунад.
Вақте  ки ман дар Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри Кӯлоб  зарфҳои тамаддуни ҳазораи II пеш аз милоди ба кишоварзон тааллуқдоштаи   аз қабристонҳои атрофи шаҳр дарёфтаро дидам, навиштам, ки Кӯлоб 3500  сол таърих дорад.  Аммо  бархе  аз бостоншиносон изҳори норизоӣ намуда,  даъво доштанд, ки  ин зарфҳо аз мавзеъҳои дигар  оварда шудаанд ва ба таърихи кишоварзони ин диёр алоқаманд нестанд. Аз ҳамин лиҳоз 2700 - солагии шаҳрро дар асоси маводи хумдони зарфпазии ба асрҳои VII-VI пеш аз милод тааллуқдоштаи дар мазори Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дарёфта муайян намудем.
Тавре  ки  маълум аст, яке аз нишонаҳои  шаҳр дар он замон  мавҷуди фаъолияти ҳунармандӣ, аз ҷумла зарфсозӣ  буд.  Зарфҳои аз хумдон пайдошуда ҳама дар чархи кулолии тезгард бо сифати баланд сохта шудаанд. Дар ин  хумдон дар як баст  то 60-70  зарфи гуногунҳаҷмро мепухтанд. Ин миқдор зарфҳо на танҳо барои аҳолии деҳ, балки  мардуми шаҳр ва  бозорҳои дигари маҳаллаҳои гирду атроф  тайёр карда мешуданд. Онҳоро кулолгарони  касбӣ сохта,  аз ҳисоби фурӯши онҳо даромади иқтисодӣ ба даст меоварданд. Зарфҳоро дар бозор савдогарони касбӣ мефурӯхтанд, Мо дар ин ҷо ду нишонаи мавҷудияти  шаҳр, яке  ҳунарҳои касбӣ, мисли кулолгарӣ  ва дигар тиҷоратро мебинем. Дар асоси ин ду далел дар мавзеи Кӯлоби ҳозира  мавҷуд будани шаҳрро собит намудем.
Ҳафриёти шаҳр нишон дод, ки  дар он имкони таҳқиқи қабатҳои асри биринҷӣ  ва асрҳои X-VII пеш аз милод  нест. Ҳатто қабатҳои асрҳои  III-I пеш аз милод  1,5 метр  зери об буда, омӯзиши пураи онҳо ғайриимкон аст, зеро дар Кӯлоб дар жарфнои 3 метр об пайдо мешавад ва корҳои ҳафриётӣ  номумкин мегардад.  Аз сабаби он,  ки шаҳр дар роҳи сел ҷойгир аст, аз давраҳои  қадим аз селҳо харобии ҷиддӣ медид. Масалан, осори асрҳои III-I пеш аз милод  зери сангу хоки  ғафсиаш 1,5 метр мондаанд, яъне шаҳри замони юнонии Бохтар аз сел хароб шудааст. Аз тарафи дигар замини Кӯлоб намакдор буда, намӣ ва шӯрӣ деворҳоро ба хок табдил додаанд ва пайдо намудани онҳо хеле мушкил мебошад.  Аз ин лиҳоз дар масоҳати бисёр калони шаҳр маводи зиёди сафолпораҳои  асри биринҷ ва то асри XIX милод ёфт шуданд, ки далели раднопазири дар ин ҳудуд вуҷуд доштани шаҳранд. Албатта, барои мардуми одии аз илми бостоншиносӣ дур дарки  бозёфтҳои мо мушкил аст,  зеро онҳо то боқимондаи деворҳои шаҳрро набинанд, бовар намекунанд, ки шаҳр таърихи беш аз ҳазорсола  дорад, аммо барои мутахассисон бозёфтҳои мо дар боғи Пионерон, қалъаи Чармгарон кофӣ аст, ки гӯянд инҳо маҳсули ҳунармандони шаҳранд. Ман бозёфтҳои шаҳри Кӯлобро дар Институти бостоншиносии Ӯзбекистон бо иштироки олимони Санкт-Петербург ва Осиёи Марказӣ барои баррасӣ  гузоштам ва ҳама тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат шаҳр беш аз 2700 сол таърих дорад. Маводи Кӯлоб  соли 2003 дар конфронси  бостоншиносон  (Бешкек) баррасӣ  шуданд. Бостоншиноси номии таърихи Осиёи Марказӣ В.М.Массон  маро табрик намуда, Кӯлобро маркази тамаддуни ба худ хос номид.
Дар ҳудуди шаҳр 100 гумонҳо (шарфҳо) кофта ва ҷойҳои таърихии шаҳр  муқаррар гардиданд. Маводи зиёд ва ҷолиб, ки қадимии шаҳрро тасдиқ менамоянд, ба дасти мутахассисон расиданд. Аз ҷумла муқаррар гардид, ки дар боғи Пионерон( ҳоло "Боғи 2700-солагӣ")  4 бошишгоҳи давраи неолит ёфт шуд. Зотан ин бозёфти нодир таърихи Кӯлобро ба панҷ ҳазор қабл аз милод мерасонад.
Бозёфтҳо шаҳодат медиҳад, ки  7-8 ҳазор сол қабл дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Кӯлоб одамон зиндагӣ мекарданд ва  ба кишоварзӣ, чорводорӣ, шикор ва дигар шуғлҳо банд буданд. Зимнан аз нигоҳи таърих давраи неолити ин минтақаи фарох, бавижа  Кӯлоб, махсусиятҳои худро дорад ва аз ин рӯ, аҳли таҳқиқи илми таърих ин бостоншаҳрро бо ибораи "маданияти неолити Кӯлоб" ифода менамоянд.
Хулосаи дуюм ва муҳим он аст, ки дар яке аз ҳамин гуна озмунаҳо аломати давраи гузариш аз неолит ба асри биринҷӣ мушоҳида гардид. Аз ҷумла  дар ҳудуди шаҳр ва доманаву теппаҳои он аз мавзеи Лӯликӯтал то боғи Сомониён даҳҳо қабрҳои замони биринҷӣ пайдо гардиданд ва бешубҳа, таърихи беш аз сеюним ҳазор сол доранд.

2. Кашфи гӯристони Ғелот 
Соли 2008 бостоншиносони тоҷику рус дар шимоли деҳаи Ғелот дар рӯ ба рӯи шаҳри Кӯлоб, соҳили рости дарёи Бахшу (Ёхсу)  қабристони ҳазораи III  пеш аз милод  пайдо  намуданд, ки ба тамаддуни кишоварзони бумии Бохтар тааллуқ дорад.
Дар миёни гӯрҳои ҳафриётшуда гӯри рақами 2 нақши марказӣ дорад. Соҳиби он бонуи 35-40-сола буда, дар замони зинда буданаш нақши сарвариро адо менамуд ва симои тоҷикӣ дошт. Гӯр нимкалпӣ буда, дар жарфии 2 метр  аз сатҳи  замин ҷойгир аст ва  аз пешайвон ва ширдон иборат мебошад. Ширдон дар девори шимолу ҷануб канда шуда, 260 см дарозӣ,  160 см паҳно  ва 90 см баландӣ дорад. Дари даромад бо хиштҳои 30 см дарозӣ ва 20 см паҳноӣ, 12 см ғафсӣ дошта деворбандӣ  шудааст. Ин хиштҳо далели дар Кӯлоб бунёди биноҳои хиштиро доранд.
Чунин хиштҳо дар қабристони зери қасри Хулбук низ ёфт шуда буданд. Ногуфта намонад, ки Кӯлоби замони Сомониён дар ҳудуди Ғелот ва Дарначӣ буд.  Дар он замон Ғелот бахше аз қаламрави  шаҳри Кӯлобро ташкил менамуд.
Устухонҷусса (скелет) ҳалқавор ба паҳлӯи чап, сар ба сӯи дари даромад ва рӯй ба тарафи ғарб мехобид.  Яъне  чунин одат буд, ки мурдаро дар ҳолати гармии бадан, ба ҳамон шакле, ки дар батни модар буд,  медароварданд ва дар гӯр мегузоштанд, зеро замин модари дуюм ва абадӣ шуморида мешуд.
Дар назди пешонӣ се марҷони  санги лоҷувардӣ  ва як тиллоӣ ёфт шуданд, ки онҳо зиннати пешонабанди ӯ мебошанд. Дар дасти чап оина, дар либос  ороишҳо аз  бирнҷӣ дошт. Як мӯҳри аз санги рухом сохташуда ва 11 зарфи гуногунҳаҷму гуногунтаъйиноти гилӣ, аз ҷумла ҷом ва табақи дар дарунаш нақши офтобдошта ва як ҳайкалчаи мардона ёфт шуд. Мӯҳр нишонаи сарварии ин бону аст.
Дар косаву табақ тӯшаи охират аз гӯшти гӯсфанд гузошта буданд. Яке аз бозёфти муҳим ҳайкалчаи аз санги рухом тарошида мебошад. Ҳайкал симои мардро ифода мекунад, ки мӯйҳои дарози ӯ дар пушти сар бофта ҷамъ карда шудаанд. Ду даст дар сатҳи камарбанд мушт шуда, ангуштони калони бо ҳам наздик маъноеро ифода намудааст. Ҳайкалча 13,2 см баландӣ дошта, сабки ҳайкалсозони Байнаннаҳрайнро ба хотир меорад. Чунин намуди  ҳайкалчаҳо дар Мағиён ва Бохтари шимоли Афғонистон ёфт шудаанд. Бофти мӯйҳо, гӯшу бинӣ шабоҳати маҳаллӣ доранд. Чашмони бодомии  ҳайкалча низ осиёимиёнагӣ мебошанд. Чунин симоҳо дар мӯҳрҳои асри биринҷии аз бахши Бохтари Афғонистон ёфтшуда мушоҳида мешаванд. Симои чунин ҳайкалчаҳо дар бозёфтҳои Шоҳдоди Эрон низ ҷой доранд. Муаллифи бозёфт Н.Виноградова онро маҳсули ҳунармандони бохтарӣ медонад, аммо сабки Байнаннаҳрайн доштани ҳайкалро рад намекунад.
Аҳамияти кашфи қабристони Ғелот дар он аст, ки таърихи пайдоиши кишоварзии ин минтақаро ба ҳазораҳои IV-III пеш аз милод  мебарад. Яъне  минтақаи Кӯлоб-Хатлон, водии Ҳисор дар ҳазораи III  пеш аз милод аз ҷониби кишоварзон аз худ шуда буд. Он зарфҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ёфт шудаанд, таърихи Кӯлобро  то ба 5 ҳазор дуртар мебаранд. Мутаассифона, баъди ҷашни 2700-солагӣ корҳои ҳафриётӣ  дар ҳудуди шаҳр идома наёфт.  Албатта, дар муддати 3-4  соли корҳои ҳафриётӣ таърихи пураи шаҳрро ошкор кардан ғайриимкон буд. Омӯзиши он солҳои тӯлониро талаб дорад. Бовар дорам, замоне мерасаду бозёфтҳое пайдо мешаванд, ки  боз ҳам қадимитар будани таърихи шаҳрро собит месозанд.

Юсуфшоҳи ЯҚУБШОҲ,
доктори илми таърих, бостоншинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1261

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед